Сиёсат

Дар Ҳинд чӣ хабар аст? – (Тасовир)

Дар ҷараёни тазоҳуроти мӯътаризони ҳиндӣ алайҳи қонуни баҳсбарангези шаҳрвандӣ дар Деҳлӣ, пойтахти Ҳинд дар рӯзҳои душанбе ва сешанбе (24 ва 25 феврал), 13 нафар ҷони худро аз даст доданд ва беш аз 150 нафар ҳам маҷрӯҳ шуданд, ки ҳоли бархе аз онон вахим эълом шудааст.

Ин маргбортарин тазоҳурот аз замони тасвиби ин қонун дар соли гузашта ба ҳисоб меояд.

5 маврид аз қурбониёни даргириҳои хунин миёни мусалмонон ва ҳиндуҳо дар Деҳлӣ, марбут ба нороромии рӯзи душанбе буда ва 8 нафар низ дар рӯзи сешанбе ҷон бохтаанд.

Euronews дар гузориши худ навишт, бештари даргириҳо дар маҳаллаҳои мусалмоннишини атрофи Деҳлӣ рӯй дод ва мусалмонон ва ҳиндуҳо бо санг, чоқу ва дар мавориде бо силоҳи гарм ба якдигар ҳамла карданд.

Хабаргузори Фаронса ба нақл аз манобеъи бемористонӣ дар пойтахти Ҳинд навишт, ки бештари афроде, ки дар ҷараёни даргирӣ ба бемористон мунтақил шудаанд, бо силоҳи гарм захмӣ шудаанд.

Тибқи лоиҳаи “ислоҳи қонуни эътои шаҳрвандӣ”, ки соли гузашта ба тасвиб расид, тобеияти ҳиндӣ ба ақаллияти будоӣ, масеҳӣ, ҳинду, ойини ҷин ва сик, ки қабл аз соли 2015 аз Афғонистон, Банглодеш ва Покистон ба Ҳинд паноҳ овардаанд, эъто мешавад. Мӯътаризон мегӯянд, аз он ҷо, ки ин қонун эътои шаҳрвандӣ ба мусалмононро дар назар нагирифтааст, ноқизи Қонуни асосии секулори Ҳинд ва иқдоме алайҳи ақаллияти 200 милюнии мусалмони ин кишвар ба ҳисоб меояд.

Нооромиҳо дар Ҳинд дар ҳоле шиддат гирифт, ки Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, рӯзи душанбе барои дидору гуфтугӯ бо нахуствазири миллигарои Ҳинд, Норендро Мудӣ, вориди ин кишвар шуда буд. Сафари дурӯзаи Дунолд Тромп ба Ҳинд, аввалин сафари расмии ӯ ба ин кишвари як милёрду 300 милюн нафарӣ буд.

Ивонко Тромп ва Ҷоред Кушнер, духтар ва домоди Дунолд Тромп низ ӯро дар ин сафар ҳамроҳӣ карданд.

Ҳамзамон бо вуруди раисиҷумҳури Омрико, дар чанд шаҳри дигари Ҳинд аз ҷумла дар Калката ва Ҳайдаробод низ тазоҳуроте дар мухолифат бо Дунолд Тромп баргузор шуд. Дар Деҳлӣ, даҳҳо нафар аз аъзои Ҳизби кумунисти Ҳинд бо навиштаҳое дар даст, мухолифати худро бо ҳузури раисиҷумҳури Омрико дар кишварашон нишон доданд.

Қонуни ҷадиди эътои шаҳрвандӣ ба муҳоҷирони ғайримусалмон дар Ҳинд чӣ мегӯяд?

Қонуни ҷадиди эътои шаҳрвандӣ ба муҳоҷирони ғайримусалмони ҳинду, сик, будоӣ, ойини ҷин ва масеҳиён, ки пеш аз соли 2015 аз кишварҳои мусалмони Покистон, Банглодеш ва Афғонистон гурехтаанд, дар рӯзҳои поёнии соли 2019 (декабр) мунҷар ба тазоҳуроти хушунатомез дар бахшҳое аз Ҳинд шуд.

