Ҷаҳон

Омори куруно дар Эрон дар 29 феврал: мубталоён ба 593 тан, ҷонбохтагон ба 43 тан ва беҳбудёфтаҳо ба 123 тан расид

Тибқи охирин омори Вазорати беҳдошти Эрон, шумори мубталоён ба вируси куруно дар ин кишвар ба 593 тан ва теъдоди ҷонбохтагон ба 43 тан расидааст.

Дуктур Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси Маркази иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон гуфт: “Бар асоси охирин натоиҷи озмоишҳо, ибтилои 205 мавриди ҷадид аз зуҳри гузашта то имрӯз қатъӣ шудааст.”

Вай афзуд: “Аз ин 205 тан, 52 тан устони Теҳрон, 21 тан устони Қум, 17 тан устони Гилон, 22 тан устони Гулистон, 12 тан устони Исфаҳон, 18 тан устони Марказӣ, 12 тан устони Мозандарон, 1 тан устони Хуросони разавӣ, 1 тан устони Илом, 8 тан устони Форс, 6 тан устони Озарбойҷони шарқӣ, 3 тан устони Ардабил, 8 тан устони Албурз, 4 тан устони Симнон, 5 тан устони Курдистон, 6 тан устони Қазвин, 4 тан устони Хузстон, 4 тан устони Язд ва 1 тан устони Систон ва Балучистон ҳастанд. Бинобар ин, омори мубталоёни қатъӣ ба куруно аз ибтидо то ба имрӯз 593 тан аст.”

Вай афзуд: “Мутаассифона дар 24 соати ахир, 9 тан аз мубталоён ҷонашонро аз даст доданд, бинобар ин, то зуҳри имрӯз омори ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишварамон аз ибтило то кунун ба 43 тан расидааст. Ҳамчунин то ба имрӯз дар маҷмӯъ 123 тан аз афроди бистаришуда беҳбуд ёфтаанд.”

Рубрики:Ҷаҳон, Ҷаҳони ислом

Помечен как:,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.