Сиёсат

Конфронсии хабарии раиси дафтари сиёсии Ҳамос дар Русия

Исмоил Ҳаниа, раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос, ки рӯзи якшанбе ба Русия рафта ва бо бархе мақомоти ин кишвар дидор кардааст, имрӯз (чаҳоршанбе) дар конфронси хабарӣ ба шарҳи ин сафар пардохт.

Бар асоси гузориши шабакаи Алҷазира, Ҳаниа гуфт: “Дидорҳо бо мақомоти рус бар парвандаҳои муҳимми муштарак бавежа “муомилаи қарн” мутамаркиз буд. Дар бораи хатарҳои ин тарҳи Омрико барои Фаластин ва минтақа, баҳсу табодули назар кардем.”

Раиси дафтари сиёсии Ҳамос идома дод: “Мавзеъи Русия дар қиболи муомилаи қарн комилан бо мавзеъи фаластинӣ, арабӣ ва исломӣ ҳамоҳанг аст.”

Вай сипас тасреҳ кард, бо мақомоти русӣ дар бораи оштии дохилии фаластинӣ низ ройзанӣ шуд ва онҳо аз омодагии худ барои ифои нақш дар ин замина хабар доданд. Имкони эъломи баёнияи фаластинии муштарак бо Маскав вуҷуд дошт, аммо ба далоиле анҷом нашуд.

Ҳаниа гуфт: “Ба русҳо гуфтем, ки ниёз ба тавофуқҳои ҷадид надорем ва иҷрои тавофуқҳое, ки қаблан барои оштии фаластинӣ имзо кардаем, кофӣ аст.”

Раҳбари Ҳамос, Мисрро кишваре муҳим дар раванди оштии миллии фаластинӣ хонд ва аз ҳар талоше аз Қоҳира дар ин замина ва дигар кишварҳо истиқбол кард.

Ҳаниа тасреҳ кард, дар ин сафар равобити дуҷониба миёни Ҳамос ва дигар гурӯҳҳои фаластинӣ ва Русия мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт ва бар он таъкид шуд.

Вай идома дод, аз дигар мавзӯъҳои мавриди баҳс, вазъи оворагони фаластинӣ дар урдугоҳҳои мухталиф бавежа урдугоҳҳои Лубнон буд, ки таъкид шуд бояд ба беҳбуди вазъияти онҳо кӯмак кард.

Ҳаниа гуфт: “Навори Ғазза вазъияти фоҷеаборе дорад ва Ҳамос пешниҳодҳое дар бораи чигунагии кӯмак ба ин минтақа дар заминаҳои мухталиф ба Русия ироа додааст.”

Вай идома дод, Ҳамос эътиқод дорад афзоиши танишҳо дар минтақа фурсатҳо барои сулҳро аз байн мебарад ва умед аст гуфтугӯи раисони ҷумҳури Русия ва Туркия, ба таниш‎ҳо дар шимоли Сурия поён диҳад.

Ҳаниа таъкид кард: “Ҳар гуна бархӯрди русӣ-туркӣ-эронӣ дар шимоли Сурия, ба нафъи ҳеч кас нест.

Вай дар посух ба суоле мабнӣ бар ин ки нақши Эрон дар масъалаи Фаластинро чӣ гуна мебинад ва баровардаш аз Сардор Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи Эрон чист, гуфт: “Мо дирӯз бо сафири Эрон дар Русия дидор доштем ва аз Сафорати Эрон дидор кардем. Ин пинҳон нест, ки равобити мо бо Эрон роҳбурдӣ аст, Эрон кишваре меҳварӣ дар ҳимоят аз Фаластин ва гурдонҳои Алқассом аст. Ва робитаи муқовимати Фаластин бо Эрон бавежа пас аз Инқилоби Исломи қавӣ ва муҳкам аст. Эрон пас аз инқилоб сафорати Исроилро ба сафорати Фаластин табдил кард ва ба унвони аввалин кишвар аз марҳум Ёсир Арафот истиқбол кард.”

Вай идома дод: “Дар дидори дирӯз, аз маҳкумияти шадиди ҷинояти терури шаҳид Сулаймонӣ сухан гуфтем. Мо дар пас аз шаҳодати вай ба ҳамроҳи ҳайъате барои таслият ба Эрон рафтем. Шаҳид Сулаймонӣ нақше меҳварӣ дар ҳимоят аз муқовимати Фаластин дошт. Ҳамеша Омрико ва саҳюнистҳо фикр мекунанд, ки терур метавонад ҷилави муқовимат дар минтақаро бигирад, аммо баръакс баъд аз ҳар терур, бар салобати муқовимат афзуда мешавад, раҳбарони ҷадид меоянд, ки масирро идома медиҳанд, мӯътақидам, ки сиёсати Эрон дар ҳимоят аз Фаластин, собит ва бидуни тағйир аст.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.