Дидгоҳ

Мирзиёев ва ислоҳот дар Ӯзбакистон

Ёддошти Азиз Нақибзод

Азиз Нақибзод

Агар чашм нарасаду қудратҳои ҷаҳонӣ рашкашон наояд ва ба сиёсатҳои Ӯзбакистон дахолат накунанд, дар солҳои наздик шоҳиди рушди чашмгири кишвари ҳамсоя хоҳем шуд.

Шарти инсоф аст, ба гардан бигирем, ки пойдевори рушди иқтисод ба хусус истеҳсолотро дар Ӯзбакистон президенти собиқаш Ислом Каримов гузошта буд. Каримов солҳои охир ба истеҳсолгарон имтиёзҳое аз қабили қарзҳои имтиёзнок, андоз ва боҷи гумрукии сабук дода буд. Ва солҳои охири ҳукмронии ӯ истеҳсоли маҳсулот хеле бештар шуда буд. Ва агар таҳкурсии гузоштаи Каримов намебуд, дар ҷои холӣ ба роҳ мондани ислоҳот барои Мирзиёев душвор мегардид.

Вале, ислоҳоте, ки имрӯз Мирзиёев ба роҳ мондаву монданист ва хеле муваффақона пеш меравад, дар замони Каримов имконпазир набуд. Чун мансабдорони ғарқи фасоди атрофаш, мақомоти қудратиаш ба хусус СНБ садди роҳи ислоҳот мешуданд.

Мирзиёев барои ин саддро аз миён бардоштан аввалин коре, ки кард, дасти дарози СНБ-ро кутоҳ кард. Дигар СНБ ба корҳои дохили кишвар ва зиндагии хусусиву тиҷорати мардум ҳаққи дахолат надорад. Хеле аз мақомдорони ришвахор ва сарчашмаҳои фасодро ба ҳабс гирифт. Имрӯз дар Ӯзбакистон тоҷирону сармоядорон «крыша» намекованд. «Крыша»-и соҳибкорон ҳоло ҳукумати Ӯзбакистон аст, ки барои ривоҷу равнақи тиҷорат онҳоро дастгирӣ мекунад.

Барои ба роҳ мондани тиҷорат дар Ӯзбакистон ҳоло ҳеч садде вуҷуд надорад. Як соҳибкор метавонад, дар зарфи аз 1 то 3 рӯз корхона ё коргоҳи навашро ба қайд гирад.

Аз суҳбат бо бархе тоҷирон маълум гардид, ки андозҳо хеле кам карда шудаанд. Ва агар андозро сари вақт супорӣ касе барои тафтиш ба коргоҳ ё фурӯшгоҳат намеояд. Тоҷирон аз президент ва сиёсати иқтисодиаш минатдоранд.

Барои сармоядорони хориҷӣ боз имтиёзҳои бештар пешниҳод мегарданд. Ҳамин сабаб шудааст, ки хеле аз тоҷирони хориҷӣ бештар ширкатҳои чиниву туркӣ дар иқтисоди ин кишвар сармоягузорӣ мекунанд.

Агар ширкатҳои хориҷӣ аз маҳсулоти истеҳсоли Ӯзбакистон бихаранд, давлат 10 дарсад аз ҳисоби андоз аз арзиши иловашуда гузашт мекунад.

Ӯзбакистон имрӯз талаботи кишварашро бо мошинҳои сабукрав пурра таъмин мекунад ва дар истеҳсоли трактор ва мошинҳои боркаш ҳам пешрафт кардааст.

Соҳаи текстил ҳам дар инҷо ба таври бесобиқа рушд карда ва ҳукумат ният дорад, ки дар солҳои оянда ҳосили пахтаи мамлакатро пурра дар дохил коркард намояд ва аз фурӯши пахтаи хом даст кашад.

Дар мағозаҳои Ӯзбакистон маҳсулоти ширӣ ва гӯштии воридотӣ қариб вуҷуд надорад. Ин ҳамаро худашон дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсол мекунанд. Зимнан, нархҳояшон гарон нест.

Падидаи дигаре, ки маро мафтун кард, таваҷҷуҳи раисҷумҳур ва ҳукумати Ӯзбакистон ба низоми омӯзишу парвариш буд. Мирзиёев дар ин соҳа ҳам ислоҳоти решаӣ карданист. Назорат аз болои таълиму тарбия ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст. Барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии муаллимон чораҷӯи карда мешавад. Моҳонаи миёнаи муаллимон каме бештар аз 200 доллар аст. Муаллимони макотиби олӣ хеле бештар маош мегиранд.

Барои донишҷӯён хобгоҳҳои нав бунёд мегарданд.

Дар тамоми шаҳрҳои Ӯзбакистон бунёди сохтумони боғчаҳои бачагон дар авҷ аст. Роҳбаладам шӯхӣ мекунад, ки Мирзиёев ба хулоса расида, ки ин миллатро бояд аз кудакӣ тағйир дод.

Гардишгарӣ(туризм) дар давлати ҳамсоя бениҳоят рушд карда, ки дар матлаби алоҳида навишта будам. Танҳо як оморро инҷо такрор мекунам, ки ин кишвар аз ин соҳа соли гузашта 1 миллиарду 300 миллион доллар даромад гирифтааст.

Он даҳшате, ки дар замони Каримов СНБ ва Прокуратураи Ӯзбакистон ба сари мардуми бечораву бегуноҳ оварда буданд ва овозааш то кишвари мо мерасид, дигар вуҷуд надорад. Зиндониёни бегуноҳ озод карда шудаанд. Ва хатари бегуноҳ зиндон шудан аз миён рафтааст.

Дар тамоми ҳудуди Ӯзбакистон танҳо дар ду ҷо аксҳои президентро дидам яке, дар сарҳади Тоҷикистон ҳамроҳи президенти Тоҷикистон ва яки дигар дар Самарқанд ҳамроҳи президенти Куриё.

Ҳаминтур дар Ӯзбакистон дар ҳар қадам нақши ислоҳот ба чашм мехурад. Нақши таҷрибаи давлатҳои пешрафта. Мисли Сингапуру Молезӣ.

Ин таҷриба маро ба ояндаи минтақа хушбин мекунад. Ҳатман таъсири мусбаташ ба мо ҳам хоҳад расид.

Манбаъ: шабакаи иҷтимоии Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.