Ахлоқи зишт

Мову манӣ

Нақл аст, ки дар замони орифи номдор Шайх Абӯсаъиди Абулхайр маросим ва маҷлиси тоҷгузорӣ барои яке аз шуюхи тариқат дар назар гирифта буданд ва ба расми вуруд ба даргоҳи салотин афроди мумтозу мушахххас, ки меомаданд, ба таносуби шаъни онҳо, як ҷорчӣ, ки дар онҷо барои муаррифии афрод муқаррар шуда буд, аз тозаворид мепурсид, ки шумо кӣ ҳастед? Номатон ва мансабатон чист? Ва баъд ҷор мекашид ва ӯро ҳамон гуна, ки ӯ худ гуфта буд, ё дигарон тавсифаш карда буданд, муаррифӣ мекард. Ва ба таъбири имрӯзиҳо масалан, ҷаноби дуктур, дорандаи ҷоизаи казо Устод Фалончиев Фалонӣ!

Хуб, бисёре аз машойих дар ҳавзаи фиқҳу шариат ва низ дар ҳавзаи ирфону тасаввуф ва тариқату сулук омаданд ва як ба як тавассути ҷорчӣ эълом ва муаррифӣ мешуданд.

Як вақт Шайх Абӯсаъиди Абулхайр вориди маҷлис шуд. Ҷорчии мазкур давид ва рафт пеши Шайх ва гуфт:

— Ё Шайх! Шуморо бо чӣ унвон ва чӣ гуна муаррифӣ кунам?

Шайх Абӯсаъид гуфт:

— Барои чӣ?

Гуфт:

— Тамомии афроде, ки омаданд инҷо як ба як ҳамон гуна, ки расм аст ва ҳамон гуна, ки худ гуфта буданд, муаррифӣ шуданд, ҳоло мондаам, ки шуморо чӣ унвон кунам ва дар бораи шумо чӣ бигӯям? Ҳоло ҳар чӣ, ки бифармоед, ҳамонро бигӯям.

Шайх Абӯсаъид ҳам дар ҷавоб гуфт:

— Пеш рав ва ҷор бикаш ва бигӯ: Ҳеч ибни Ҳеч ибни Ҳеч омадааст!

Мавлоно дар ин замина гӯяд:

Нардбони халқ ин мову манист,

Оқибат з-ин нардбон афтоданест.

Ҳар кӣ болотар равад, аблаҳтар аст,

К-устухони ӯ батар хоҳад шикаст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.