Дидгоҳ

Суннати илоҳӣ сиёҳу сафед намешиносад // Вақте як ҳамоқат бо ҳамоқате дигар рӯ ба рӯ мешавад…

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар оғозин рӯзҳое, ки вируси куруно гиребонгири мардуми Чин шуд ва хабараш дар дунё печид, шуморе аз мо, мусалмонон — бо камоли таассуф албатта – “табли шодӣ” задем ва гуфтем, Худованд дар ҳоли муҷозоти “худобехабарони чинӣ” ба хотири зулму ситамҳое аст, ки бар мусалмонон раво медоранд.

Дар ҳамон рӯзҳо буд, ки банда дар ёддоште кӯтоҳ навиштам, ингуна вокуниш ва бархӯрд бо шуюъи як беморӣ дар миёни мардумони як кишвар, чӣ кофир аст ё мусалмон, ва хушҳол шудан аз он, аз назари ислом на танҳо дуруст нест, балки хилофи омӯзаҳои исломӣ мебошад ва гуфтам, “бояд дуо кунем, ки Худованди меҳрубон ҳарчи зудтар ин балоро аз сари мардуми Чин бардорад!”

Аммо бадтару зишттар аз он бархӯрд, бархӯрди имрӯзи як мушт исломситез аст, ки вақте диданд ин вируси вогир ба суроғи мардумони кишварҳои мусалмоннишин омада — ва то ба ҳол мутаассифона гиребони мардуми Эрон, Амороти Арабии Муттаҳида, Кувайт, Ироқ, Арабистони Саудӣ ва чанд кишвари дигареро гирифт – шурӯъ ба пойкӯбӣ карданд ва бо изҳори назарҳои воқеан аҳмақона, мегӯянд, куҷост Худои шумо?!

Агар бархӯрди бархе мусалмонон аҳмақона ва аз рӯи адами огоҳӣ бо қонун ва суннатҳои илоҳӣ дар рӯи замин буд, ин бархӯрд аммо, зишттар ва балки аҳмақонатар аз он аст.

Дар ин ёддошт, ночорам андаке дар бораи “суннати (қонуни) илоҳӣ” дар рӯи замин бинависам, то маълумамон шавад, ки Худованд бо аҳаде, мусалмону кофар, робитаи хешовандӣ ва писархолагӣ надорад ва ҳодисаҳо ва рухдодҳо дар ҷаҳон, бар асоси қонуне, ки худи Худованд қарор додааст, ҷараён пайдо мекунанд.

Ароизамро дар чанд нукта хулоса мекунам:

1) Аз назари Қуръони Карим, Худованд зоти бениёз аст. На аз мусалмон будани касе суд мебарад ва на аз кофар будани касе зиён:

إِن تَكْفُرُوا فَإِنَّ اللَّهَ غَنِيٌّ عَنكُمْ وَلَا يَرْضَى لِعِبَادِهِ الْكُفْرَ وَإِن تَشْكُرُوا يَرْضَهُ لَكُمْ

Агар куфр варзед, Худо аз шумо бениёз аст (яъне ниёзе ба имони шумо надорад ва фоидае ҳам аз он оиди Худо намешавад), ва албатта барои бандагонаш куфрро намеписандад (ва розӣ нест, ки куфр варзанд), ва агар сипос доред, онро барои шумо меписандад…” (Сураи Зумар, ояти 7)

Ин ҳам, ки мефармояд, “барои бандагонаш куфрро намеписандад, ва агар сипос доред, онро барои шумо меписандад”, ин бад-он ҷиҳат аст, ки агар касе роҳи Худоро паймуд (яъне мусалмон шуд), ин ба фоидаи худи ӯ дар дунё ва охираташ аст, ва агар куфр варзид, ба зарару зиёни худи ӯст.

مَن كَفَرَ فَعَلَيْهِ كُفْرُهُ وَمَنْ عَمِلَ صَالِحًا فَلِأَنفُسِهِمْ يَمْهَدُونَ

Ҳар ки куфр варзад, куфраш ба зиёни худи ӯст, ва касоне, ки кори шоиста кунанд, ба суди худашон (саранҷоми некеро) омода мекунанд.” (Сураи Рум, ояти 44)

