Сиёсат

Ҳамлаи теруристӣ дар Кобул // Абдуллоҳ осебе надидааст // 27 нафар ҷон бохтанд // ДОЪИШ ба ӯҳда гирифт

Дар маросими бузургдошти шаҳид Абдулалӣ Мазорӣ, ки бо ҳузури мақомоти аршади ин кишвар аз ҷумла Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар Кобул дар ҳоли баргузорӣ буд, ҳамлаи теруристӣ сурат гирифт ва дар он, ҳудуди 27 нафар ҷон бохтанд. ДОЪИШ масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифт.

Ба гузориши расонаҳои Афғонистон, пулиси Афғонистон аз тирандозӣ дар маросими бузургдошти шаҳид Абдулалӣ Мазорӣ, ки бо ҳузури мақомоти аршади ин кишвар аз ҷумла Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар Кобул дар ҳоли баргузорӣ буд, хабар дод.

Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи Вазорати дохилаи Афғонистон дар бораи ҷузъиёти ин ҳодиса гуфт: “Ин ҳодиса дар субҳи имрӯз дар ҳини баргузории маросими шаҳид Мазорӣ рух дод ва пас аз вуқӯъи ин ҳамла, билофосила нерӯҳои амниятӣ дар маҳалли ҳодиса ҳузур пайдо карданд ва дар ҳоли ҳозир минтақа дар контроли низомиён аст.»

Сухангӯи Вазорати дохилаи Афғонистон таъкид кард: “Мақомоти аршади давлатӣ аз минтақаи даргирӣ хориҷ шуда ва дар саломати комил ҳастанд.”

Манобеъи наздик ба Абдуллоҳ низ эълом карданд, ки дар ин ҳодиса ба вай осебе ворид нашуда ва дар ҳоли ҳозир раиси иҷроии Афғонистон дар макони амне қарор дорад.

Ин ҳамла ҳангоме рух дод, ки Карим Халилӣ, раиси собиқи Шӯрои олии сулҳи Афғонистон дар ҳоли суханронӣ буд.

Вазорати беҳдошти Афғонистон эълом кард, ки дар ин тирандозӣ 27 нафар ҷон бохта ва 29 тани дигар захмӣ шуданд.

Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон низ зимни маҳкум кардани ин ҳодиса гуфт, ки бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Карим Халилӣ аз тариқи телефони гуфтугӯ карда ва онҳо дар саломат комил ҳастанд.

ДОЪИШ масъулияти ҳамлаи теруристиро ба ӯҳда гирифт

Гурӯҳи теруристии ДОЪИШ дар баёнияе, масъулияти ин ҳамлаи теруристиро ба ӯҳда гирифт.

Хабаргузории Reuters эълом кард, ки ДОЪИШ дар баёнияе, ки имрӯз (ҷумъа, 6 март) мунташир карда, мсъулияти ҳамла ба маросими солгарди шаҳид Абдулалӣ Мазориро ба ӯҳда гирифт ва муддаӣ шудааст, ки дар ин ҳамлаи теруристӣ, 150 нафар кушта ва захмӣ шудаанд.

ДОЪИШ дар ин баёния гуфтааст, ду фарди интиҳорӣ ба номҳои Аҳмад ат-Тоҷикӣ ва Абдурраҳмон ал-Муҳоҷир ин ҳамларо анҷом додаанд.

Пеш аз ин Толибон эълом кард, ки нақше дар ин ҳодиса надорад. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон гуфт, аъзои ин гурӯҳ нақше дар ин ҳодиса надоранд.

Ин ҳамла дар ҳоле сурат мегирад, ки Омрико ва Толибон аввалҳои ҳафта тавофуқи сулҳ барои поёни ҷанг дар Афғонистонро имзо карданд ва эълом шуд, ки хушунат дар ин кишвар коҳиш хоҳад ёфт.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.