Сиёсат

Дар Идлиби Сурия чӣ мегузарад?

Таҳлиле дар пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Fararu

Дар пайи кушта шудани даҳҳо сарбози артиши Туркия дар ҳамалоти давлати Сурия, танишҳо миёни Туркия аз як тараф ва Русия ва Сурия аз тарафи дигар, ба шиддат боло гирифтааст. Туркия ҳамчунон саъй мекунад ҳузури майдонии худро дар охирин пойгоҳи мухолифони мусаллаҳи сурӣ ҳифз кунад, аммо Русия ва Сурия мусаммам ҳастанд, ки охирин пойгоҳи мухолифонро бозпасгиранд.

Бо оғози амалиёти артиши Сурия барои бозпасгирии устони Идлиб, даргириҳои мустақим миёни артиши Туркия ва давлати Сурия шурӯъ шуд. Дар ҷараёни ин даргириҳо, даҳҳо сарбози Туркия ва Сурия ҷонашонро аз даст доданд.

Рӯзи панҷшанбе давлати Туркия эълом кард, ки 34 сарбози ин кишвар дар бомбборони ҳавоии артиши Сурия кушта шудаанд. Як рӯз баъд, Туркия аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ки дар шимоли ғарби Сурия минтақаи парвоз мамнӯъ барқарор кунад. Аммо то кунун кишваре бо ин дархост мувофиқат накардааст. Фахруддин Олтун, раиси дафтари расонаии риёсати ҷумҳурии Туркия, бо судури баёнияе, хостори барқарории минтақаи парвоз мамнӯъ бар фарози устони Идлиб шуд.

Давлати Сурия бо пуштибонии сиёсӣ ва низомии Русия, аз моҳи декабри гузашта амалиёти бозпасгирии Идлибро оғоз кардааст. Аммо амалиёти бозпасгирии Идлиб, ки охирин пойгоҳи муъоризони мусаллаҳ ба шумор меравад, ба далели ҳузури чашмгири низомии Туркия дар ин минтақа, бо душвориҳое мувоҷеҳ шудааст.

Туркия мутақобилан ҳамалоте алайҳи мавозеъи артиши Сурия анҷом дода, ки тибқи бархе гузоришҳои расонаӣ, ба марги даҳҳо сарбози артиши Сурия мунҷар шудааст. Бархе расонаҳои арабӣ ҳатто гузориш карданд, ки теъдоде аз нерӯҳои Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ҳамалоти артиши Туркия ҷон бохтаанд. Рӯзномаи фароминтақаии “Раъюл-явм” гузориш кард, ки дар даргириҳои шадиди нерӯҳои Ҳизбуллоҳ бо сарбозони Туркия дар минтақаи Сароқиб дар Идлиб, 9 тан аз размандагони Ҳизбуллоҳ дар ҳамлаи мушакии Туркия ҷонашонро аз даст додаанд. Ин даргирӣ ҳанӯз идома дорад ва Ҳизбуллоҳ нерӯҳои вежаи ҷадиде ба онҷо эъзом кардааст.

Ҳамзамон, танишҳо миёни Туркия ва Русия низ боло гирифтааст. Туркия мӯътақид аст, ки давлати Сурия бо ҳимояти Русия ба Идлиб ҳамла кардааст. Русия бо гирифтани мавозеъе ба нафъи Димишқ, амалан рӯ дар рӯи Туркия қарор гирифтааст.

Ду тараф барои маҳори танишҳо дар Идлиб, гуфтугӯҳоро аз сар гирифтаанд. Рӯзи ҷумъа, раисони ҷумҳури Туркия ва Русия телефонӣ авзоъи Идлибро баррасӣ карданд ва барои баргузории як ҷаласаи баландпояи муштарак ба тавофуқ расиданд. Кремлин гуфта Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Ардуғон дар ин тамос бар зарурати анҷоми “иқдомоте барои коҳиши танишҳо дар Идлиб ва бозгардондани авзоъи ин минтақа ба ҳолати табиӣ” таъкид карданд.

Гиреҳи кор куҷост?

Аммо ду тараф ҳанӯз мушаххас накардаанд, ки манзур аз “вазъияти табиӣ дар Идлиб” чист. Русия мегӯяд, тавофуқи Сочи миёни Туркия ва Русия дар бораи Идлиб нақз шуда ва дар натиҷа давлати Сурия ҳақ дорад иқдом кунад. Намояндаи Русия дар Шӯрои амният гуфтааст, ки кишвараш бо ором шудани авзоъ дар Идлиб мувофиқ аст, аммо бояд дар айни ҳол, ҷанг бо теруристҳо идома ёбад.

Мушкил дақиқан ҳамин ҷост. Дар тавофуқи Сочи қарор буд Туркия ва Русия гурӯҳҳои теруристиро аз гурӯҳҳои ғайритеруристӣ дар Идлиб ҷудо кунанд. Ҳоло Русия мегӯяд, ин иттифоқ науфтода ва тақрибан кулли гурӯҳҳои мавҷуд дар Идлибро теруристӣ медонад.

Ин дар ҳолест, ки гурӯҳҳои умдаи муъориз дар Идлиб, таҳти ҳимояти мустақими Туркия ҳастанд ва сарбозони Туркия шона ба шонаи муъоризон ҷанг мекунанд.