Ром Нот Кувинд, раисиҷумҳури Ҳинд, мувофиқати худро бо ин лоиҳа эълом кард ва бо имзои вай, ин лоиҳа ба қонун табдил шуд.

Ин қонун, эътирозоти густурдаеро дар аёлати шарқии Осом мӯҷиб шуд, зеро мӯътаризон мегӯянд, ки ин қонун боис мешавад ҳазорон муҳоҷири ғайриқонунӣ ба сокинони қонунии Ҳинд бадал шаванд.

Аз сӯи дигар, бархе аз мусалмонон низ ба ин қонун эътироз кардаанд, зеро ин қонун ба пайравони дини ислом ҳаққи шаҳрвандӣ эъто намекунад; иқдоме, ки аз нигоҳи мунтақидон, боиси тазъифи Қонуни асосии секулори Ҳинд мешавад.

Тасвиби ин лоиҳа аз ҷумлаи ваъдаҳои интихоботии Норендро Мудӣ, нахуствазири Ҳинд буд, ки дар пайи муҳкам кардани пойгоҳи миллигароёнаи худ дар миёни ҷомеаи ҳинду аст.

Чӣ тавр ин лоиҳа ҳимояти порлумонро касб кард?

Нахуствазири Ҳинд ваъда дода буд, ки ҳизбаш аз эътои шаҳрвандӣ ба шаҳрвандони 6 кишваре, ки дар ҷомеаҳои бо аксарияти мусалмоннишин таҳти озору азият қарор гирифтаанд, ҳимоят хоҳад кард. Намояндагони ҳизби Норендро Мудӣ низ дар порлумон аз пешниҳоди нахуствазир ҳимоят карданд ва ба ин лоиҳа раъй доданд.

Мунтақидон чӣ мегӯянд?

Мунтақидон давлати Мудиро муттаҳам мекунанд, ки пешнависи қонуни пешниҳодии давлат, дар ҷиҳати таъмини манофеъи ҳиндуҳои ифротии ҳомии давлат аст, ки ҳадафашон эҷоди таниш дар сукунатгоҳҳои доимии мутаъаллиқ ба мусалмонон аст.

Ин қонун чӣ касонеро нодида гирифтааст?

Аҳзоби мухолиф мегӯянд, ки ин қонун табъизомез аст, зеро танҳо мусалмононро ҳазф кардааст, ки тақрибан 15 дарсади ҷамъияти Ҳиндро ташкил медиҳанд. Давлат истидлол мекунад, ки кишварҳои Покистон, Афғонистон ва Банглодеш кишварҳое бо аксарияти мусалмон ҳастанд, бинобар ин мусалмонон наметавонанд мавриди таҳдид ё озору азият бошанд.

Чӣ касоне аз ин қонун садама мебинанд?

Созмонҳои ҳуқуқи башарӣ мегӯянд, ки қонунгузорони ҳомии Мудӣ ин қонунро тасвиб кардаанд, то табъиди ҳазорон мусалмонеро, ки дар аёлати шимоли шарқии Осом зиндагӣ мекунанд тавҷеҳ кунанд. Мусалмононе, ки қодир ба фароҳам кардани асноде, ки нишон диҳад онҳо шаҳрванди Ҳинд ҳастанд, нестанд.

Ихтилофот бар сари чист?

Ихтилофот бар сари ин аст, ки ин қонун тавзеҳ намедиҳад чаро ақаллиятҳои муҳоҷире, ки аз Банглодеш, Покистон ва Афғонистон меоянд, бар онҳое, ки аз Срилонко ва Миёнмор меоянд ва ба ақаллияти мусалмони ин кишварҳо таъаллуқ доранд, тарҷеҳ дода шудаанд?

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.