Сиёсат

Вируси куруно ва назарияи тавтиъа

Аз ҷумлаи бархӯрдҳои ғайримантиқӣ ва хурофотӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҷаҳони араб шоҳиди он будем ин буд, ки вируси куруно интиқоми илоҳӣ аз Чин дар натиҷаи зулму ситами ҳукумати ин кишвар ба мусалмони уйғур аст, аммо билофосила ин вирус дар кишварҳои мусалмон аз ҷумла Эрон шуюъ пайдо кард…

Мақолае дар сойти Alquds

Бо шуюъи вируси ҷадиди куруно, назарияҳои тавтиъа (теория заговора) ва хурофотҳои мухталифе зуҳур пайдо кардааст. Назарияи тавтиъае, ки имрӯзҳо бештарин ривоҷро пайдо карда ин аст, ки ин вирус дар озмоишгоҳҳо ба унвони як силоҳи биулужикӣ сохта шудааст. Ин назария ду ҷиҳатгирӣ дорад. Дар ҷиҳатигирии нахуст, ин вирус аз яке аз озмоишгоҳҳои шаҳри Вуҳон ба берун дарз кардааст. Аммо дар ҷиҳатигирии дуввум, Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ба иллати рақобат ва кашмакашҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ бо Чин, муттаҳам шуда, ки ин вирусро сохта ва дар ин кишвар мунташир карда ва алъон дар ҷаҳон фарогир шудааст.

Лозим ба зикр аст, ин назария тавассути донишмандони бемориҳои вогирдор ва донишмандони улуми пизишкӣ комилан рад шудааст.

Аз ҷумлаи бархӯрдҳои ғайримантиқӣ ва хурофотӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҷаҳони араб шоҳиди он будем ин буд, ки вируси куруно интиқоми илоҳӣ аз Чин дар натиҷаи зулму ситами ҳукумати ин кишвар ба мусалмони уйғур аст, аммо билофосила ин вирус дар кишварҳои мусалмон аз ҷумла Эрон шуюъ пайдо кард.

Шабакаҳои иҷтимоӣ дар густариши тарсу ваҳшат аз ин вируси ҷадид ба мизони зиёде нақш доштаанд. Вирусҳое, ки дар гузашта шуюъ пайдо карданд, мизони маргу мири бештаре нисбат ба куруно доштанд, аммо ин бор сайтараи шабакаҳои иҷтимоӣ бештар аст ва бинобар ин бо падидаи тарс аз ин вирус рӯ ба рӯ шудаем, ки ин мавзӯъ ҷанбаҳои тозае дар ҷиҳати муқобила бо ин вирус эҷод кардааст.

Он чи дар бархӯрд бо шуюъи ин вирус ҷалби таваҷҷӯҳ мекунад, ҷанбаи сиёсии ин масъала аст. Аз ҷумла ин ки интиқодҳои шадиде алайҳи Эрон сурат гирифта ва эрониҳо муттаҳам шудаанд, ки иқдомоти пешгиронаи заъифе анҷом додаанд, ҳатто фаротар аз ин, иддао мешавад, ки эрониҳо шумори мубталоёнро пинҳон мекунанд, дар натиҷа ин беморӣ ба кишварҳои ҳамсояи ин кишвар интиқол ёфтааст.

Ин вирус вориди маҳдудаи даргирии Эрону Омрико низ шудааст. Ба ин тартиб, ки Мойк Помпео, вазири хориҷаи Иёлоти Муттаҳида хостори баёни воқеият тавассути Эрон шуда ва Ҳасани Руҳонӣ гуфтааст, ки иҷоза намедиҳем Омрико вирусе ба номи тарсро ба вируси куруно изофа кунад.

Ба назар мерасад, ҷанбаи сиёсии ин вирус дар Эрон пуррангтар аст, зеро нахустин кишварест, ки дар он шахсиятҳои расмӣ ва ҳукуматии барҷаста ба ин беморӣ мубтало шудаанд.

Аз сӯи дигар, бисёре аз ҳайъатҳои динӣ дар кишварҳои исломӣ бо ин беморӣ бархӯрди огоҳонае доштаанд ва бархе маросиму ибодатҳо монанди намози ҷумъаро мутаваққиф кардаанд ва аз таҷаммӯъ дар марокизи динӣ ҷилавгирӣ мекунанд. Ба ин тартиб, Арабистони Саудӣ иҷозаи вуруд ба ин кишвар барои анҷоми маносики Умраро намедиҳад. Рӯзи гузашта тасовире мунташир шуд, ки нишон медод Байтуллоҳилҳаром ва Масҷиди Набавӣ барои ҷилавгирӣ аз густариши вируси куруно холӣ аз зоирон аст.

Alquds

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.