Ҳуқуқи башар

Қасди истирдоди як паноҳандаи тоҷик аз Утриш ба Тоҷикистон

Сомонаи Ахбор бо истинод ба фаъолони тоҷик навишт, ки мақомоти Утриш (Австрия) паноҳҷӯи тоҷик Ҳизбулло Шовализодаро ихроҷ мекунанд. Махмудҷон Файзраҳмонов, масъули равобити хориҷаи ПМТ, дар Твиттер санадеро чоп кард, ки дар он гуфта мешавад, Ҳизбулло Шовализода рӯзи 4 март, соати 14:20 бо парвози № ТК 1886 Вен –Инстонбул аз қаламрави Утриш ихроҷ карда хоҳад шуд. Шовализода феълан дар маркази депортатсионии Вен қарор доштааст. Файзраҳмонов ва низ як фаъоли дигари тоҷик Вайсиддин Одинаев аз мақомоти Утриш хостаанд, ки аз депортатсияи Шовализода худдорӣ кунад, чунки ӯ дар сурати истирдодаш ба Тоҷикистон, метавонад дучори шиканҷа шавад.

Ҳизбулло Шовализода, с.т. 27.01.1991, зода ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Зодагони Язгулом аз тарафдорони мухолифини тоҷик ба шумор мераванд ва дар пайи ошӯби соли 2015 ба раҳбарии генерал Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) даҳҳо нафар аз зодагони Язгулом низ боздошт ва зиндонӣ шуданд.

Ҳизбулло Шовализода баҳори соли 2019 ба Утриш омада, дархости паноҳандагӣ кард, вале мақомоти Утриш ин дархости ӯро напазируфтаанд.

Дар солҳои охир ҳудуди 10 ҳазор аз зодагони Тоҷикистон бо талаби паноҳандагии сиёсӣ худро ба кишварҳои урупоӣ расонданд. Аксари онҳо худро тарафдорони аҳзобу гурӯҳҳое чун «Гуруҳи 24», ҲНИТ ва Паймони миллӣ мешуморанд.

Моҳи сентябри соли 2019 мақомоти Лаҳистон (Полша) узви «Гуруҳи 24» Мустафо Ҳаётовро ихроҷ карданд. Ҳаётов баъди чанд рӯз дар Душанбе пайдо шуд ва гуфт, дар озодӣ қарор дорад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.