Сиёсат

Дар дидори Ардуғон ва Путин чӣ гузашт?

Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, имрӯз (панҷшанбе, 5 март) дар дидор бо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, хостори коҳиши танишҳо дар Сурия ва устони Идлиб шуд.

Ба навиштаи хабаргузории Онотулӣ, Ардуғон тайи дидор бо Путин дар Кремлин, гуфт: “Ҷаҳониён шоҳиди ин нишасти мо ҳастанд. Тасмимоте, ки дар ин нишаст гирифта хоҳад шуд, танишҳо дар минтақа ва ҳамчунин кишвари моро коҳиш медиҳад.”

Вай бо баёни ин ки ду тараф дар ин нишаст равобити дуҷонибаро низ тақвият хоҳанд кард, изҳор дошт: “Авлавият, таҳкими равобити ду кишвар аст.”

Раисиҷумҳури Туркия бо баёни ин ки равобит бо Русия дар авҷи худ аст, тавзеҳ дод: “Мо мехоҳем (ин равобитро) бодавомтар карда ва умедворем тасмимоте, ки дар ин нишаст гирифта мешавад, ба ором шудани авзоъ дар Идлиб кӯмак кунад.”

Ба навиштаи рӯзномаи Daily Sabah, Путин низ зимни таслият барои кушта ва захмӣ шудани низомиёни туркияӣ тайи ҳамлаи низомӣ ба Идлиб, гуфт: “На Русия ва на давлати Сурия хабар надошт, ки низомиёни Туркия дар манотиқи ҳадаф қарор додашуда ҳузур доштанд.”

Раисиҷумҳури Русия дар ин бора тавзеҳ дод: “Албатта ҳамзамон, ки мо кушта шудани низомиёни Туркия дар хоки Сурияро таслият мегӯем, аммо наметавонем фаромӯш кунем, ки артиши Сурия дар замони мубориза бо теруристҳо, осебҳои бисёре дидааст.”

Вай, бо муҳим хондани дидори имрӯз бо Ардуғон, изҳор дошт: “Бояд мутмаин шавем иттифоқоти ҳафтаи қабл дубора такрор нашавад. Равобити Русия ва Туркия метавонад шадидан осеб бубинад. Дар гуфтугӯҳои хусусӣ ва мустақим бо Туркия ниёз аст то ба ҳалли мавзӯи афзоиши даргириҳо дар Идлиб бипардозем.”

Бархе расонаҳо ва хабарнигорон низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, чеҳраҳои гирифта ва абуси ду тарафро мавриди таваҷҷӯҳ қарор дода ва навиштанд: “Гӯё фазои Кремлин чандон сари ҳол нест.”

Артиши Туркия аз рӯзи якшанбе, баъд аз афзоиши талафоти низомии худ дар Идлиб, ҳамлаи низомии ҷадидеро ба хоки Сурия бо исми “Сипари баҳор” барои ҳимоят аз муъоризони сурияӣ дар баробари амалиёти артиши Сурия дар Идлиб оғоз кард.

Вазорати дифои Туркия шомгоҳи сешанбе дар баёнияе аз афзоиши шумори талафоти нерӯҳои худ дар даргириҳои шимоли ғарби Сурия хабар дода буд. Талафоти ин кишвар тайи ду ҳафтаи гузашта дар даргириҳои устони Идлиб мутобиқи омори расмии Вазорати дифои ин кишвар, беш аз 40 нафар ва даҳҳо захмӣ будааст.

Ҳамчунин вазири дифои Туркия гуфт, дар ҳамла ба мазозеъи артиши Сурия, беш аз 2 ҳазор низомии сурияӣ “аз пой дароварда шуд” ва садҳо тонку тӯп ва болгард мунҳадим шуданд. Ин дар ҳолест, ки сухангӯи артиши Сурия ин оморро “иғроқомез” ва “тухолӣ” тавсиф кард.

Аз сӯи дигар, артиши Сурия ва ҳампаймононаш, бо вуҷуди ҳамалоти сангини Туркия ба мавозеъи онҳо, ҳамчунон ба пешравии худ идома дода ва дар ду рӯзи гузашта, илова бар Сародиқ, чандин манотиқ дар устоди Идлибро низ озод кардаанд ва ба чанд километрии маркази устони Идлиб расидаанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.