Бишнав аз най...

Ҳаст андар коҳилӣ ин хавф беш

Мавлоно гӯяд:

Яке суол кард, ки: чун мо хайр кунем ва амали солеҳ кунем, агар аз Худо умедвор бошем ва мутаваққеъи хайр бошем ва ҷазо, моро он зиён дорад ё на?

Фармуд: Эй валлоҳ умед бояд доштан, ва имон ҳамин хавфу раҷост.

Яке маро пурсид, ки: раҷо худ хуш аст, хавф чист?

Гуфтам: Ту маро хавфе бинамо бе раҷо ё раҷое бинамо бе хавф, чун аз ҳам ҷудо нестанд, чун мепурсӣ? Масалан, яке гандум корид, раҷо дорад албатта, ки гандум барояд, ва дар зимни он ҳам хоиф аст, ки мабодо монеъе ва офате пеш ояд. Пас, маълум шуд, ки раҷо бе хавф нест ва ҳаргиз натавон тасаввур кардани хавф бе раҷо, ё раҷо бе хавф.

Акнун агар умедвор бошад ва мутаваққеъи ҷазо ва эҳсон, қатъан дар он кор гармтар ва муҷиддтар бошад, он таваққӯъ пари ӯст. Ҳарчанд параш қавитар, парвозаш бештар. Ва агар ноумед бошад, коҳил гардад ва аз ӯ дигар хайру бандагӣ наёяд, ҳамчунон ки бемор доруи талх мехӯрад ва даҳ лаззати ширинро тарк мекунад. Агар ӯро умеди сиҳҳат набошад, инро кай тавонад таҳаммул кардан?”

(Фиҳӣ мо фиҳӣ, с.139-140)

* * *

Дар Маснавӣ низ ба ҳамин мазмун гӯяд:

Доъии ҳар пеша уммед асту бук,

Гарчи гарданшон зи кӯшиш шуд чу дук.

Бомдодон чун суйи дуккон равад,

Бар умеду буки рӯзӣ медавад.

Буки рӯзӣ набвадат, чун меравӣ?

Хавфи ҳирмон ҳаст, ту чунӣ қавӣ?

Хавфи ҳирмони азал дар касби лут,

Чун накардат суст андар ҷустуҷӯт?

Гӯйӣ: Гарчи хавфи ҳирмон ҳаст пеш,

Ҳаст андар коҳилӣ ин хавф беш.

Ҳаст дар кӯшиш умедам бештар,

Дорам андар коҳилӣ афзун хатар.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.