Сиёсат

Хушҳолии раиси Бунёди дифоъ аз демукросиҳо аз шуюъи куруно дар Эрон

Раиси Андешкадаи Бунёди дифоъ аз демукросиҳо дар Омрико, дар твитте, аз шуюъи вируси куруно дар Эрон ибрози хушҳолӣ кардааст.

Морк Дубовитз (Mark Dubowitz), раиси Андешкадаи Бунёди дифоъ аз демукросиҳо (FDD) бо интишори як акс, ки нишондиҳандаи баста шудани марзҳои Эрон бо Туркия аст, бо ибрози хурсандӣ аз он, дар твиттери худ навишт: “Вируси куруно коре карда, ки таҳримҳои иқтисодии Омрико наметавонад кунад. (Ба сабаби куруно) содироти ғайринафтии Эрон қатъ шудааст.”

Сайидаббоси Ироқчӣ, муовини вазири хориҷаи Эрон, дар вокуниш ба хушҳолии Морк Дубовитз, дар твиттери худ навишт: “Хушҳолӣ аз шуюъи куруно ва ибрози хурсандӣ аз дидани ранҷи мардум, воқеан шармовар ва ғайриинсонӣ аст.”

Ироқчӣ дар идомаи твитти худ навишта: “Ҳадди ақаллаш ин аст, ки Морк Дубовитз фаҳмид, ки таҳримҳои иқтисодии Омрико таъсир надошта ва таъсири он камтар аз куруно будааст.”

Гуфтанист, тайи рӯзҳои ахир бархе кишварҳои ҳамсояи Эрон ба манзури иттихози иқдомоти эҳтиётӣ дар баробари шуюъи куруно, воридоти бархе колоҳои кишоварзии Эронро маҳдуд кардаанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.