Ахлоқи зишт

Чаҳор панд аз Мавлоно

Агар дар бародари худ айб мебинӣ, он айб дар туст, ки дар ӯ мебинӣ

Мавлоно гӯяд:

Агар дар бародари худ айб мебинӣ, он айб дар туст, ки дар ӯ мебинӣ… Гуфт: пилеро оварданд бар сари чашмае, ки об хӯрад. Худро дар об медид ва мерамид. Ӯ мепиндошт, ки аз дигарӣ мерамад, намедонист, ки аз худ мерамад.

Ҳамаи ахлоқи бад – аз зулму кину ҳасаду бераҳмиву кибр – чун дар туст намеранҷӣ. Чун онро дар дигарӣ мебинӣ, мерамӣ ва меранҷӣ…”

(Фиҳӣ мо фиҳӣ, с.78)

Ба ин мазмун, дар Маснавӣ низ фармояд:

Эй басо зулме, ки бинӣ дар касон,

Хӯйи ту бошад дар эшон, эй фалон!

Андар эшон тофта ҳастии ту,

Аз нифоқу зулму бадмастии ту.

Он туӣ в-он захм бар худ мезанӣ,

Бар худ он дам тори лаънат метанӣ.

Дар худ он бадро намебинӣ аён

В-арна душман будаӣ худро ба ҷон.

* * *

Идрок

Мавлоно фармояд:

Ин сухан барои он кас аст, ки ӯ ба сухан мӯҳтоҷ аст, ки идрок кунад, аммо он ки бе сухан идрок кунад, бо вай чӣ ҳоҷати сухан аст? Охир, осмонҳо ва заминҳо ҳама сухан аст пеши он кас, ки идрок мекунад…”

(Фиҳӣ мо фиҳӣ, с.76)

* * *

Нолаи ту маро хуш ояд

Мавлоно фармояд:

Ҳикоят меоваранд, ки Ҳақ Таъоло мефармояд, ки: эй бандаи ман! Ҳоҷати туро дар ҳолати дуо ва нола зуд баровардаме, аммо овозаи нолаи ту маро хуш меояд дар иҷобат, ҷиҳати он, таъхир меафтад, то бисёр бинолӣ, ки овоз ва нолаи ту маро хуш меояд.

Масалан, ду гадо бар дари шахсе омаданд, яке матлубу маҳбуб аст ва он дигар азим мабғуз (нописанд). Худованди хона гӯяд ба ғулом, ки зуд, бе таъхир, ба он мабғуз нонпорае бидеҳ, то аз дари мо зуд овора шавад, ва он дигарро, ки маҳбуб аст, ваъда диҳад, ки ҳанӯз нон напухтаанд, сабр кун, то нон бирасад ва бипазад…”

(Фиҳӣ мо фиҳӣ, с.96)

* * *

Худро намедонад, ки ҳалол аст ё ҳаром аст

Мавлоно гӯяд:

Подшоҳе писари худро ба ҷамоати аҳли ҳунар супурда буд, то ӯро аз улуми нуҷуму рамлу ғайра омӯхта буданд ва устоди тамом гашта, бо камоли кавданӣ ва балодат (кундзеҳнӣ).

Рӯзе подшоҳ ангуштаре дар мушт гирифт, фарзанди худро имтиҳон кард, ки: биё бигӯ дар мушт чӣ дорам?

Гуфт: Он чӣ дорӣ гирд аст ва зард аст ва муҷавваф (миёнтиҳӣ) аст.

Гуфт: Чун нишонҳои рост додӣ, пас ҳукм кун, ки он чӣ чиз бошад?

Гуфт: Мебояд, ки ғарбел бошад.

Гуфт: Охир, ин чандин нишонҳои дақиқро, ки уқул дар он ҳайрон шаванд додӣ аз қуввати таҳсил ва дониш, ин қадр бар ту чун фавт шуд, ки дар мушт ғарбел нагунҷад?

Акнун, ҳамчунин уламои аҳли замон, дар улум мӯй мешикофанд ва чизҳои дигарро, ки ба эшон таъаллуқ надорад, ба ғоят донистаанд ва эшонро бар он иҳотати куллӣ гашта ва он чӣ муҳим аст ва ба ӯ наздиктар аз ҳама он аст худи ӯст ва худии худро намедонад. Ҳама чизҳоро ба ҳиллу (ҳалол будану) ва ҳурмат ҳукм мекунад, ки ин ҷоиз аст ва он ҷоиз нест ва ин ҳалол аст ё ҳаром аст, худро намедонад, ки ҳалол аст ё ҳаром аст, ҷоиз аст ё ноҷоиз, пок аст ё нопок аст.”

(Фиҳӣ мо фиҳӣ, с.71-72)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.