Дидгоҳ

Ҷаласа яъне ҳадар додани вақт, роҳи ҳалле вуҷуд дорад?

Ду гуна кор дорем: навъи аввал, ки шомили анвоъу ақсоми корҳое аст, ки коргарону кормандони зердаст анҷом медиҳанд, ва навъи дуввум, ки махсуси мудирону масъулон аст: “ҷаласа рафтан”. Ҳар иттифоқе, ки меафтад, аввалин чизе, ки мешунавем ин аст, ки ҷаласаҳое баргузор хоҳад шуд. Аммо ҷаласа, чунонки медонед, яке аз бесамартарин чизҳои дунёст. Пур аз ҷадалҳои беҳосил ва худнамоиҳои ҳавсалакуш. Аммо шояд битавонем бо ба кор бастани чанд нукта ҷаласотамонро каме пурбортар кунем…

Ба қалами Суфиё Эпстойн (Sophia Epstein) дар нашрияи Wired

Агар бихоҳем дар як калима бигӯем, ки чаро гунаи башар рушд накардааст ва ҳаргиз ҳам нахоҳад кард, он як калима “ҷаласа” аст.” Ин ҷумларо Дев Бери (Dave Barry), нависандаи омрикоӣ гуфтааст. Бероҳа ҳам намегӯяд. Бихоҳем ё нахоҳем, ҷаласаҳо бахше калидӣ аз зиндагиамон ҳастанд. Аммо ҷаласа метавонад бисёр муфидтар аз ин чизе ҳаст, ки бошад.

Ба ин тавсияҳои содда амал кунед, то шояд (ва таъкид мекунам, шояд) гунаи башар битавонад билохира ба ҳадди ниҳоии рушдаш бирасад. Сабр кунед бибинам, назаратон чист, ки ҷаласае дар бораи ин мавзӯъ дошта бошем?

Аввал аз ҳама: чашмбаста ба ҷаласа наравед. Ҳар ҷаласае бояд ҳадаф дошта бошад ва ҳама бояд ин ҳадафро ба таври дақиқ бидонанд. Ҳейден Вуд (Hayden Wood), ҳамбунёнгузор ва мудири Bulb — ки ҳеч ҷаласаеро бидуни дастури ҷаласа баргузор намекунад — мегӯяд: “Ин нукта содда ба назар мерасад, аммо иттифоқан хеле таъсиргузор аст. Мо маъмулан дастури ҷаласаро дар даъватномаи ҷаласа менависем, аммо агар ҳам чунин накунем, дар ибтидои нишаст дар бораи дастури ҷаласа ба тавофуқ мерасем.”

Эми Куп (Amy Cowpe), масъули манобеъи инсонӣ дар CharlieHR мегӯяд, тимаш дар так-таки ҷаласоти раҳбарӣ, дар 5 дақиқаи ибтидоӣ мепурсанд, ки чӣ чизҳое барояшон дағдаға шудааст, ва масоиле, ки дар ин 5 дақиқа матраҳ мешавад, дастури ҷаласаро ташкил медиҳад. Ӯ мегӯяд: “Ин кор боис мешавад дар бораи воҷибтарин чизҳо сӯҳбат кунем.”

Вақте фаҳмидед меҳвари баҳс чист, онро ба амал дароваред. Вуд мегӯяд: “Ман мепурсам: чӣ монеъе вуҷуд дорад, ки ин корро имрӯз анҷом надиҳем? Ва ҷавоб маъмулан ҳамин аст: ҳеч чиз.” Бад-ин шакл метавон корҳои мусбатеро аз тариқи ҷаласот ба анҷом расонд.

Ширкати Bulb ахиран навъе сохтори ташвиқии ҷадидро ба иҷро гузошт. Ба гуфтаи Вуд: “Як рӯз идеяш ба зеҳнамон расид, рӯзи баъд ба дигарон ҳам иттилоъ додем ва рӯзи севвум ба иҷро гузошта шуд.” Албатта ин равия чандон маъмул нест. Яке аз ҳамкорони Вуд қаблан дар яке аз чаҳор ширкати бузурги текнулужӣ кор мекард.

