Сиёсат

Талафоти хушунатҳо дар Ҳинд ба 42 нафар расид – (Тасовир)

Мақомоти бемористони Деҳлӣ рӯзи ҷумъа (28 феврал) эълом карданд, ки талафоти даргириҳои чанд рӯзи гузашта дар пойтахти Ҳинд ба 42 нафар расидааст.

Шабакаи хабарии India Today рӯзи ҷумъа навишт, бар асоси гузориши мақомоти Ҳинд, дар хушунатҳои чаҳор рӯзи гузашта дар Деҳлӣ, беш аз 300 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Бо афзоиши талафоти ин даргириҳо, вазорати кишвар (дохила)-и Ҳинд рӯзи панҷшанбе эълом кард, ки раиси пулиси Деҳлӣ аз кори худ барканор ва фарди ҷадиде ба ҷойи ӯ муаррифӣ хоҳад шуд.

Рӯзи ҷумъа Додгоҳи олии Деҳлӣ ҳамчунин аз давлати Ҳинд дархост кард, то ба додхостҳо барои сабти шикоят алайҳи раҳбарони сиёсии Ҳинд аз ҷумла раҳбарони Ҳизби Кунгура, барои интишори изҳороти хушунатомез посух диҳад.

Номаи аҳзоби сиёсии мухолиф ба раисиҷумҳури ин кишвар

Аҳзоби сиёсии мухолиф дар Ҳинд дар номае ба Ром Нот Кувинд, раисиҷумҳури Ҳинд, хостори дахолати ӯ барои барқарории сулҳу оромиш дар Деҳлӣ шуданд.

Мақомоти ҳиндӣ эълом карданд, ки аз рӯзи душанбе то кунун беш аз 7 ҳазор нерӯи низомӣ ва пулис дар шимоли шарқи Деҳлӣ мустақар шудаанд, то аз хушунатҳои бештар ҷилавгирӣ кунанд.

Масоҷиди шимоли шарқи Деҳлӣ хоҳони ҳифзи сулҳу оромиш шуданд

Масоҷиди шомили шарқи Деҳлӣ рӯзи ҷумъа хоҳони ҳифзи сулҳу оромиш дар манотиқи хушунатзада шуданд. Онҳо аз мардум хостанд, то қурбони шойеъа нашуда ва ҳузури афроди машкукро сареъан ба мақомот гузориш диҳанд.

Масоҷид ҳамчунин аз мардум хостанд, то ниҳояти ҳамкориро бо пулиси Деҳлӣ дошта бошанд.

Пулис як узви ҳизби EAP-ро ба иттиҳоми қатл боздошт кардааст. Ба гуфтаи пулис, ин сиёсатмадор дар ҳидояти хушунатҳо ва қатли як узви Созмони иттилооти Ҳинд нақш доштааст.

Тахриби 4 масҷид, 79 хона, 52 мағоза ва 2 мадраса, ҳосили хушунатҳои Деҳлӣ

Созмони оташнишонии Ҳинд рӯзи ҷумъа дар гузорише эълом кард, ки дар ҷараёни шӯришҳо дар шимоли шарқи Деҳлӣ, 4 масҷид, 79 хонаи маскунӣ, 52 мағоза, 2 мадраса ва 4 корхона, ба оташ кашида шудааст.

Дар ин хушунатҳо ҳамчунин беш аз 500 худрав ва утубус ба оташ кашида шудаанд.

Иттиҳоди ҳиндуҳо ва мусалмонон дар Деҳлӣ барои муҳофизат аз якдигар

Дар миёни интишори тасовири нигаронкунанда аз хушунатҳои чанд рӯзи гузаштаи Ҳинд, гурӯҳе аз хонаводаҳои ҳинду аз ҳамсояҳои мусалмони худ дар манотиқи хушунатзада муҳофизат карда ва аз осеб расондан ба амлоки мусалмонон ҷилавгирӣ карданд.

Гузоришҳои мунташиршуда дар расонаҳои Ҳинд нишон медиҳад, ки мусалмонон ва ҳиндуҳо дар манотиқи хушунатзада бо якдигар муттаҳид шуда ва аз хонаводаҳои худ дар муқобили ошӯбгарон муҳофизат кардаанд.

Даргириҳо чӣ гуна дар Деҳлӣ оғоз шуд?

Хушунатҳо дар Деҳлӣ аз рӯзи якшанбе пас аз он ки мӯътаризон ба ислоҳи қонуни шаҳрвандии Ҳинд иқдом ба масдуд кардани хиёбон дар наздикии истгоҳи метруи Ҷаъфаробод, воқеъ дар шимоли шарқи Деҳлӣ карданд, оғоз шуд.

Копил Мишро, як раҳбари ҳизби ҳокими Баҳортё Ҷонато Портӣ, аз тарафдорони ин ҳизб хост, то дар ҳимоят аз ислоҳоти қонуни шаҳрвандӣ дар ин минтақа ҳузур ёбанд.

Аммо пас аз иҷтимоъи гурӯҳи зиёде аз мардум, ҳомиёни ислоҳоти қонуни шаҳрвандӣ бо чӯб, санг, чоқу ва аслиҳа ба сӯи мухолифони ислоҳоти қонуни шаҳрвандии Ҳинд ҳуҷум бурданд.

Тасовири мунташиршуда нишон медиҳад, ки ин эътирозот ба суръат ба як даргирӣ миёни гурӯҳҳои ҳинду ва мусалмон табдил шуда ва дар мавориде пулиси Деҳлӣ ҳамроҳ бо гурӯҳҳои ҳинду, ба ҷамъ кардани санг ҷиҳати ҳамла ба масулмонон кӯмак кардаанд.

Тасовире аз ҳамла ба масоҷиди мусалмонон дар Ҳинд:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.