Сиёсат

Тромп: “Толибон эҳтимолан бар Афғонистон ҳукумат хоҳад кард”

Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико гуфт, ки пас аз хуруҷи Омрико аз Афғонистон “эҳтимолан Толибон бар ҳукумати Афғонистон ғалаба кунад.”

Ба гузориши ВВС, Тромп, ки рӯзи ҷумъа (6 март) дар Кохи сафед бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, нисбат ба тавоноии ҳукумати Афғонистон дар дифоъ аз худ пас аз хуруҷи сарбозони омрикоӣ гуфт, ки «намедонам, бояд бибинем чӣ рух медиҳад.”

Омрико ҳафтаи гузашта бо гурӯҳи Толибон тавофуқномаи сулҳ имзо кард, ки бар мабнои он, нерӯҳои омрикоӣ ин кишварро то 14 моҳи оянда тарк хоҳанд кард.

Дар баробари он, Омрико аз гурӯҳи Толибон таъаҳҳуд гирифта, то равобиташро бо гурӯҳҳои теруристӣ қатъ кунад ва Омрико ва муттаҳидони он аз хоки Афғонистон таҳдид нашаванд.

Тромп гуфт: “Кишварҳо бояд худ мувозиби худ бошанд ва Омрико танҳо барои муддате метавонад дасти кишварҳоро бигирад.”

Дар посух ба ин суол, ки оё Толибон дар ниҳоят қудратро қабза хоҳанд кард, оқои Тромп гуфт, “набояд чунин иттифоқе биуфтад, аммо эҳтимол дорад.”

Раисиҷумҳури Омрико гуфт, ки Омрико ҳудуди 20 сол дар Афғонистон буд ва наметавонад барои 20 соли дигар онҷо бимонад. Афғонҳо бояд худ аз худашон ҳифозат кунанд.

Ӯ чаҳор рӯз пеш бо Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини сиёсии гурӯҳи Толибон дар Қатар, гуфтугӯи телефонӣ кард ва баъд аз ин гуфтугӯ, дар ҳаёти Кохи сафед ба хабарнигорон гуфт, ки “гуфтугӯи хубе бо раҳбари Толибон” доштааст.

Дар ҳамин ҳол, Сиддиқӣ, сухангӯи раисиҷумҳури Афғонистон дар Твиттер навишт, ки Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон ҷумъа бо Залмай Халилзод, намояндаи вежаи Омрико барои сулҳи Афғонистон дидор кард. Сиддиқӣ мегӯяд, дар ин дидор дар бораи гомҳои баъдии раванди сулҳ аз ҷумла тими музокиракунандаи Афғонистон бо гурӯҳи Толибон баҳс карданд.

Дар ҳоле ки яке аз шароити татбиқи тавофуқи Омрико бо Толибон, баргузории музокироти байни афғонӣ миёни Толибон ва давлати Афғонистон аст, аммо нигарониҳое вуҷуд дорад, ки хуруҷи Омрико мӯҷиби тақвияти Толибон шавад ва ин гурӯҳ бихоҳад ба зӯр бар ин кишвар мусаллат шавад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.