Сиёсат

Тавофуқномаи сулҳ миёни Омрико ва Толибон имзо шуд // Раҳбари Толибон ин тавофуқномаро як пирӯзӣ донист

Пас аз як соли музокирот, асри имрӯз Омрико ва Толибон тавофуқи сулҳро барои поёни ҷанг дар Афғонистон имзо карданд.

Ба гузориши расонаҳо, Залмай Халилзод, намояндаи вежаи Омрико дар умури сулҳи Афғонистон ва Мулло Ғанӣ Бародар, муовини сиёсии Толибон, тайи маросиме дар Дуҳа, пойтахти Қатар ва дар ҳузури мақомот ва намояндагони кишварҳои мухталиф, тавофуқи сулҳро барои поёни ҷанг дар Афғонистон имзо карданд.

Бар асоси ин тавофуқ, қарор аст нерӯҳои омрикоӣ ва хориҷӣ ба шарти пойбандии Толибон ба коҳиши хушунат дар Афғонистон, 14 моҳи оянда ба таври комил Афғонистонро тарк кунанд.

Бар асоси гузоришҳо, дар тавофуқномаи миёни Омрико ва Толибон омадааст, ки ин тавофуқ “миёни Аморати Исломии Афғонистон, ки аз сӯи Омрико ба расмият шинохта намешавад ва ба номи Толибон шинохта мешавад ва Иёлоти Муттаҳидаи Омрико” имзо шудааст.

Охундзода: “Ин пирӯзӣ ба ҳамаи муҷоҳидон таъаллуқ дорад”

Ба гузориши Уфуқ, Ҳибатуллоҳ Охундзода, раҳбари Толибон, пас аз имзои тавофуқномаи сулҳ миёни Омрико ва ин гурӯҳ дар Дуҳаи Қатар, эълом кард: “Ин пирӯзӣ як пирӯзии ҷамъӣ аст, ки ба миллати муҷоҳид ва тамоми мусалмонон таъаллуқ дорад.”

Вай дар ин бора гуфт: “Ин пирӯзӣ ба бародарону хоҳарони мо таъаллуқ дорад, ки ҷонфишониҳои фавқулъодаеро аз ҷон ва ё дороиҳои худ наздик ба 2 даҳа аз худ нишон доданд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.