Ваҳдати исломӣ

Созмони Имон; ниҳоде барои иртиботи ҷавонони мусалмони Ландан бо дин – (Тасовир)

Созмони ҷадиди исломӣ, ки тавассути ҷамъе аз ҷавонони мусалмон дар Бритониё идора мешавад, бо баргузори давраҳои тафсир, муҳите маънавӣ барои ҳамроҳсозии ҷомеа бо дин фароҳам сохтааст.

Ба гузориши сойти Religionnews, як созмони маънавии тозатаъсис дар Бритониё бо номи “Имон”, ки тавассути ҷавонон ва навҷавонони мусалмон идора мешавад, ба тозагӣ иқдом ба баргузории давраҳои тафсири Қуръони Карим карда ва аз ҷавонон барои ширкат дар ин давраҳо даъват ба амал овардааст.

Ба гуфтаи бунёнгузорони ин ибтикор, ки як сол пеш тавассути се марди ҷавони мусалмон дар Ландан таъсис шуд, ин гурӯҳ фазое дар ҷомеа эҷод мекунад, ки зимни кӯмак ба рушди маънавӣ, барои ҳамагон дар дастрас бошад.

Шайх Ҳасиб Нур, яке аз ин бунёнгузорон тавзеҳ дод: “Воқеият ин аст, ки як навъ эҳсос дар бархе аз мардум вуҷуд дорад, ки ба далели осебҳои мазҳабӣ ё таҷрибаи бад, тасаввур мекунанд, ки дар масҷид аз онон истиқбол намешавад.”

Вай афзуд: “Мардум эҳсос мекунанд, садои онҳо шунида намешавад ё ниёзҳои руҳии онҳо бароварда намешавад. Эҳсос мекардем, метавонем барои ин афрод муҳите маънавӣ омода кунем, то муқаддимае барои вуруд ба масҷид шавад.”

Бар пояи ин гузориш, ширкаткунандагон ибтидо барои ҷаласаи муқаддамотии давраи тафсири Қуръон, ки дар таърихи 27 январи соли 2020 баргузор шуд, ҳузур пайдо карданд.

Ҳамида Хонум, яке аз аъзои гурӯҳ, ки ба ҳамроҳи 40 ҷавони дигар барои ширкат дар нахустин ҷаласаи ҳафтагии “Тафсири Қуръон” ҳозир шуда ва машғули нӯшидани чой ва гап задан дар сари дарс буд, мегӯяд: “Мардум аз ман суолҳое дар мавриди дин мепурсанд ва вақте ҷавобҳоро намедиҳам, бисёр шармовар аст. Бинобар ин, ман фаҳмидам, ки аввал бояд худам он донишро дошта бошам.”

Ҳамида Хонум гуфт: “Ман ин донишро ба даст меоварам, то битавонам бо дини худам иртиботи беҳтаре барқарор кунам.”

Шуббайр Ҳасан, аз бониёни ин тарҳ мегӯяд, ки мутаассифона дарсади болое аз ҷомеаи мусалмонон дар Бритониё ба далели ғафлати пешвоёни динӣ, аз масоҷид, созмонҳои исломӣ, ҳамоишҳо ва рӯйдодҳо дур мондаанд.

Гуфтанист, ин ибтикор дар ҳоли ҳозир ба Иёлоти Муттаҳидаи Омрико низ густариш ёфтааст ва шабакае аз маконҳои мустақил дар аёлатҳои мухталифи ин кишвар пайдо кардааст. Маконе дар Ню-йорк низ дар ҳамин ҳафта ҷаласае перомуни маънавият баргузор кард.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.