Бинобар ин, агар мо пайрави ойини ислом ҳастем, ин бад-он маъно нест, ки бар гардани Худо ҳаққе пайдо карда бошем ва Худованд дар ҳар сурат, ҳавои моро хоҳад дошт. Ҳаргиз чунин нест. Яҳуд дар садри ислом якчунин андешае дар сар доштанд (ва ҳоло ҳам доранд), ки чун яҳуданд, пас Худо ҳавои онҳоро ҳамеша дорад ва масалан дар он ҷаҳон (охират) ҳам, азобашон нахоҳад кард, ва агар ҳам кард, фақат чанд рӯзе азоб медиҳад ва сипас наҷоташон хоҳад дод фақат ба ин ҷиҳат, ки чун пайрави ойини яҳуд ҳастанд. Қуръони Карим инчунин тафаккуреро шадидан рад мекунад ва мефармояд:

وَقَالُواْ لَن تَمَسَّنَا النَّارُ إِلاَّ أَيَّامًا مَّعْدُودَةً قُلْ أَتَّخَذْتُمْ عِندَ اللّهِ عَهْدًا فَلَن يُخْلِفَ اللّهُ عَهْدَهُ أَمْ تَقُولُونَ عَلَى اللّهِ مَا لاَ تَعْلَمُونَ. بَلَى مَن كَسَبَ سَيِّئَةً وَأَحَاطَتْ بِهِ خَطِيئَتُهُ فَأُوْلَئِكَ أَصْحَابُ النَّارِ هُمْ فِيهَا خَالِدُونَ. وَالَّذِينَ آمَنُواْ وَعَمِلُواْ الصَّالِحَاتِ أُولَئِكَ أَصْحَابُ الْجَنَّةِ هُمْ فِيهَا خَالِدُونَ

Ва (яҳуд) гуфтанд: ҳаргиз оташи дӯзах ба мо намерасад, ва агар бирасад, айёми маҳдуде беш нахоҳад буд. Бигӯ: оё дар ин бора аз Худо паймоне гирифтаед? — албатта агар паймон дошта бошед, Худо хулфи аҳд намекунад — ё ин ки чизеро, ки намедонед, ба Худо мебандед? Мутмаин бошед, касе, ки гуноҳ фароҳам месозад ва хатоҳояш бар ӯ иҳота кардаанд, барои ҳамеша ҳамнишину ҳамдами оташ хоҳад буд. Ва касоне, ки имон доранд ва корҳои нек баҷо меоваранд, аҳли биҳиштанд ва дар он ҷовид хоҳанд буд.” (Сураи Бақара, оятҳои 80-82)

2) Ҳодисаҳо ва рухдодҳо дар ҷаҳон, бар асоси суннати (қонуни) тахаллуфнопазири илоҳӣ – ки аз он дар истилоҳи илмӣ, ба қонуни иллият ва сабабият таъбир мешавад – ҷараён пайдо мекунанд:

سُنَّةَ اللَّهِ الَّتِي قَدْ خَلَتْ مِن قَبْلُ وَلَن تَجِدَ لِسُنَّةِ اللَّهِ تَبْدِيلً

Суннати илоҳӣ аз пеш ҳамин буда ва дар суннати илоҳӣ ҳаргиз тағйире нахоҳӣ ёфт.” (Сураи Фатҳ, ояти 23)

Ҳоло як мисол бизанам. Суннати илоҳӣ дар пешрафту тараққии мардумоне, ба ин аст, ки бояд талошу кӯшиш кунанд, чӣ кофар ҳастанд ва чӣ мусалмон, ки агар талош карданд ва илм андӯхтанд ва танбалӣ накарданд, пешрафту тараққӣ насибашон хоҳад шуд. Аммо агар танбалӣ варзиданд ва аз ҷо такон нахӯрданд, пасрафту ақибмондагӣ гиребонгирашон мешавад ҳатто агар мусалмонтарини одамони рӯйи замин бошанд:

إِنَّ اللّهَ لاَ يُغَيِّرُ مَا بِقَوْمٍ حَتَّى يُغَيِّرُواْ مَا بِأَنْفُسِهِمْ

Худованд вазъи ҳеч миллатеро иваз намекунад, то ки худашон тағйире дар худ эҷод кунанд.” (Сураи Раъд, ояти 11)

Диққат кунед ба оят, ки мегӯяд, “Худованд вазъи ҳеч миллатеро иваз намекунад”, на ин ки бигӯяд, вазъи мусалмонон ё кофиронро, балки ба сурати омм ба “қавм” таъбир карда, ки ҳамаро, кофару мусалмонро шомил мешавад. Ин аст суннат ва қонуни илоҳӣ, ки тағйирпазир нест:

فَلَن تَجِدَ لِسُنَّتِ اللَّهِ تَبْدِيلًا وَلَن تَجِدَ لِسُنَّتِ اللَّهِ تَحْوِيلًا

Ҳаргиз дар суннати Худо табдиле намеёбӣ ва ҳаргиз дар суннати Худо тағйире пайдо намекунӣ.” (Сураи Фотир, ояти 43)

