Ҷумлаҳои ҳикматомез

Инсон ба он чӣ аз он манъ шуда ҳарис аст

Ҳазрати Мавлоно овардааст:

Нонеро бигир зери бағал ва аз мардум манъ мекун ва мегӯ, ки: албатта инро ба кас нахоҳам додан… агарчӣ он бар дарҳо афтодааст ва сагон намехӯранд аз бисёрии нон ва арзонӣ. Аммо чун чунин манъ оғоз кардӣ, ҳамаи халқ рағбат кунанд ва дар банди он нон гарданд ва дар шафоат оянд, ки: албатта хоҳем, ки он нонро, ки манъ мекунӣ ва пинҳон мекунӣ бибинем; алалхусус, ки он нонро соле дар остин мекунӣ ва муболаға ва таъкид мекунӣ, дар нодонон ва нонамудан рағбаташон дар он нон аз ҳадд бигзарад, ки:

الانسان حريص على ما منع

(Инсон бар он чӣ аз он манъ шуда ҳарис аст.)”

(Фиҳӣ мо фиҳӣ, с.155)

* * *

Ин мазмун дар Маснавӣ дар ҳикояти се шоҳзода, ки падарашон дар ҳангоми марг ононро аз рафтан ба қалъаи ҳушрубо манъ кард, вале писарон пандҳои падарро зери по ниҳоданд ва ба он қалъа рафтанд, низ омадааст:

Чун бикард он манъ, дилшон з-он мақол

Дар ҳавас афтоду дар кӯйи хаёл.

Рағбате з-ин манъ дар дилшон бируст,

Ки бибояд сирри онро бозҷуст.

Кист, к-аз мамнӯъ гардад мумтанеъ,

Чунки “Ал-инсон ҳарису мо мунеъ”.

Наҳй бар аҳли туқо табғиз шуд,

Наҳй бар аҳли ҳаво таҳриз шуд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.