Барномаи зиндагӣ

Ду панд аз Мавлоно

Мавлоно дар “Фиҳӣ мо фиҳӣ” овардааст:

Пурсид, ки фоидаи аъмол ин ҷо (яъне дар ин дунё) чаро намешавад? Фармуд, ки ҳамаи аъмоли шуморо иваз ҳаст, илло барои маслаҳате ин ҷо нанамоёнад; чунонки падар духтарро чиҳоз месозад ва нигоҳ медорад ва дар хона ӯро ба ҷомаи ҳақир медорад ҷиҳати рӯзи арӯсӣ, ки онро рӯзи ҳашр аст.

Ва дигар, писар касб мекунад ва касбро ба назди падар меоварад. Падар онро ҷамъ мекунад ва фарзанд он ҷамъшударо аз падар мехоҳад. Падар мегӯяд, ки вақт нест, сабр кун, ки агар бидиҳам, талаф кунӣ.

Чунонки боборо касбе, ки карда буд, ба дасташ доданд, мағрур шуд ва онро талаф кард ва худро низ ҳалок кард ва бисёрон аз он гумроҳ шуданд.

Акнун Ҳақ Таъоло барои маслаҳати шумо фоидаи аъмоли шуморо наменумояд, то ғарра (мағрур) нашавед ва талаф накунед ва коҳил (танбал) нашавед ва аз кор намонед.”

(Фиҳӣ мо фиҳӣ)

* * *

Ва ҳам гӯяд:

Яке гуфт, ки инҷо чизе фаромӯш кардаам. Худовандгор (яъне ҳазрати Мавлоно Балхӣ) фармуд, ки дар олам як чиз аст, ки он фаромӯш карданӣ нест, агар ҷумла чизҳоро фаромӯш кунӣ ва онро фаромӯш накунӣ, бок нест. Ва агар ҷумларо ба ҷой орӣ ва ёд дорӣ ва фаромӯш накунӣ ва онро фаромӯш кунӣ, ҳеч накарда бошӣ. Ҳамчунон ки подшоҳе туро ба деҳ фиристод барои коре муайян, ту рафтӣ ва сад кори дигар гузордӣ. Чун он корро, ки барои он рафта будӣ нагузордӣ, чунон аст, ки ҳеч нагузордӣ.

Пас, одамӣ дар ин олам барои коре омадааст ва мақсуд он аст. Чун он намегузорад, пас ҳеч накарда бошад.”

(Фиҳӣ мо фиҳӣ)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.