3) Бар асоси суннат ва қонуни илоҳӣ, агар дар маконе беморие пайдо шавад, ин беморӣ барои худаш асбобу иллатҳои махсусе дорад, мисли ҳамин куруно, ки мегӯянд, сабабаш ношӣ аз хӯрдани гӯшти хуффош (кӯршапарак) будааст, ва ё чанд сол пеш беморие шуюъ намуд, ки маншааш гӯшти гови бемор будааст ва ғайра… Ҳоло агар мардуми кишваре, чӣ мусалмон ҳастанд ва чӣ кофар, аз ин навъ гӯштҳо истеъмол кунанд, натиҷаи қатъии он, сар задани ин гуна бемориҳост, ва рабте ба мусалмонӣ ва кофарии онҳо надорад.

Ва ҳамчунин, агар дар сарзамине ин гуна беморӣ шуюъ пайдо кунад ва мардуми сарзамини ҳамсоя ҷониби эҳтиётро барнагиранд, натиҷаи қатъии ин адами эҳтиёт, сирояти он беморӣ дар байни мардуми ҳамсоя аст. (Ҷо дорад инҷо арз кунам, яке аз сабабҳои шуюъи куруно дар Эрон, адами эҳтиёт ва бехиёлӣ аст. Ҳамаи кишварҳо ҷониби эҳтиётро гирифтанд ва муровида бо Чинро қатъ карданд, аммо мардум ва давлати Эрон бисёр беэҳтиётӣ карданд, ки натиҷаи ин беэҳтиётӣ ҳамин шуд, ки мебинем.)

Инҳо, ки арз шуд, иллатҳои моддӣ ҳастанд. Аммо мо як силсила иллатҳои маънавӣ ҳам дорем, ки гоҳе сабаби фуруд омадани балоҳое дар як ҷомеа мешаванд, мисли гуноҳону зулму бебандубориҳо. Масалан, агар қавме ба гуноҳ ғӯтавар шуданд, тибқи таълимоти Қуръони Карим, бар сари он қавм бало нозил мешавад:

فَلَمَّا نَسُوا مَا ذُكِّرُوا بِهِ أَنْجَيْنَا الَّذِينَ يَنْهَوْنَ عَنِ السُّوءِ وَأَخَذْنَا الَّذِينَ ظَلَمُوا بِعَذَابٍ بَئِيسٍ بِمَا كَانُوا يَفْسُقُونَ

Ҳангоме ки он чиро бад-он тазаккур дода шуда буданд, аз ёд бурданд, дар ин сурат, мо касонеро, ки аз кори бад бозмедоштанд наҷот додем, ва касонеро, ки ситам карданд, ба сазои он, ки нофармонӣ мекарданд, ба азобе шадид гирифтор кардем.” (Сураи Аъроф, ояти 165)

Лозим ба ёдоварист, иллатҳои маънавӣ низ берун аз қонуни умумии сабабияти ҳоким бар ҳастӣ (яъне суннати илоҳӣ) нестанд, онҳо ҳам дохил дар ин қонунанд, бо ин тафовут, ки ин сабабҳо на моддӣ, балки маънавӣ ҳастанд. Таъсири омилҳои маънавӣ дар ҳаводис, инкорпазир нест, агарчи баъзе худонобоварон ба он мӯътақид нестанд. Албатта, дар ин охирҳо бисёре аз равоншиносҳо низ ба таъсири авомили маънавӣ эътироф кардаанд. Масалан, таъсири дуо дар дармони порае аз бемориҳо, ин як омили маънавист, ки берун аз қонуни иллияти умумӣ намебошад. Ин баҳс, худаш як баҳси бисёр лозим аст, ки дар фурсати муносиб, мақолае ҷудо дар робита бо он менависам.

4) Ҷолиб ин ҷост, ки бархӯрди саҳоба ва куллан мусалмонони садри ислом, бо ҳаводисе мисли шуюъи як беморӣ ва вабо дар минтақае, бисёр мантиқӣ – ки нишон медиҳад, таълимоти ислом онҳоро он гуна ба бор оварда – буд, бар хилофи бисёре аз мусалмонони имрӯз, ки тасаввуроташон бисёр воруна аст.

Имом Ғаззолӣ (р) дар китоби гаронқадри “Эҳёи улуми дин”-аш ҳодисаи бисёр ҷолиберо нақл кардааст. Ӯ овардааст: Умар ибни Хаттоб (р) дар яке аз сафарҳо, ки ба Шом рафт, қабл аз вуруд ба Шом иттилоъ пайдо кард, ки дар он ҷо бемории тоъун пайдо шуда. Эшон фармуд, набояд вориди ин шаҳр бишавем, бояд баргардем. Як хушкмуқаддас гуфт:

أنفر من قدر الله تعالى

Яъне, “Оё аз қазо ва қадари илоҳӣ фирор мекунем?