Вуд мегӯяд: “Онҳо 3 моҳ дар талош буданд, то сохтори ташвиқии ҷадидеро барои яке аз тимҳояшон иҷро кунанд.” Вуд тавсия мекунад, ки ҷаласотатонро бар амал мутамаркиз кунед, то битавонед корҳоро ба анҷом бирасонед.

Ширкати Bulb ба ҷойи ин ки дар як нишаст ба тасмимоти умда бипардозад, онҳоро ба ҷаласоти мухталиф тақсим мекунад, то ба қавли Вуд “қобили ҳазмтар шаванд ва роҳаттар бишавад ҳаллашон намуд”. Ин равиш дар ширкатҳои бузург низ ҷавобгӯст.

Эмили Макси (Emily Maxey), муовини раиси бозорёбии байналмилалии ширкати Adidas мегӯяд: “Ин чизест, ки барои расидан ба он дар талошем, оё метавонем сареътар амал кунем? Оё метавонем коре кунем, то мутмаин шавем бо суръати мавриди интизори масрафкунандагон пеш меравем?

Агар назари тамоми ҳозирини ҷаласаро бишнавед, эҳтимоли бештаре вуҷуд дорад, ки ба натоиҷи сареъ бирасид. Куп бо тавзеҳи ин ки ниме аз тими раҳбарии CharlieHR сареъандешҳои омӯзишдида ҳастанд, мегӯяд: “Таҷриба нишон медиҳад яке аз чизҳое, ки монеъи самарбахшии ҷаласот мешавад, ин аст, ки ҷаласа тавре пеш биравад, ки барои сареъандешҳо ё кундандешҳо муносиб набошад.”

Дар ин ҳолат, мумкин аст сареъандешҳо дар лаҳза идеяҳоеро матраҳ кунанд. Аммо ними дигари тим, ки кундандешҳои дарунгаро ҳастанд, фурсати чандоне барои мушорикат намеёбанд.

Куп мегӯяд: “Дар ҷаласоти раҳбариамон, садоҳое, ки баландтар буд маъмулан бештар ба гӯш мерасид. Аммо маъниаш ин набуд, ки мо лузуман ба тасмимоти муваффақе ҳам мерасидем.” Ба гуфтаи Макси, доштани тайфе аз дидгоҳҳо ва бинишҳои мухталиф дар бораи як мавзӯъ, барои муваффақият зарурӣ аст.

Тими CharlieHR барои ҳалли ин масъала, ҷузвае дар канори даъватнома мефиристад, ки бояд пеш аз вуруд ба ҷаласа хонда шавад, бахусус барои ҷаласоте, ки мавзӯи муҳимме доранд. Ин кор боис мешавад ҳамкорони сокиттар низ фурсате биёбанд, то барои баҳс омода шаванд. Куп мегӯяд: “Мо мушорикати иҷборӣ ҳам дорем.” Онҳо суолҳои хоссеро аз пеш тавзеъ мекунанд ва ҳама бояд дар ҷаласа посухи худашонро ироа диҳанд. Бино бар таҷриба, барои бозхӯрд гирифтан аз дарунгароҳо ин кор бисёр муассиртар аз пурсидани “касе назаре надорад?” аст.

Бояд ба ёд дошт, ки ҳарчанд самарбахшӣ муҳим аст, аммо боз ҳам ҳозирин дар ҷаласа инсон ҳастанд. Вуд мегӯяд: “Хуб аст ҳар як аз ҳозиринро ба унвони як инсон ҳисоб кунем. Ба ҳамин хотир ҳар кас дар ибтидои ҷаласа эъломи ҳузур мекунад. Мо даври утоқ чархе мезанем ва аз так-таки афрод се суол мепурсем: ҳолат чӣ тавр аст? Имрӯз чизе ҳавоссатро парт намекунад? Ё чизе самимӣ ва шӯхтабъона, ки ҳоли афродро иваз мекунад.”

