Сиёсат

Ардуғон хостори мусоидат ва ҳамкории Эрон дар таҳаввулоти ахири Сурия шуд

Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, дар гуфтугӯи телефонӣ бо ҳамтои эронии худ, бо таъсиргузор хондани нақши Эрон дар таҳаввулоти Сурия, гуфтугӯҳои сиёсиро танҳо роҳи ҳалли мушкили Сурия хонд ва хостори мусоидат ва ҳамкории Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин замина шуд. Вай, бо таъкид бар таъсири тавофуқоти сеҷонибаи Эрон, Русия ва Туркия дар чорчӯби раванди Остона, гуфт: “Ин гуфтугӯҳо натоиҷи хубе ба ҳамроҳ дошта ва барои дастёбӣ ба сулҳи пойдор, мебоист тадовум ёбад.” Вай бо ишора ба таҳаввулоти ахир дар ин кишвар афзуд: “Ин вазъият дар Идлиб наметавонад идома дошта бошад ва мо нигарони дастовардҳои раванди Остона ҳастем.”

Ба гузориши хабаргузории Ирно, Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, дар гуфтугӯи телефонӣ бо Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, бо эъломи ҳамбастагӣ бо миллати Эрон ва ибрози ҳамдардӣ бо хонаводаҳои даргузаштагон дар асари куруно, гуфт: “Туркия омодаи ҳар гуна ҳамкорӣ ва кӯмак ба миллат ва давлати дӯсту бародари Эрон аст ва аз ироаи ҳар гуна хадамоти мавриди ниёз дареғ нахоҳад кард.”

Раҷаб Тайиб Ардуғон, бо истиқбол аз иҷрои сареъи протоколи беҳдоштии муштарак байни ду кишвар дар ҷиҳати тасҳили равобити тиҷорӣ ва рафту омади шаҳрвандони ду кишвар, гуфтугӯ ва ҳамкориҳои вазоратҳои беҳдошти ду кишвар дар ин заминаро лозим донист.

Ардуғон бо таъсиргузор хондани нақши Эрон дар таҳаввулоти Сурия, гуфтугӯҳои сиёсиро танҳо роҳи ҳалли мушкили Сурия хонд ва хостори мусоидат ва ҳамкории Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин замина шуд.

Раисиҷумҳури Туркия бо таъкид бар таъсири тавофуқоти сеҷонибаи Эрон, Русия ва Туркия дар чорчӯби раванди Остона, гуфт: “Ин гуфтугӯҳо натоиҷи хубе ба ҳамроҳ дошта ва барои дастёбӣ ба сулҳи пойдор, мебоист тадовум ёбад.”

Ардуғон бо ишора ба таҳаввулоти ахир идома дод: “Ин вазъият дар Идлиб наметавонад идома дошта бошад ва мо нигарони дастовардҳои раванди Остона ҳастем.”

Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ, бо ишора ба аҳаммияти болои ҳалли масъалаи Идлиб, таъкид кард: “Мавзӯи Идлиб бо таваҷҷӯҳ ба иҷтимоъи теруристҳои хатарнок ва ҳифозат аз ҷони инсонҳои бегуноҳи сокин дар ин минтақа, бисёр печида аст, ки аз як тараф бояд ҷони инсонҳо маҳфуз бимонад ва аз тарафи дигар теруристҳо бояд решакан шаванд.”

Руҳонӣ бо ишора ба аҳаммияти вежаи ҳамкориҳои сеҷонибаи Эрон, Туркия ва Русия барои ҳалли мушкили Сурия дар ростои тақвияти раванди Остона, гуфт: “Ҳамкориҳои сеҷониба дар сатҳҳои мухталиф аҳаммияти вежае дорад ва ҳамон тавр ки қаблан гуфта шуда, Эрон барои мизбонии даври баъдии ин иҷлоси сеҷониба омодагӣ дорад.”

Раисиҷумҳури Эрон раванди Остонаро барои амнияти минтақа як дастоварди бузург қаламдод кард ва афзуд: “Қатъан афзоиши таниш ба суди ҳеч кас дар минтақа нест ва мо бояд аз тариқи гуфтугӯ масоилро ҳаллу фасл кунем ва набояд иҷоза диҳем раванди Остона тазъиф шавад.”

Руҳонӣ бо тарҳи пешниҳоди баргузории иҷлоси сеҷонибаи Эрон, Туркия ва Сурия, гуфт: “Бо таваҷҷӯҳ ба тавофуқи мо бар рӯи усуле ҳамчун ҳифзи тамомияти арзии Сурия, решакан кардани теруристҳо, ҳифзи ҷони инсонҳои бегуноҳ ва ҳаллу фасли сареъи масъалаи Идлиб, метавон дар ин нишаст ихтилофи назарҳоро бартараф кард.”

Раисиҷумҳури Эрон дар ин тамоси телефонӣ бо ишора ба ин ки мутаассифона шуюъи куруно дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон мушкилотеро барои ҳама ба вуҷуд овардааст, гуфт: “Куруно табдил ба як мушкили ҷаҳонӣ шуда ва ҳамаи кишварҳо барои гузар аз ин бӯҳрон бояд канори ҳам бошанд.”

Руҳонӣ бо қадрдонӣ аз ибрози ҳамдардӣ ва ҳамкории раисиҷумҳури Туркия дар мавриди ҷонбохтагони куруно дар Эрон, гуфт: “Барномаҳо ва сиёсатҳои муассир ва мутмаиннеро барои мудирият ва контроли куруно ва дармони беморони мубтало ба ин вирус дар Эрон дар назар гирифта шуда ва иқдомоти бисёр хубе анҷом гирифта ва умедворем дар ояндаи наздик аз ин бӯҳрон убур кунем.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.