Ин гӯянда, зоҳиран тасаввураш аз қазо ва қадари илоҳӣ мисли бисёре аз мусалмонони имрӯз ғалат будааст. Мехоста бигӯяд, ҳар чи Худо хост, ҳамон мешавад. Агар хости Худо бар ин бошад, ки ин беморӣ домони моро бигирад, чӣ ворид бишавем ва чӣ нашавем, ба он дучор хоҳем шуд, вале агар хости Худо ин буда бошад, ки ба он мубтало нашавем, чӣ ворид шавем ва чӣ нашавем, домони моро нахоҳад гирифт.

Ҷавоби ҳазрати Умар (р) ба ин хушкмуқаддас бисёр ҷолиб аст. Ҷавобе, ки назари Қуръон ва таълимоти ҳазрати Паёмбар (с) ҳамон аст. Яъне он чи Қуръони Карим аз “қазо ва қадари илоҳӣ” мегӯяд, ҳамон “қонуни иллияти умумӣ” аст, ки дар лисони илм чунон таъбир мешавад. На як мафҳуми карахткунанда.

Хулоса, ҳазрати Умар (р) ба ӯ фармуд:

نعم نفر من قدر الله إلى قدر الله

Оре, аз қазо ва қадари илоҳӣ ба сӯйи қазо ва қадари илоҳӣ фирор мекунем.”

Яъне, аз навъе қазо ва қадар, ба навъе дигар аз қазо ва қадар паноҳ мебарем. Яъне агар вориди шаҳр бишавем ва мубтало ба тоъун шавем, ин як қазо ва қадари илоҳист; зеро дар ҷараёни иллатҳо ва сабабҳо, агар инсоне вориди шаҳре шавад, ки дар он тоъун аст, қатъан он вабо ба ӯ сироят мекунад. Ин худ навъе қазо ва қадари илоҳист. Аммо агар худро канор бикашем, аз хатари ибтило ба тоъун наҷот ёфтаем, ки ин низ навъе қазо ва қадари илоҳист.

Ба сухани дигар, қазо ва қадари илоҳӣ ҷуз ҳамон қонуни иллият ва сабабият нест ва ҷараёни қазо ва қадари илоҳӣ дар ҷаҳони ҳастӣ, аз коноли авомилу асбоб, аз ҷумла ихтиёри худи мо инсонҳо, сурат мегирад.

Сипас ҳазрати Умар (р) барои ин ки маънои қазо ва қадарро хуб бифаҳмонад, як мисоли бисёр ҷолиб зад. Фармуд:

أرأيتم لو كان لأحدكم غنم فهبط واديا له شعبتان: إحداهما مخصبة، والأخرى مجدبة، أليس إن رعى المخصبة رعاها بقدر الله تعالى وإن رعى المجدبة رعاها بقدر الله تعالى

Агар яке аз шумо галае гӯсфанд дошта бошад ва ба водие фуруд ояд, ки ду бахш дорад: яке, бисёр ҳосилхез ва яке дигар, беҳосил яъне беалаф, дар инҷо, оё чунин нест, ки агар ӯ галаашро ба тарафи бахши ҳосилхези водӣ бибарад, ин кори ӯ ба қазо ва қадари илоҳӣ буда, ва ҳам агар галаро ба тарафи беалаф бурда бошад, дар ин сурат низ ба қазо ва қадари илоҳӣ буда?

Гуфтанд, бале, дуруст аст. Ҳазрати Умар сипас аз Абдурраҳмон ибни Авф (р) назар хост. Абдурраҳмон зимни таъйиди гуфтаҳои ҳазрати Умар, арз кард: ман аз ҳазрати Паёмбар (с) шунидаам, ки фармуд:

اذا سمعتم بالوباء في أرض فلا تقدموا عليه واذا وقع في أرض وأنتم بها فلا تخرجوا فرارا منه

Вақте шунидед дар як сарзамине вабо шуюъ пайдо кардааст, бар он ворид нашавед. Аммо агар дар сарзамине шуюъ биёбад, ки шумо дар он қарор доред, мабодо барои фирор, аз шаҳр хориҷ шавед!” (Ғаззолӣ, Эҳёи улуми дин, 4/453-454) Ин яъне ҳамон қарантина.

Хуб, мақола каме дуру дароз шуд, ҳаминҷо басанда мекунам.

Саломат бошед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.