Сиёсат

29 сарбози туркияӣ дар Идлиб кушта шуданд

Устондори Ҳотойи Туркия аз кушта шудани 29 сарбози ин кишвар бар асари як ҳамлаи ҳавоӣ дар устони Идлиби Сурия хабар додааст.

Дидабони ҳуқуқи башари Сурия, вобаста ба муъоризони сурӣ, бомдоди ҷумъа аз кушта шудани 34 сарбози Туркия дар устони Идлиби Сурия хабар дод. Аммо устондори Ҳотой, ки бо Идлиб ҳаммарз аст, кушта шудани 29 сарбозро таъйид кардааст.

Ҳамзамон расонаҳои туркияӣ гузориш доданд, ки Шӯрои амнияти миллии Туркия ба риёсати Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, ташкили ҷаласа додааст.

Шабакаи хабарии Алмаёдин гузориш дод, ки ин сарбозҳо дар ҳамлаи ҳавоӣ, ки дар наздикии рустои Албора, воқеъ дар Ҷаблуззовия, дар атрофи устони Идлиб анҷом шуд, кушта шудаанд.

Расонаҳои омрикоӣ ҳам мегӯянд, Морк Эспер, вазири дифои Омрико, бо Ҳулусӣ Окор, вазири дифои Туркия, дар бораи “ҳамлаи артиши Сурия ба гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Идлиб” гуфтугӯ кардааст.

Шабакаи Алмаёдин ба нақл аз хабарнигораш дар Сурия гузориш дод, ки 4 болгарди артиши Туркия барои интиқоли ҷасади сарбозони кушташуда ва низомиёни маҷрӯҳ вориди ҳарими ҳавоии Сурия шуд.

Хабаргузории Онотулӣ ба нақл аз устондори Ҳотой шумори сарбозони кушташуда дар ҷараёни ин ҳамлаи ҳавоиро 29 нафар эълом кардааст. Устондори Ҳотоӣ гуфта, ки сарбозони туркияӣ дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои ҷангии артиши Сурия кушта шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки хабарнигори CBS гузориш кард, ки ҳамла ба низомиёни Туркия дар Идлиб зоҳиран тавассути Русия сурат гирифта ва талафоти он ба 50 нафар мерасад.

Дар ҳамин ҳол, Middle East Eye навишт, Туркия Урупо ва НАТО-ро таҳдид карда, ки марзҳояшро ба рӯи муҳоҷирони Сурия хоҳад гушуд ва тамоми монеъаҳо барои вуруди муҳоҷирон ба самти Урупоро аз миён бармедорад.

Хабаргузории Reuters ҳам ба нақл аз як мақоми аршади туркияӣ навишт, Онкоро ба пулис ва горди соҳилӣ ва нерӯҳои марзбонии ин кишвар дастур дода монеъи вуруди муҳоҷирони сурияӣ нашаванд. Ин мақоми туркияӣ гуфт, Онкоро тасмим гирифта аз расидани муҳоҷирони сурияӣ ба Урупо, аз тариқи дарё ё ҳаво, ҷилавгирӣ накунад.

Сухангӯи ҳизби ҳокими Туркия дар вокуниш ба гузоришҳои мунташиршуда дар бархе расонаҳо дар хусуси қасди ин кишвар барои гушудани марзҳо ба рӯи муҳоҷирони сурияӣ, гуфт, сиёсати Онкоро дар хусуси муҳоҷирон тағйир накарда, аммо Туркия дигар қодир ба ҷилавгирӣ аз вуруди онҳо нахоҳад буд.

Аз сӯи дигар, гузоришҳо мегӯяд, падофанди ҳавоии Сурия дар пойгоҳи ҳавоии Ҳмеймим, ду мушаки шилликшуда аз хоки Туркияро раҳгирӣ кардааст. Ин пойгоҳ маҳалли истиқрори нерӯҳои Русия аст.

Ҳамчунин, шабакаи Алмаёдин дар хабаре дигар гузориш дод, ки як гузаргоҳи марзии Сурия дар шаҳри Қомишлӣ аз убури 11 худрави низомии нерӯҳои ишғолгари омрикоӣ ҷилавгирӣ ва онҳоро водор ба бозгашт кардааст. Расонаҳо гузориш додаанд, мардум ба самти ин худравҳои низомӣ санг партоб кардаанд.

Туркия: “Ба мавозеъи Сурия ҳамла кардем”

Давлати Туркия соате баъд аз он ки эълом шуд сарбозони ин кишвар дар наздикии Идлиб кушта шудаанд, гуфт, ки мавозеъи артиши Сурияро бомбборон кардааст.

Хабарнигори шабакаи Алмаёдин ҳам гузориш дод, ки ду мушак аз хоки Туркия шиллик шуда ва дар атрофи Лозқия фуруд омадааст.

Манобеъи хабарӣ гузориш доданд, ки сухангӯи давлати Туркия бо мушовири амнияти миллии Омрико дар бораи Идлиб гуфтугӯ кардааст.

Ҳамчунин, Кей Бейли Ҳотчисун (Kay Bailey Hutchison), сафири Омрико дар НАТО ҳангоми интишори ахбори марбут ба кушта шудани сарбозони туркияӣ, дар як конфронси хабарӣ дар ҷамъи хабарнигорон ҳузур дошт. Ӯ талош кард, ин мавзӯъро ба хариди сомонаи падофанди S-400 нисбат диҳад. Вай гуфт: “Умедворам Ардуғон бибинад, ки муттаҳиди гузашта ва ояндаи Туркия мо ҳастем. Алъон доранд мебинанд Русия чист ва чӣ корҳое анҷом медиҳад. Умедворам Туркия аз хариди S-400 аз Русия мунсариф шавад.”

Тибқи навиштаи бархе аз хабарнигорони ҳозир дар ин конфронси хабарӣ, ин мақоми омрикоӣ аз посухи мушаххас ба суоли хабарнигорон дар бораи фаъол кардани моддаи 5-и НАТО (асли дифоъи ҷамъӣ) худдорӣ кардааст.

Аз сӯи дигар, сухангӯи давлати Туркия гуфт, ин кишвар фардо (ҷумъа) аъзои эътилофи НАТО-ро ба як нишасти машваратӣ дар хусуси авзоъи Идлиб фаро хоҳад хонд.

Ҳамлаи болгардҳои режими саҳюнистӣ ба мавозеъи артиши Сурия дар Қунайтира

Дар хабаре дигар, дақоиқе пеш хабаргузории Форс ба нақл аз расонаҳои давлатии Сурия гузориш кард, ки соате пеш болгардҳои режими саҳюнистӣ мавозеъи артиши Сурияро дар устони Қунайтира ҳадаф қарор доданд. Ҳанӯз аз талафоти эҳтимолӣ гузорише нашудааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.