Ҷаҳон

Омори куруно дар Эрон дар 26 феврал: мубталоён ба 142 нафар ва ҷонбохтагон ба 19 тан расид

Баъд аз шиносоӣ ва бистари шудани шаҳрвандони машкук ба вируси куруно дар нуқоти мухталифи Эрон ва анҷоми муойинот ва тестҳои вежа рӯи онҳо, шумори мубталоён ба вирус то имрӯз ба 142 тан афзоиш ёфт, ки аз ин ҷамъ, 3 тан беҳбуд ёфтаанд.

Дуктур Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси Маркази иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон, дар ин бора гуфт: “Бо баррасиҳои анҷомшуда аз байни афроди машкук, то кунун, ибтилои 44 мавриди ҷадид аз зуҳри гузашта то имрӯз қатъӣ шудааст.”

Вай афзуд: “Аз ин 44 тан, 15 нафар дар устони Қум, 9 тан дар устони Гилон, 4 тан дар устони Теҳрон, 1 тан дар устони Марказӣ, 3 тан дар устони Хузистон, 2 тан дар устони Систон ва Балучистон, 1 тан дар устони Кирмоншоҳ, 1 тан дар устони Ардабил ва 1 тан дар устони Мозандарон, 1 тан дар устони Луристон, 1 тан дар устони Форс, 1 тан дар устони Симнон, 2 тан дар устони Куҳгилуия ва Буйираҳмад ва 1 тан дар устони Ҳурмузгон ҳастанд. Бинобар ин, омори мубталоёни қатъӣ ба куруно аз ибтидо то ба имрӯз, 142 тан аст.”

Раиси Маркази иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон афзуд: “Мутаассифона тайи 24 соати ахир, 4 тан аз мубталоён ҷонашонро аз даст додаанд. Бинобар ин, то зуҳри имрӯз, омори ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишварамон, ба 19 тан расидааст.”

Ин дар ҳолест, ки бар асоси гузориши ду рӯзи гузаштаи Вазорати беҳдошти Эрон, 3 тан аз мубталоёни қатъии вируси куруно дар ин кишвар беҳбуд ёфта ва мураххас шудаанд.

Руҳонӣ: “Куруно набояд силоҳи душманон барои таътилии кишвар шавад”

Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, рӯзи чаҳоршанбе (26 феврал), бо таъкид бар ин ки ҳеч тасмиме барои қарантинаи маҳалл ё шаҳре матраҳ нест ва мардум ба шойеъот таваҷҷӯҳ накунанд, изҳор дошт: “Тасмимгирӣ дар мавриди таътилӣ ва ё эҷоди ҳар гуна маҳдудият ба хотири куруно, бо Ситоди миллии мубориза бо куруно аст.”

Вай афзуд: “Куруно набояд ба силоҳи душманони мо барои ба таътилӣ кашондани кору тавлид дар кишвар табдил шавад.”

Руҳонӣ гуфт: “Хушбахтона дар арзи як то ду ҳафтаи ахир, талошҳои бисёр хубе дар кишвар, ҳам дар бахши пешгирӣ ва ҳам дар бахши ташхис ва ҳам дар бахши қарантинаи афрод ва ҳам дар бахши дармон, анҷом гирифтааст.”

Вай афзуд: “Албатта, барои убур аз ин масъала мумкин аст ба як, ду ва ё се ҳафта замон ниёз дошта бошем. Гузоришҳое, ки то дишаб Вазорати беҳдошт дар ҷаласаи Ситоди миллии мубориза бо куруно дод, умедворкунанда буданд.”

Рубрики:Ҷаҳон, Ҷаҳони ислом

Помечен как:,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.