Достон ва ҳикоёт

Ҳикояте омӯзанда аз зиндагии Хоҷа Насируддини Тӯcӣ

Ба баҳонаи зодрӯзи Хоҷа Насируддини Тӯсӣ

Атомалики Ҷувайнӣ, яке аз вазирони дарбори Ҳалоку ва муаллифи китоби “Таърихи ҷаҳонгушой”, ба Хоҷа Насируддини Тӯcӣ гуфт:

— Акнун, ки Эрон дар зери юғи аҷнабӣ (муғулон) аст ва ҳеч ҷойи нафас кашидан нест, беҳтарин ҷойи дунё барои иқомат гузидан куҷост, то аз барои рушду ҳифзи ҷон ба он ҷо даройем?

Хоҷа хандае кард ва гуфт:

— Беҳтарин ҷо Эрон аст, ва аз барои шахси худи ман зодгоҳам Тӯс. Шуморо дигар намедонам, мухторед интихоб кунед ва азми сафар намоед.

Атомалик посух дод:

— Барои донишмандоне назири мо бистари оромиш дарвозаҳои бошукӯҳтаре ба рӯйи ояндагон хоҳад гушуд.

Хоҷа ба таъна гуфт:

— Албатта агар ояндае бошад! Чаро ки фирори аҳли хирад нафъи шахсӣ оидашон мекунад ва дар ин ҳол диёри модарӣ ҳамчунон хоҳад сӯхт. Имрӯз муҳимтарин вазифаи мо истодан ва хирадро ба кор бурдан барои рафъи истилои аҷнабӣ аст, ва агар ин кор натавонем, дигар фоидае барои зинда будан намебинам.

Атомалики Ҷувайнӣ дар ҳоле, ки ба замин менигарист, ба Хоҷа Насируддини Тӯcӣ гуфт:

— Барои ман бузургтарин неъмат ҳамин аст, ки дар канори озодмарде ҳамчун шумо ҳастам.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.