Сиёсат

Сароқиб муҷаддан тавассути артиши Сурия озод шуд // Вазири дифои Туркия мегӯяд, 2 ҳазор сарбози суриро аз пой даровардаанд

Манобеи хабарии муъоризони сурӣ гузориш карданд, ки шаҳраки роҳбурдии Сароқиб муҷаддадан ба тасаллути артиши Сурия даромадааст. Ин дар ҳолест, ки вазири дифои Туркия мегӯяд, дар ҳамлаи ахири Туркия ба Сурия, ҳудуди 2 ҳазор сарбози сурӣ аз пой даромаданд.

Маркази мавсум ба “Дидабони ҳуқуқи башари Сурия” — наздик ба муъоризони сурӣ – гузориш дод, ки нерӯҳои артиши Сурия тавонистанд шаҳраки роҳбурдии Сароқибро дубора ба сурати комил озод кунанд ва муҷаддадан контроли онро ба даст гиранд.

Ва ин дар ҳолест, ки Ҳулуси Окор, вазири дифои Туркия имрӯз (душанбе) гуфт, 2122 сарбози артиши Сурияро аз пой даровардаанд.

Ба навиштаи рӯзномаи Daily Sabah, Окор бо ишора ба оғози амалиёти ҷадиди “Сипари баҳор” дар шимоли ғарби Сурия, гуфтааст: “То алъон як фарванд паҳпод, 8 фарванд болгард, 103 дастгоҳ тонк, 72 дастгоҳ тӯпхона, 3 сомонаи падофанди ҳавоӣ нобуд шуда ва 2122 низомии режим аз пой даромадаанд.”

Ва ин дар ҳолест, ки сухангӯи артиши Сурия ба шиддат ин гузоришро такзиб ва онро як “иддаои тухолӣ” тавсиф кард. Вай, бо эътироф ба кушта ва захмӣ шудани шуморе аз сарбозони сурӣ ва низ таҷҳизоти низомӣ бар асари ҳамлаи Туркия, аммо гузориши Окорро “иғроқомез” унвон кард.

Окор ҳамчунин афзуд: “Мо аз Русия интизор дорем, ки режим (-и Сурия)-ро водор ба мутаваққиф кардани амалиёти низомӣ дар Идлиб ва бозгашт ба маҳдудаи тавофуқи Сочи кунад.”

Ардуғон: “Ҳеч мушкиле бо Эрон ва Русия дар Сурия надорем”

Раисиҷумҳури Туркия зимни ибрози умедворӣ барои расидан ба тавофуқи оташбас дар Идлиб дар дидори рӯзи панҷшанбеи худ бо раисиҷумҳури Русия, гуфт, Онкоро ҳеч мушкиле бо Маскав ва Теҳрон дар Сурия надорад.

Вай имрӯз (душанбе) гуфт, ки барои дидор бо Владимир Путин, ҳамтои русии худ ва гуфтугӯ дар бораи Идлиб, ба Маскав сафар мекунад.

Ба навиштаи хабаргузории Онотулӣ, Ардуғон бо ишора ба ин сафар дар рӯзи панҷшанбе, ибрози умедворӣ кард, ки дар гуфтугӯ бо Путин ба тавофуқе барои оташбас ва таваққуфи амалиёти артиши Сурия дар Идлиб бирасанд.

Раисиҷумҳури Туркия дар бахши дигаре аз сӯҳбатҳояш, ба мавзӯи иҷоза додан ба муҳоҷирон барои убур аз марзҳои Туркия ва рафтан ба Урупо ишора карда ва гуфт: “Дигар гузаргоҳҳои марзиро ба рӯи паноҳҷӯёне, ки бихоҳанд ба Урупо бираванд, намебандем. Ин тасмимест, ки гирифта шуда.”

Вай изҳор дошт: “Замоне ки марзҳоро ба самти Урупо ба рӯи муҳоҷирон гушудем, бо мо тамос гирифтанд, ки гузаргоҳҳоро бибандем. Кор аз кор гузаштааст… Ҳоло навбати шумост, ки ин борҳоро таҳаммул кунед.”

Вай гуфт: “Муҷаддадан ба Русия ва Эрон мегӯям, мушкиле бо шумо дар Сурия надорем.”

Раисиҷумҳури Туркия идома дод: “Туркия то кунун на Русия ва на Эронро ҳадаф қарор надода ва ҳеч вақт ин корро нахоҳад кард. Амалиёти мо фақат аносури режиме, ки хуни сарбозони моро рехта, нобуд мекунад.”

Ва ин дар ҳолест, ки дар ҷараёни ҳамлаи ахири Туркия шуморе аз мусташорони низомии Эрон низ ҷон бохтанд.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон: “Нишасти сарони Эрон, Русия ва Туркия барои ҳалли бӯҳрони Идлиб ба зудӣ дар Теҳрон баргузор мешавад”

Сайидаббоси Мӯсавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷи Эрон, гуфт: “Яке аз иқдомоте, ки то кунун дар ин замина сурат додем, тамос бо тамоми тарафҳои даргир будааст ва дархост кардем ҳар чӣ зудтар ройзаниҳои мухталиф байни се кишвар, байни худи Сурия ва Туркия, байни мо, Русия ва Туркия ва дар сутуҳи мухталиф сурат гирад ва Ҷумҳурии Исломии Эрон то ҳусули натиҷа ва бозгашти оромиш ба минтақа пайгириҳои худро идома хоҳад дод. Умедворем талошҳои мо ба натиҷа бирасад. Мо дар ҳоли ройзанӣ ҳастем, ки ҳар чӣ зудтар нишасти сарони се кишвар дар Теҳрон баргузор шавад ва умедворем ин таърих ҳар чӣ зудтар ниҳоӣ шавад.”

Мӯсавӣ афзуд: “Мо ҳамон тавр ки гуфтаем, ҳанӯз роҳи ҳаллро гуфтугӯ медонем ва ҳанӯз ҳам меконизми Остонаро муҳимтарин созукор барои ҳалли ихтилофот дар Сурия медонем ва талош мекунем ин меконизм ҳар чӣ зудтар дар сатҳҳои мухталиф аз ҷумла дар сатҳи сарон ҳар чӣ зудтар шакл гирад ва ин гуфтугӯ анҷом шавад.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.