Сиёсат

Моҳотир Муҳаммад: “Дар сурати ҳимояти порлумон, ба унвони нахуствазир ба кор бармегардам”

Нахуствазири ба истеъфо рафтаи Молезӣ (Малайзия) гуфт, агар порлумон аз вай ҳимоят кунад, ба кораш ба унвони нахуствазири кишвар бармегардад ва зимоми давлатро ба даст мегирад.

Ба гузориши хабаргузории Reuters, Моҳотир Муҳаммад, нахуствазири ба истеъфо рафтаи Молезӣ ҳамчунин гуфт, мехоҳад давлате ташкил диҳад, ки бо ҳеч ҳизби сиёсӣ муттаҳид набошад.

Вай ҳамчунин бобати нооромии сиёсӣ дар кишвар дар натиҷаи истеъфои нохостааш дар рӯзи душанбе узрхоҳӣ кард.

Моҳотир Муҳаммад дар як суханронии телевизиюнӣ гуфт: “Ман давлатеро пешниҳод додам, ки ба ҳеч ҳизбе вобаста нест ва танҳо авлавиятҳояш манофеъи кишвар аст.”

Ин изҳорот аз сӯи Моҳотир Муҳаммад дар ҳоле матраҳ шуда, ки ҳомиёни Анвар Иброҳим гуфтанд, вай ба дунболи нахуствазирӣ аст.

Анвар Иброҳим пас аз дидор бо подшоҳи Молезӣ гуфт: “Ҳама чиз хуб пеш меравад. Ихтиёр дар дасти подшоҳ аст. Ба ҳамин далел ман авзоъ ва умурро тамому камол ба дасти подшоҳ месупорам.”

Подшоҳи Молезӣ дирӯз (чаҳоршанбе) бо қонунгузорон барои дуввумин бор ба манзури ҳалли халаъи сиёсӣ дар кишвараш дар натиҷаи истеъфои нахуствазир, ройзаниҳое дошт.

Ҳукми подшоҳ дар Молезӣ ташрифотӣ аст, аммо метавонад фардеро бо ҳимояти аксарият дар порлумон ба унвони нахуствазир тасвиб кунад.

Султон Абдуллоҳ, подшоҳи Молезӣ, рӯзи сешанбе бо 83 қонунгузори ин кишвар дидор кард ва бо 139 қонунгузори дигар ба манзури таъйини ин ки чӣ касеро қонунгузорон ба унвони нахуствазири ҷадид ҳимоят кунанд ва оё қонунгузорон мехоҳанд интихоботи ҷадид баргузор шавад ё хайр, ройзанӣ кард.

Моҳотири Муҳаммади 92-сола ба унвони нахуствазир истеъфо кард; иқдоме, ки ба гуфтаи муттаҳидонаш, эътироз ба тарҳи ҳизб барои ҳамкорӣ бо давлати фосиди собиқ аст.

Моҳотир Муҳаммад баъд аз он тасмим ба истеъфо гирифт, ки гузориш шуд ҷидоли сиёсӣ дар дохили эътилоф миёни ҳизби вай ва ҳизби Анвар Иброҳим, ки қарор буд дар ояндаи наздик нахуствазири ҷадиди Молезӣ шавад, боло гирифтааст.

Расонаҳо гузориш доданд, ки ҳомиёни Моҳотир Муҳаммад дар дохили ин эътилоф барои канор гузоштани ҳизби Анвар Иброҳим аз эътилофи ҳоким талош кардаанд. Ин дар ҳолест, ки Анвар Иброҳим қабл аз интихоботи 2018 бо Моҳотир Муҳаммад бар сари ҷонишинии вай дар нахуствазирӣ тавофуқ карда буд.

Подшоҳи Молезӣ низ дар посух ба истеъфои Моҳотир Муҳаммад, гуфтааст, ки ин истеъфоро мепазирад, аммо аз ӯ мехоҳад феълан ба унвони нахуствазири муваққат ба кораш идома диҳад.

Ҳизби Анвар Иброҳим ҳомиёни Моҳотир Муҳаммадро ба созмондиҳии як “кудетои худиҳо” муттаҳам кард. Анвар Иброҳим якшанбешаб ҳомиёни Моҳотир Муҳаммад ва иддае аз аъзои ҳизби худашро муттаҳам ба “хиёнат” ба худ кард.

Анвар Иброҳим душанбе як нишасти шитобзада бо Моҳотир Муҳаммад ташкил дод ва баъд аз ин нишаст гуфт, ҳанӯз шонси барқарории як сулҳи муваққат дар дохили эътилофи ҳоким вуҷуд дорад. Ӯ ба ҳомиёнаш гуфт, ки нишасташ бо Моҳотир Муҳаммад “бисёр хуб” будааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.