Сиёсат

Охирин хабарҳо аз Идлиби Сурия

Дар ҳоле, ки шомгоҳи шанбе артиши Туркия корвони бузурге аз таҷҳизоти низомӣ ба устони Идлиб дар шимоли ғарби Сурия эъзом кард, артиши Сурия эълом кард, ки имрӯз (якшанбе) ҳарими ҳавоиро дар шимоли ғарби Сурия бавежа дар устони Идлиб, ба рӯи ҳавопаймоҳо ва паҳподҳо баст.

Ба гузориши Jamaran, артиши Сурия эълом кард, ки имрӯз (якшанбе) ҳарими ҳавоиро дар шимоли ғарби Сурия бавежа дар устони Идлиб ба рӯи ҳавопаймоҳо ва паҳподҳо баст.

Бар пояи ин гузориш, давлати Сурия эълом кард, ки артиши ин кишвар дар ростои амал кардан ба вазоифи қонунӣ ва миллии худ, дифоъ аз ҳокимияти кишвар, амният ва саломати арозии он, ҳарими ҳавоиро дар минтақаи шимоли ғарбии Сурия бавежа бар фарози Идлиб ба рӯи ҳавопаймоҳо ва паҳподҳо баст.

Артиши Сурия афзудааст, ки ҳар гуна ҳавопаймо ҳарими ҳавои моро нақз кунад, ҳавопаймои мутаҷовиз шумурда мешавад ва бояд сарнагун шуда ва набояд гузошт ба аҳдофи таҷовузкоронааш бирасад.

Хабаргузории “Соно”-и Сурия низ гузориш дод, ки артиши Сурия як паҳподи Туркияро бар фарози шаҳри Сароқиб дар ҷануби шарқи Идлиб сарнагун кард.

Аз сӯи дигар, гурӯҳҳои мусаллаҳи муъоризи сурияӣ низ гуфтанд, як ҳавопаймои Сурия бо мушаки “замин ба ҳаво” дар Идлиб сарнагун шудааст.

Вазорати дифои Туркия эълом кард, ки амалиёти низомии худ дар устони Идлибро ”Сипари баҳор” ном гузоштааст.

Ҳулуси Окор, вазири дифои Туркия, ҳамлаи ин кишвар ба Идлиби Сурияро “Сипари баҳор” номид ва гуфт, ки амалиёти низомӣ, ки дар пайи ҳамла ба нерӯҳои ин кишвар дар Идлиб дар 27 феврал оғоз шуд, бо муваффақият идома дорад. Дар ин ҳамлаҳо, даҳҳо тан аз сарбозони артиши Сурия ва низ ҳампаймононаш аз ҷумла Ҳизбуллоҳи Лубнон ҷон бохтаанд.

Окор афзуд, ки Туркия аз Русия таваққӯъ дорад, ки аз нуфузи худ барои таваққуфи ҳамалоти артиши Сурия ва ақибнишинӣ ба марзҳои тавофуқномаи Сочи истифода кунад.

Ин дар ҳолест, ки давлати Туркия бори дигар корвони бузурге аз таҷҳизоти низомиро шомгоҳи шанбе ба устони Идлиб дар шимоли ғарби Сурия эъзом кард.

Як корвони низомии Туркия рӯзи шанбе аз тариқи гузаргоҳи марзӣ дар шимоли ғарби Сурия, вориди ин кишвар шуд ва ба самти Ҷабалуззовия рафт. Ин корвон мураккаб аз чандин дастгоҳи худрави зиреҳӣ ва тонк буд.

Ин иқдоми Туркия ҳамзамон бо ташдиди танишҳо бо Сурия ва дар ростои истиқрори таҷҳизоти низомии бештари Онкоро дар шимоли ғарби Сурия ба манзури муқобила бо пешравии артиши ин кишвар дар устони Идлиб сурат гирифтааст.

Аз моҳи феврал, ки Онкоро тасмим ба эъзоми нерӯҳое ба манотиқи таҳти контроли гурӯҳҳои муъориз дар Сурия гирифтааст, беш аз 55 низоми туркияӣ дар Сурия кушта шуданд.

34 низомии Туркия бомдоди рӯзи ҷумъа дар ҳамлаи ҳавоӣ, ки дар наздикии рустои Албора дар Ҷабалуззовия (атрофи Идлиб) рух дод, кушта шуданд, ки пас аз он, давлати Туркия низ даст ба ҳамалот алайҳи мавозеъи артиши Сурия задааст.

Амалиёти артиши Сурия алайҳи ба гуфтаи ӯ теруристҳо, ки аз кишварҳои мухталифи дунё бахусус аз кишварҳои пасошӯравӣ ташкил шудааст, дар устонҳои Идлиб ва ба дунболи нақзи густурдаи оташбас муҷаддадан оғоз шуд ва камокон идома дорад.

Намояндаи Сурия дар Шӯрои амният ҳам шаби гузашта аз Шӯрои амният хост, монеъи рафторҳои хасмонаи Туркия дар шимоли Сурия ва иқдоми Онкоро дар ҳимоят аз гурӯҳҳои теруристӣ шуда ва таҷовузҳои режими саҳюнистӣ ба ҳарими ҳавоии Сурия шавад.

Имонуил Мокрун, раисиҷумҳури Фаронса ҳам бомдоди якшанбе ба сурати телефонӣ бо Раҷаб Тайиб Ардуғон ва Владимир Путин, ҳамтоёни туркӣ ва русии худ, дар бораи таҳаввулоти ахири Идлиб сӯҳбат кард.

Мокрун дар ин тамоси телефонӣ, аз Путин ва Ардуғон хост, то ба амалиёти низомӣ дар Сурия поён дода ва бар сари як оташбаси доим тавофуқ кунанд.

Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон ҳам шомгоҳи шанбе дар гуфтугӯҳои телефонӣ бо Путин ва Ардуғон, бар зарурати иҷрои тавофуқи Остона дар Идлиби Сурия таъкид кард.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.