Дидгоҳ

Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ…

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ин пурсиш ҳамеша фикрамро ба худ машғул медошт ва мехостам барояш як посухи дуруст биёбам, ки: чаро тасаввури аксар ба иттифоқи одамҳо — ва ҳатто худи мусалмонон бахусус авомми онҳо — аз ислом, бо он чи манобеъи динии мо аз ислом мегӯяд, фарқ мекунад ва аз ҳам фосила доранд; фосилае аз арш то фарш?!

Албатта, манзурам дар инҷо, ишора ба тафовути худи “ислом” бо “рафтори мусалмонон” нест, ки бигӯед:

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусалмонии мост.

Манзурам ин нест, ин баҳсаш ҷудост. Балки муродам, “андеша” ва “тасаввур”-и онҳо аз мафоҳим ва омӯзаҳои исломӣ аст, на “рафтор”-ашон. Ҳоло агар бихоҳам манзурамро бо андак тағйир дар мисроъи дуввуми ҳамин байт, иброз бидорам, метавон чунин гуфт:

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ин айб, ки ҳаст, маншааш пиндори мост.

Чи басо тараф дар ноҳияи амал ба дастуроти шаръӣ, як мусалмони ба истилоҳ, комиле бошад ва дар анҷоми маросими ибодӣ – аз намозу рӯзаву ҳаҷҷу закоту ғайра… – ҳеч кӯтоҳие ҳам накунад, аммо дар айни ҳол, тасаввураш дар бораи Худо ва иртиботи Худо бо бандагонаш ва ё дар бораи қазо ва қадари илоҳӣ, таваккул, зуҳд, ҷиҳод ва ғайра аз ин қабил мафоҳим, бо он чи Қуръони Карим дар бораи инҳо мегӯяд ва ё ҳазрати Паёмбар (с) баён фармудаанд, фосила дошта ва ё ҳатто воруна ва комилан баръакс бошад.

Яке аз асоситарин сабабҳои ин фосила доштан ба назари ман ин аст, ки дар аввалин рӯзҳое, ки як мусалмони оддӣ мехоҳад бо ин мафоҳим ошноӣ пайдо кунад, барои ӯ ин мафоҳим нодуруст илқо мешаванд ва дар зеҳни ӯ ҳамон ҳарфҳои аввал нақш мебанданд. Ин тасаввурот дар ӯ, барои аввалин бор, ё аз тариқи падару модараш ҳосил мешавад ё муллои маҳаллааш ва бештар аз ҳама, аз суханрониҳо ва хутбаҳои намози ҷумъа, ва имрӯзҳо бештар аз забони ба истилоҳ, “коршиносони исломӣ” дар шабакаҳои моҳвораӣ.

Ва замоне ҳам, ки як тасаввури ғалат ва воруна дар зеҳни инсон дар бораи масъалае шакл бигирад, дигар, тақрибан маҳол ва ё лоақал бисёр душвор аст он тасаввур тағйир ёбад, ва ҳар чи ҳам, ки ба ӯ бигӯед, оқо, ин тасаввур дуруст нест, ғалат аст, мегӯяд, на, ту исломро дуруст нафаҳмидаӣ.

Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ,

То сурайё меравад девор каҷ.

Ин нуктаро ҳам арз кунам, ки бо камоли таассуф, бештари муллоҳои маҳаллӣ ё имом-хатибҳо ва ҳатто “коршиносони исломӣ” дар шабакаҳои моҳвораӣ, дорои саводи ончунонӣ дар бораи ислом ва омӯзаҳои исломӣ нестанд ва ҳатто метавон гуфт, бесаводанд. Бо андаке гӯш фаро додан ба ҳарфҳояшон, сатҳи саводи онҳо маълум мегардад.

Ин яке аз бузургтарини мусибатҳо дар ҷаҳони ислом, лоақал дар ду қарни ахир (20 ва 21) аст, ки минбарҳои исломӣ – мисли минбарҳои масоҷид ва имрӯзҳо шабакаҳои моҳвораӣ – дар ихтиёри на уламои воқеан огоҳ, ки дар ихтиёри афроди камсавод, агар нагӯем бесавод, қарор дорад. Мардум бештар аз тариқи ҳамин минбарҳо ва аз забони ҳамин чаласаводҳо ислом меомӯзанд. Ба сухани дигар, уламои воқеӣ, ки илм доранд минбар надоранд, чаласаводҳо, ки аз дониши лозими динӣ баҳра надоранд минбар доранд. Албатта, дар инҷо, кӯтоҳӣ ва тақсир беш аз он, ки бар гардани ин чаласаводҳо бошад, бар гардани худи уламо ҳам ҳаст, ки минбарҳои исломиро, ки бисёр муҳим ҳастанд, дар ихтиёри ин афрод қарор додаанд.

Бинобар ин, мебинед, тасаввури аксар ба иттифоқи мусалмонҳо аз мафоҳиме мисли қазо ва қадар, адли илоҳӣ, таваккул, зуҳд, ҷиҳод ва ҳатто зоти Худованди Таборак ва Таъоло ва корҳои ӯ – ки бар асари шунидан аз ҳамин суханронҳо шакл гирифтааст – бо он чи дар манобеъи исломӣ (Қуръону суннат) ва аз забони муҷтаҳидони воқеии исломӣ баён шудааст, фосила дорад.