Ин кор шояд масхара ба назар биёяд, аммо ба гуфтаи Вуд, таъсири мусбате дорад: “Ин кор бисёр таъсиргузор аст, чун кӯмак мекунад ҳиссу ҳолеро, ки бо худамон ба дохили ҷаласа меоварем, дарк намоем.”

Тамоми ҳозирин дар ҷаласа бояд нақши мушаххасе дошта бошанд. Куп мегӯяд: “Бадтарини ҷаласот онҳое ҳастанд, ки афроди ҳозир дар он нақшашонро намедонанд.” Ӯ аз чорчӯби хосси мавсум ба RACI истифода мекунад: масъул, посухгӯ, мушовир ва муталлеъ. Танҳо ду ё се нафар дар нақши масъул ва посухгӯ қарор мегиранд. Ҳамин чанд нафар ҳастанд, ки тасмими ниҳоиро мегиранд. Мушовирҳо фақат барои назар додан дар ҷаласа ҳузур ёфтаанд ва ба қавли Куп, “ин шаффофият боис мешавад ҷаласот пурсамартар бошанд.”

Таъйини ин нақшҳо боис мешавад интихоби даъватшавандагон ба ҷаласа низ осонтар бошад. Ҷеф Безус (Jeff Bezos), раиси Amazon, қонуни соддатаре дорад: агар натавонед бо ду питзо тамоми ҳозирини ҷаласаро сер кунед, маълум мешавад утоқро беш аз ҳадд шулуғ кардаед.

Вақте дар ҷаласа ҳастед, дақиқ гӯш бидиҳед. Ин кор зоҳиран осон аст, аммо дар амал на, чун ба қавли Куп, “ғаризаи табиии ҳар кас “шунидан бо ҳадафи ҷавоб додан” аст. Афрод ба шиддат талош мекунанд нуқта назари худро матраҳ кунанд, аз ин рӯ худхоҳона гӯш мекунанд, чун мехоҳанд чизеро бигӯянд, ки ба назари худашон арзишманд аст.”

Куп ва ҳамкоронаш рафторҳои каломии мухталифро бо рангҳо барчасб мезананд. Қирмиз бад аст. Куп мегӯяд: “Паридан васати ҳарфи бақия мутлақан кори нодурусте аст.” Сабз хуб аст: ворид кардани касе ба гуфтугӯ ё пурсидани суол. Мухолифат бо касе ё ироаи идея низ бо обӣ барчасб мехӯрад.

Ин систем бар мабнои пажӯҳишҳои Нил Рэкҳем (Neil Rackham), равоншинос аст ва тамоми афроди ширкати CharlieHR инро дарк мекунанд. Дар тӯли ҷаласот назароти шабеҳ чунин матраҳ мешавад: “Рафтори сабз, олӣ буд Олис!” ё “Оҳ, ин рафтор қирмиз буд Гери!”. Ба гуфтаи Куп, “ин ҳарфҳо каме ҳам ҳолати мизоҳ дорад”, аз ин рӯ касе таҳқир намешавад ва аз сӯе рафторҳои мусбат низ ниҳодина мегардад.

Куп мегӯяд: “Ҷаласотамон ҳоло бисёр оҳистатар шудаанд. Албатта бештар тӯл намекашад, фақат оҳангашон оҳистатар шуда ва ба тасмимоти беҳтаре ҳам мерасем.”

Воқеан бузургтарин иштибоҳи мумкин ин аст, ки ҷаласаро ба унвони ҳолати пешфарз дар назар бигиред. Вуд мегӯяд: “Саъй кунед аз ин фарҳанги ҷаласоти бесамар дурӣ кунед.” Як лаҳза ба ин ҳам фикр кунед, ки шояд як емайл кофӣ бошад. Ба қавли Куп, “маъмулан вақте ба ин фикр кунед, ки ба дунболи чӣ натиҷае ҳастед, ба хубӣ равшан мешавад, ки баргузории ҷаласа беҳтарин роҳи дастёбӣ ба он натиҷа нест.” Беҳтарин роҳи дурӣ аз ҷаласаҳои бесамар чист? Ин ки аслан баргузорашон накунед.

Wired

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.