Иқтисод

Ӯзбакистон ва туризм

Ба қалами Азиз Нақибзод

Азиз Нақибзод

Дар соли гузашта 6 748 500 гардишгар аз Ӯзбакистон дидан намудаанд. Кишвари ҳамсоя аз ин соҳа 1,3 милёрд дулор фоида дидааст. Ва ин омор танҳо фоидаеро дарбар мегирад, ки давлат аз хидматрасониҳои гардишгарӣ дидааст. Ба замми ин, як гардишгар аз хидматрасонии токсӣ, рестурон ва дигар намуди воситаҳои нақлиёт истифода мекунад, ки ба фоидаи мардуми ҳамин кишваранд ва ба омори зикршуда ворид намешаванд. Ҳамчунин ҳар як гардишгар аз инҷо дастовез мехарад, ки ин ҳам ба фоидаи ҳам давлат ва ҳам мардум анҷом мешавад. Дар воқеъ, ҳунарҳои мардумӣ дар ин кишвар ба дараҷае рушд кардаанд, ки шояд дар тамоми кишварҳои Шӯравии собиқ назир надошта бошанд.

Кормандони сарҳаду гумрук вақти вуруду хориҷ шудани гардишгарон хеле хушмуомила ҳастанд, чун шикояти як гардишгар метавонад сабаби аз даст додани ҷои кораш бишавад.

Дар тамоми ҷойҳои таърихиву диданӣ пулиси туризм фаъолият мекунад, ки ба мушкили гардишгарон расидагӣ менамояд.

Дар сари ҳар қадами шаҳрҳои таърихӣ, мардум ҳавлиҳояшонро ба Ҳутел ва Хостел табдил додаанд, ки гардишгарон метавонанд бо нархҳои дастрас аз хидматрасониашон истифода баранд. Моликони ҳутелҳо мегӯянд, ки то замони ба қудрат расидани Мирзиёев барои иҷозаи табдили хона ба ҳутел маҷбур будем, ки ба Тошканд биравем ва рӯзҳои зиёд қоғазбозӣ кунем. Ҳоло ҳамагӣ дар як рӯз дар ҷойи истиқомат метавонем, ин иҷозаро ба даст оварем. Ҳотелҳо бидуни муроҷиат ба пулис меҳмонро ба қайди меҳмонхона мегузоранд.

Дӯконҳои армуғонфурӯшӣ дар ҳар сари қадам бахусус дар дохилу пеши биноҳои таърихӣ фаъолият мекунанд.

Ӯзбакистон тамоми чораҳоро барои он ки як гардишгар худро дар ин ҷо роҳат эҳсос кунад, мебинад.

Ширкатҳои мобилӣ барои гардишгарон тарифҳои махсусро пешниҳод мекунанд, ки нисбати дигар тарифҳо каме гаронтар аст, аммо дорои интернети баландсуръат мебошанд.

Ҳунари пазандагии мардуми Самарқанду Бухорову Фарғонаро ҳама медонанд, ки дар Осиёи Марказӣ аз беҳтаринҳост. Аммо ба хотири гардишгарони хориҷӣ қаҳвахонаҳои урупоӣ ҳам дар аксари мавзеъҳои таърихӣ ташкил шудаанд.

Агар ӯям, ки дар Қалъаи Ҳисор як қаҳвахонаи урупоӣ намерасад, ҳатман ақлаке пайдо мешавад, ки мегӯяд, қаҳва дар Урупо пур аст, барои гардишгар оши буридаи мо аҷиб аст. Аммо мо дар айвончаи ошёнаи дуввуми ҳуҷраи Мадрасаи Регистон Espresso нӯшидем.

Агар мо таҷрибаи дусолаи гадишгарии Ӯзбакистонро омӯзем ва дар кишвари худ амалӣ кунем, айбе нахоҳад дошт. Аввалин коре, ки дар ин самт бояд ба иҷро расонд, ба назарам кормандони сарҳадбонӣ, гумрук ва пулисро тарбия кард, то бо меҳмонон хушмуомила бошанд ва дар симои ҳар як гардишгар рушди ояндаи кишварро бубинанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.