Дидгоҳ

Яке ду сухан бо мақомоти Тоҷикистон дар бораи интихоботи ахир

Акс аз пойгоҳи интернетии Родию Озодӣ

Интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид ва натоиҷаш ҳам эълон шуд; натоиҷе, ки касе ғайри онро интизор надошт. Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сусиёл-демукрот (ҲСДТ) – ки таваққӯъ дошт ҳизбаш дорои чанд курсӣ мешавад – тасреҳ кард, ки дар интихобот тақаллуб сурат гирифта. Шокирҷон Ҳакимов, муовини эшон ҳам, дар гуфтугӯ бо Родию Озодӣ, дар посух ба суоли хабарнигор, ки оё бовар дорад, ки “дар интихобот тақаллуб шудааст?”, гуфт: “Бидуни шак, чунки мо дар ҳамаи мулоқоту сӯҳбатҳое, ки будем, мардум самимона қарсак мезаданд, хуб истиқбол мегирифтанд, ин аз ҳолати руҳиву равонии онҳо эҳсос мешуд. Вале вақте ки бо 13 ҳазор маҳдуд мешаванд, ин маълум аст, ки санадҳоро чӣ хел тартиб медиҳанд. Бо мурури замон инҳо ошкор мешаванд, вале дертар.”

Рӯи суханам дар ин ёддошт ин азизон нестанд. Ин азизон, бо он ки медонистанд интихоботи порлумонии имсол низ монанди интихоботҳои солҳои пешин бо тақаллубу тахаллуф ҳамроҳ хоҳад буд, аммо ба ҳар сурат, шонси худро имтиҳон карданд ва як бори дигар барояшон итминон ҳосил шуд, ки интихобот дар кишвари мо, то модоме ки зимоми умури кишвар дар дастони ҳокиму ҳукумати кунунӣ қарор дорад, ҷуз намоишу масхара чизе дигар нест.

Балки дар ин ёддошт, мехоҳам яке ду ҷумла хитоб ба ҳокиму ҳукумат арз кунам:

1) Шумо 20-у анде сол аст дар ин кишвар сари қудрат ҳастед ва пояҳои қудрататон ҳам зоҳиран то ҳадде мустаҳкам гардида, аммо ҳанӯз тарсу ҳарос вуҷуди шуморо раҳо накарда. Шумо ҳанӯз ҳам, ки ҳанӯз, на танҳо аз вуҷуди мухолифу мунтақид, ки ҳатто аз сояи ӯ метарсед. Магар вуҷуди яке ду нафар мухолифу мунтақиди сиёсатҳоятон дар дохили порлумон, чӣ чизеро тағйир медиҳад?! Оё сарнагунатон хоҳад кард?!

2) Шумо ҳатто ҳамин андоза дарку шуъури сиёсӣ надоред, ки бифаҳмед, вуҷуди чанд нафар мухолиф дар даруни порлумон, беш аз ин ки ба суди мухолифонатон бошад, ба суду нафъи худатон аст. Аввалан, пеши мухолифони худ як каме забонатон дарозтар мешуд ва онҳо дигар баҳонае надоштанд, то ба диктотурӣ ва худкомагӣ муттаҳаматон кунанд. Ва сониян, пеши ҷаҳониён низ андаке саратон баланд мешуд, ки Тоҷикистон ҳам як кишвари демукротик аст ва дар он, садои ҳама шунида мешавад. Шумо ҳатто ҳамин миқдор дарку шуъури сиёсӣ надоред.

3) Ҳама шоҳид будем, ки пеш аз ин интихобот, анбӯҳе аз шаҳрвандон, чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар хориҷ, бо як умед вориди корзори интихоботӣ шуданд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба суди номзадҳои мавриди назари худ таблиғ мекарданд, ва пӯшида ҳам нест, ки бештари онҳо ба нафъи Раҳматилло Зоиров таблиғ мекарданд. Ва бино бар назарсанҷиҳо ва ҳатто бархе ахбор дар ҳамон шаби интихобот, ҲСДТ ҳадди ақал 20-у анде дарсади ороро касб кардааст.

Ҳол, баъди эъломи натоиҷи расмӣ, ки ин ҳизб танҳо 0,32 дарсади ороро касб карда будааст, шумо бо забони безабонӣ ба ин анбӯҳ аз мардумон гуфтед: ғалат кардед, ки ба мо ва “интихоботамон” эътимод ва бовар кардед! Ва бо ин коратон, ҳамаро нохоста ба домони мухолифони худ тела додед, то умедашонро ба кулли аз шумо қатъ ва барои эҷоди тағйир дар кишвар, ба мухолифонатон умед банданд.

4) Асосан, барои чӣ аз будҷаи давлат пул харҷ карда ва интихобот баргузор мекунед вақте чунин интихоботе маъно надорад? Ҳол, агар хеле ҳам ба Маҷлис ниёз доред, метавонед бе он ки пул харҷ кунед ва масхара роҳ биандозед, 60 нафар ё бештарро – яъне ҳаминҳое, ки интихоб шудаандро – гузиниш кунед, то масалан порлумоне бошад. Оё беҳтар нест он пулҳоро дар ҷойе, ки судмандтар аст харҷ кунед?! Масалан, чанд беваву бечораро бо хона таъмин кунед?! Оё ин беҳтар нест?!

Аслан, дар кишваре, ки ҳама чиз дар дастони як нафар қарор дорад, оё ба Маҷлис ниёзе ҳаст? Оё беҳтар нест риёву риёкориро канор занед ва кишварро як кишвари подшоҳӣ – ки амалан ҳам чунин аст — эълом кунед?! Дар чунин кишваре, интихобот чанд кело буд?!

* * *

Дар поён, аз зикри як нуктаи муҳим ночорам. Бархе азизон бахусус ҷавонон, ки бо як шӯру ҳамосаи васфнопазире вориди корзори интихоботӣ шуда ва умедҳое ба он баста буданд ва фикр мекарданд бо ин ҳузури худ тағйире дар кишвар ҳосил хоҳад шуд, аммо пас аз эъломи натоиҷ вақте диданд интихобот дар кишвари мо бемаънӣ будааст, ин тафаккур бар онҳо чира гардид, ки танҳо роҳи эҷоди тағйир дар кишвар муборизаи мусаллаҳона будааст. Ин пиндор дуруст нест. Кишвари мо як бор ин таҷрибаи талхро аз сар гузаронида. Асосан, банда бар ин боварам (ин бовари шахсии худам аст), ки силоҳро бояд танҳо алайҳи мутаҷовиз ба кор бурд, на мухолифи сиёсии дохилӣ ҳатто агар золимтарини афрод бошад. Тағйир дар дохил, роҳаш фақат муборизаи мусолиматомез аст. Ва ҳамагон шоҳидем, ки дар хеле аз кишварҳо, ва бахусус дар асри ҳозир, мардумонаш бидуни он ки силоҳе ба даст бигиранд, ҳокими ситампешаро аз арш поин овардаанд. Мисолҳояш бисёр зиёд аст, ки ниёз ба зикри онҳо нест.

Саломат бошед!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.