Туркия иддао мекунад, ки давлати Сурия бо ҳимояти Русия мехоҳад Идлибро бозпас гирифта ва онро холӣ аз сакана кунанд. Ардуғон ба тозагӣ гуфта кишвараш хостори барқарории як минтақаи амн барои ҳудуди як милюн овораи сурӣ аст. Ба гуфтаи Ардуғон, ҳамакнун беш аз се милюн овораи сурӣ дар Туркия зиндагӣ мекунанд ва Туркия дигар наметавонад мавҷи оварагони бештареро таҳаммул кунад.

Бо авҷгирии бӯҳрон дар Идлиб, кишварҳои ғарбии муттаҳиди Туркия, мавзеъи муҳкаме дар муқобили Русия ва Сурия нагирифтаанд. Ба ҳамин далел, Туркия барои таҳти фишор қарор додани муттаҳидони ғарбиаш, таҳдид кард, ки роҳи вуруди паноҳҷӯён аз Туркия ба Урупоро боз хоҳад кард. Аммо бо ташдиди муроқибатҳои марзии Юнон, таъсири ин таҳдид камтар шудааст. Дар пайи иқдоми Туркия дар боз кардани марзҳояш ба рӯи муҳоҷирон, мақомоти Юнон масирҳои дарёӣ ва заминӣ бо Туркияро масдуд карданд.

Давлати Туркия дар парвандаи Сурия эҳсоси танҳоӣ мекунад ва кори хоссе аз дасти он сохта нест. Ардуғон ба давлати Сурия то охирҳои моҳи феврал мӯҳлат дода буд, ки аз манотиқи Идлиб хориҷ шавад. Аммо бо поён ёфтани ин мӯҳлат, давлати Сурия на танҳо аз Идлиб хориҷ нашуда, балки ҳамалоташ ба мавозеъи артиши Туркияро бештар кард. Давлати Сурия, бар хилофи Туркия, бидуни ҳаёҳу пешрафтҳои майдониро идома медиҳад ва зоҳиран дар бозпасгирии Идлиб мусаммам аст ва истротежии мунсаҷиме барои ин кор дорад.

Идлиб, дар солҳои ахир, маҳалли таҷаммӯъи тамоми гурӯҳҳои муъориз буд ва то муддате барои ин гурӯҳҳо амният дошт. Замоне, ки артиши Сурия машғули бозпасгирии соири манотиқи кишвар буд, омидона бо хуруҷи гурӯҳҳои мусаллаҳ ба сӯи Идлиб мувофиқат мекард. Саранҷом артиши Сурия, бисёре аз манотиқро бозпас гирифт ва акнун навбати Идлиб расидааст.

Аммо мушкил ин аст, ки Идлиб мамлув аз гурӯҳҳои мусаллаҳ аст ва ин гурӯҳҳо роҳи дигаре ҷуз ҷанг бо артиши Сурия ё ақибнишинӣ ба самти Туркия надоранд. Аз ҳамин рӯ, Туркия саъй мекунад вазъияти Идлибро бидуни тағйир нигаҳ дорад, то ҳам гурӯҳҳои мусаллаҳ онҷо бошанд ва ҳам ҷилави вуруди муҳоҷирони бештар ба Туркия гирифта шавад.

Ду гузинаи Туркия дар Идлиб

Аммо Туркия дар ин роҳ, гузинаҳои маҳдуде дорад. Зоҳиран, артиши Сурия бо ҳимояти нерӯманди Русия, азми худро ҷазм карда то барои ҳамеша аз гурӯҳҳои муъоризи мусаллаҳ халос шавад. Ҳол, агар Туркия бихоҳад ҷилави ин корро бигирад, ночор бояд нерӯҳои заминии бештаре ба Идлиб эъзом кунад. Албатта Туркия нерӯҳое эъзом карда, вале ҳанӯз натавониста давлати Сурияро аз бозпасгирии Идлиб мунсариф кунад. Давлати Сурия, аз ҳимояти ҳавоии артиши Русия бархӯрдор аст ва ҳатто агар муваққатан мушкилоте пеш биёяд, метавонад зарфи муддати кӯтоҳе бори дигар амалиётро аз сар гирад.

Ба ҳар ҳол, давлати Туркия баъд аз солҳо мухолифати низомӣ ва сиёсӣ бо давлати Сурия ҳамакнун бо паёмадҳои ҷадиди сиёсатҳояш дар Сурия мувоҷеҳ шудааст. Муттаҳидони ғарбӣ ва кишварҳои арабӣ масъалаи барканории Башшор Асадро фаромӯш карда ва дигар барандозии низоми Сурия ҷузъи авлавиятҳояшон нест. Аз сӯи дигар, давлати Сурия бо ҳимояти қавии Русия ва Эрон, саранҷом тавониста муъодилаи майдониро ба нафъи худ тағйир диҳад ва дигар наметавонад минтақаи маҳдуде монанди Идлибро ба гурӯҳҳои мусаллаҳ вогузор кунад. Амре, ки Туркия хостори он аст. Аз ин рӯ, Туркия ба марҳилае расида, ки ё бояд бо воқеиятҳои майдонӣ канор биёяд ё ин ки барои тағйири муъодилоти майдонӣ иқдомоти пурҳазинаи низомӣ анҷом диҳад, ки албатта бо ҳузури Русия дар Сурия, анҷоми чунин иқдомоте қатъан осон нахоҳад буд.

Fararu

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.