Ваҳдати исломӣ

Шайхи Азҳар: “Ҷаҳонисозӣ нусхаи барӯзшудаи истеъмор аст”

Дуктур Аҳмад Тайиб, шайхи Азҳар, бо баёни ин ки “агар бигӯем ҷаҳонисозӣ нусхае мутаваҳҳишона ва барӯзшуда аз истеъмор аст, муболиға накардаем”, гуфт, назарияи ҷаҳонисозӣ ҷаҳонро ба ду бахш тақсим мекунад: ҷаҳони тавлидкунандагон ва ҷаҳони масрафкунандагон.

Дуктур Аҳмад Тайиб, ки барои ширкат дар Конфронси “Абӯмансури Мотуридӣ ва таъолими Мотуридия” ба Ӯзбакистон сафар кардааст, дар суханони худ дар ин конфронс гуфт: “Касе, ки имрӯз дар вазъи уммати исломӣ таъаммул кунад, тардиде барояш боқӣ намемонад, ки бар сари як дуроҳӣ қарор гирифта, ки роҳи севвуме надорад; ё ин ки роҳи пешрафт дар чорчӯби ҳифзи ҳувияти хешро дар пеш бигирад, ва ё ин ки роҳи саргардонӣ ва худкушӣ ва аз даст додани ҳувияти хешро дар пеш бигирад. Ва ман дар ин маҳфил бояд бо ҳолате бадбинона бигӯям, ки ҷаҳони арабӣ ва исломӣ ҳамчунон бар сари ин дуроҳӣ саргардон аст ва тасмими худро нагирифтааст ва намедонад ба кадом самт рӯй биёварад бо вуҷуди ин ки беш аз ним қарн пеш тавониста аз истеъмор наҷот ёбад ва давраи пухтагии худро низ сипарӣ кардааст ва акнун метавонад роҳи худро ташхис диҳад.”

Вай афзуд: “Албатта ин рӯзҳо, сухан аз ҷаҳонисозӣ ва даъват ба сохтани ҷаҳони воҳид низ доғ аст, то бар асоси он, ҳамаи ҷаҳон як тамаддун дошта бошад, дар ҳоле ки бар асоси ин назария, қудратмандон фурсат хоҳанд ёфт, диктотуриҳои ғайриинсонии худро бар дигарон таҳмил кунанд ва ҳамон тавр, ки Руже Горудӣ гуфтааст, ҷаҳонисозӣ фурсатеро эҷод мекунад, ки мустазъафони ҷаҳон ба баҳонаи табодули тиҷорӣ ва бозорҳои озод, дарида ва ғорат шаванд.”

Тайиб гуфт: “Агар бигӯем ҷаҳонисозӣ нусхае мутаваҳҳишона ва барӯзшуда аз истеъмор аст, муболиға накардаем, зеро назарияи ҷаҳонисозӣ ҷаҳонро ба ду бахш тақсим мекунад: ҷаҳони тавлидкунандагон ва болодастон, ки ширкатҳо ва бонкҳо ва шабакаҳоро дар даст доранд, ва ҷаҳони масрафкунандагон, ки хӯрокиҳо ва нӯшиданиҳо ва тасовиру иттилоотеро дарёфт мекунанд, ки ба онҳо таҳмил мешавад. Ва албатта истеъморгарон ёдашон ҳаст, ки либосҳои фалсафӣ бар тани ин назарияи худ бикунанд ва аз он ба “ниҳояти таърих” ёд кунанд, то иродаи миллатҳоро суст карда ва онҳоро аз фикр кардан ба ҳувияту шахсияти худ, мунсариф созанд.”

Шайхи Азҳар гуфт: “Ҷаҳонисозӣ назарияе ҷадид ва тоза нест, балки як самми қадимӣ аст, ки онро дар бастабандии ҷадид арза кардаанд. Ва чунин назариёте дар воқеъ нусхабардорӣ аз назарияи нажодпарастонаи истеъмори урупоӣ дар се қарни гузашта мабнӣ бар бартарии нажоди сафед аст, ва албатта бархе фалсафаҳои истеъмории муосир низ ҳамин паёми ботилро барои мо дорад ва ба мо ваъда медиҳад, ки агар ба Худо пушт кунед ва ба ӯ ва паёмбаронаш кофир шавед ва даст аз мероси се ҳазорсолаи адён бишӯед ва фалсафаҳои илҳодӣ ва хурофот ва ҳарҷу марҷи ахлоқӣ ва фуқдони арзишҳоро интихоб кунед ва фарқе миёни хайру шарр ва ҳусну қубҳ қоил нашавед, биҳишти мавъуд дар интизоратон хоҳад буд. Тамоми ин назарияҳои илҳодӣ дар намоишҳо ва филмҳо ва фалсафа ва сиёсату иқтисоди ғарбӣ ба мо илқо шудааст. Мо Худоро сипосгузорем, ки умрамон кифоф дод ва ба чашми худ дидем, ки чӣ гуна маъбади ин назария бар сари соҳибони он фурӯ рехт ва ҳеч натиҷа оиди онҳо нашуд.”

Вай идома дод: “Ин конфронс беш аз он ки фурсате барои такрим аз уламо ва мутафаккирон бошад, баҳонае аст барои фикр кардан ба заруратҳои умматҳои мақҳуру шикастхӯрда ва ҳаққи онҳо дар бархӯрдорӣ аз амнияти муштарак ва сулҳе, ки ҳама бояд аз он бархӯрдор шаванд, то бӯҳрон беш аз ин нашавад ва ҷаҳон ба давраи моқабли таърих ё бадтар аз он, барнагардад.”

Тасовире аз ҳузури шайхи Азҳар дар Ӯзбакистон:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.