* * *

Ин мақола гунҷоиши зикри так-таки ин қаҷфаҳмиҳоро надорад, танҳо ба як мавриди он ишора мекунам. Ва он, суистифода аз ҷаҳли мардум ба суди дин аст. Фарз кунед, мардумоне дар рӯи замин бошанд, ки надонанд сабаби моҳгирифтагӣ (кусуф) чист ва ин ки агар кураи замин байни моҳ ва хуршед қарор бигирад, моҳ гирифта мешавад. Баъд, мани мусалмон бо истифода аз ҷаҳли мардум, ба онҳо бигӯям, ин ҳодиса ба хотири он воқеъ шуда, ки масалан шумо аз Худо рӯй гардондаед ва ё сабабаш ин аст, ки дар ин рӯз фалон валӣ ё олим даргузашт.

Ислом бо ин гуна суистифодаҳо ба шиддат мухолиф аст. Ва асосан, барои таваҷҷӯҳ додани мардум ба Худо ва дин, ниёз ба ин нест, ки то як ҳодисаи хориқулодае ба вуқӯъ бипайвандад ва он гоҳ мани мусалмон онро далели ҳаққонияти динам қарор бидиҳам. Вуҷуди Офаридгор чунон возеҳу бадеҳӣ аст, ки ба фармудаи Қуръони Карим, ҳатто ниёз ба барпоии далелу бурҳон барои он нест. Ва ҳамчунин, исботи ҳаққонияти ойни ислом низ ниёз ба ин гуна суистифодаҳо надорад.

Яке аз фарқҳои асосии ойини ислом бо динҳои дигар, мисли масҳеҳияти таҳрифшуда, дар ҳамин аст. Руҳониҳои масеҳӣ (лоақал дар қадим) ҳамеша аз ҷаҳли мардум ба суди дину Худобоварӣ баҳра меҷустанд, ки боис гардид баъдҳо баъзе аз донишмандони асри рӯшангарӣ дар Урупо, ҷаҳлро яке аз иллатҳои гароиши мардум ба дин шуморанд. Огуст Кант, файласуф ва ҷомеашиноси маъруфи фаронсавӣ, мегӯяд, ин ки одамҳо ба дин мегараванд, иллаташ ҷаҳл аст, иллаташ огоҳ набудан ба сабабҳои вуқӯи ҳаводис дар ҷаҳон аст ва вақте инсон ба иллатҳои воқеии ҳаводису падидаҳо огоҳӣ пайдо кунад, дигар ба тасавввури Худо ниёзе боқӣ намемонад. Ва ин дар ҳолест, ки ойини ислом баръакс ҷаҳлро яке аз монеъаҳои Худобоварӣ медонад, яъне дуруст баръакс.

Хулоса, ислом ба шиддат бо суистифода аз ҷаҳли мардум ба суди дину Худобоварӣ мухолиф аст. Ҳадиси машҳуре ҳаст, ки дар бисёре аз китобҳои ривоӣ ва низ сира нақл шуда, аз ҷумла Имом Бухорӣ дар Саҳеҳаш нақл мекунад:

Морияи Қибтия, ҳамсари Расули Худо (с), фарзанде ба дунё овард, ки ҳазрати Паёмбар (с) номи ӯро Иброҳим ниҳод. Ин писар мавриди алоқаи шадиди Расули Акрам (с) қарор гирифт, аммо ҳанӯз ҳаждаҳ моҳ аз умри ин кӯдак нагузашта буд, ки аз дунё рафт.

Пайғамбари Акрам аз ин мусибат ба шиддат мутаъассир шуд ва ашк рехт ва фармуд: Эй Иброҳим! Дил месӯзад ва ашк мерезад ва мо маҳзунем ба хотири ту, вале ҳаргиз бар хилофи ризои Худо чизе намегӯем.

Тамоми мусалмонон аз ин мусибат андӯҳгин шуданд. Дар рӯзи вафоти Иброҳим тасодуфан хуршед ҳам гирифта буд. Бо мушоҳидаи ин вазъият, мусалмонон ҳамагӣ иброз доштанд: гирифтани хуршед нишонаи ҳамоҳангии олами боло бо олами пойин ва Расули Худо (с) мебошад ва ин иттифоқ ҷуз ба хотири фавти фарзанди Пайғамбар чизи дигаре наметавонад бошад.

Ин матлаб ба гӯши ҳазрати Пайғамбари Акрам (с) расид ва он гоҳ ба масҷид омад ва ба минбар рафт ва фармуд:

إِنَّ الشَّمْسَ وَالقَمَرَ لاَ يَنْكَسِفَانِ لِمَوْتِ أَحَدٍ وَلاَ لِحَيَاتِهِ، فَإِذَا رَأَيْتُمْ فَصَلُّوا، وَادْعُوا اللَّهَ

Хуршеду моҳ на ба хотири марги касе гирифта мешаванд ва на ба хотири ҳаёти касе (балки ин гирифтагӣ сабабҳои табиии худашро дорад). Ҳар замон дидед, ки хуршед ё моҳ гирифт, намоз хонед ва дуо кунед.” (Саҳеҳи Бухорӣ, 2/34, Ашшомила)

Нуктаи ин достон дар ин ҷост, ки Пайғамбар (с) ҳаргиз намехост ҳатто барои ҳидояти мардум ва пешрафти ислом, аз нуқоти заъф ва ҷаҳолати ҷомеа истифода кунад. Он ҳазрат бо ин амали худ ин мантиқи пастро рад кард. Зеро ҳамон тавр ки арз шуд, ислом эҳтиёҷе ба чунин чизҳо надорад ва афроде бояд аз ин гуна масоил истифода кунанд, ки дину мактабашон бурҳону мантиқу далел надорад.

Саломат бошед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.