Ахлоқи писандида

Худо зебост ва зебоиро дӯст дорад

Мусалмононеро мешиносам — ки аз қазо, андак ҳам нестанд – фаҳмашон аз мутавозеъ ва фурӯтан будан, ки ислом бар он таъкид дорад, ин аст, ки ту набояд шику ороста бошӣ; либосҳоят уту нокарда ва нотамиз, ришу сару суратат номураттаб, ва хулоса дорои шаклу андоми бисёр ишмиъзозовар бошӣ. Дар ҳоле, ки ислом, дар айни ин ки ба тавозӯъу фурӯтанӣ мехонад, дастур медиҳад шику ороста бош, либосҳоят зебову хушгил бошанд ва дорои ришу фашу сурати мураттабу муназзаме бошӣ.

Ҳадиси хеле ҷолибе ҳаст, ки ҳадиспажӯҳон аз ҷумла Муслим дар Саҳеҳаш ва Аҳмад ибни Ҳанбал дар Муснадаш нақл кардаанд. Боре, ҳазрати Паёмбар (с) фармуданд:

لاَ يَدْخُلُ الْجَنَّةَ مَنْ كَانَ فِي قَلْبِهِ مِثْقَالُ ذَرَّةٍ مِنْ كِبْرٍ

Вориди биҳишт намешавад касе, ки дар қалбаш заррае аз кибру ғурур бошад...”

Як мард – ки зоҳиран, шику ороста буданро навъе такаббур мепиндошта – пурсид:

إِنَّ الرَّجُلَ يُحِبُّ أَنْ يَكُونَ ثَوْبُهُ حَسَنًا، وَنَعْلُهُ حَسَنَةً

 “Марде дӯст дорад либосҳояш зебо ва тамиз ва кафшҳояш хушгил бошанд.” Мехоҳад бигӯяд, оё якчунин одаме мутакаббир ба шумор меравад?

Ҳазраташ (с) дар посух фармуд:

إِنَّ اللهَ جَمِيلٌ يُحِبُّ الْجَمَالَ

Худованд зебост ва зебоиро дӯст дорад.” Яъне, ин ки зоҳири зебое дошта бошӣ, ин иттифоқан чизест, ки Худо меписандад ва дӯст дорад ва рабте ба такаббур надорад.

Сипас барои ин ки тараф беҳтар чистии такаббурро бифаҳмад, фармуданд:

الْكِبْرُ: بَطَرُ الْحَقِّ وَغَمْطُ النَّاسِ

Кибр ин яъне ҳақро напазируфтан ва таҳқири мардумон кардан аст.” (Саҳеҳи Муслим, 1/65, Ашшомила) Ба ин маъно, ки вақте сухани ҳаққе дар забони як инсон ҷорӣ мешавад, ту аз рӯи такаббуру худбартарбинӣ напазирӣ, бо ин пиндор, ки агар бипазирӣ, кучак шудаӣ. Ҳамчунин, такаббур ин таҳқири одамҳост.

Бинобар ин, чи басо як инсон дорои зоҳири бисёр чиркину номураттабу олудае буда, вале бисёр мутакаббиру худбартарбине бошад, ва баръакс, инсоне бошад бо зоҳири бисёр шику мураттаб, вале фурӯтан ва мутавозеъ.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.