Сиёсат

Ҷузъиёти боздошти шоҳзодаҳо дар Арабистони Саудӣ // Пушти пардаи ин боздоштҳо

Ҳанӯз маълум нест, ки дақиқан чаро Муҳаммад бен Салмон иқдом ба боздошти ду тан аз шоҳзодаҳо кардааст, вале ӯ бо ин кор равияи ҳукмронии суннатӣ дар хонадони Оли Саудро аз байн бурд. Зеро қабл аз рӯйи кор омадани Муҳаммад бен Салмон хонадони Оли Сауд дар тасмимгириҳои муҳимми ҳокимиятӣ равияе мубтанӣ бар иҷмоъсозӣ дар миёни бузургони хонадон доштанд. Ришсафедони хонадони ҳоким, дар масоили муҳим машварат мекарданд ва ба подшоҳ дар тасмимгириҳо кӯмак мекарданд. Аз ҳамин рӯ, ин ришсафедон, хусусан фарзандони Абдулазиз, аз эҳтироми хоссе дар миёни наслҳои ҷавони Оли Сауд бархӯрдор буданд. Баъд аз ин ки Муҳаммад бен Салмон зимоми умурро ба даст гирифт, ин равия тағйир пайдо кард ва ришсафедҳо канор гузошта шуданд. Ҳоло бо боздошти фарзанди Абдулазиз, эҳтироми бузургони хонадон низ зери суол рафтааст…

Субҳи ҷумъа, ду тан аз шоҳзодаҳои барҷастаи Оли Сауд, ки нисбат ба вафодории онҳо ба подшоҳ ва валиаҳди Арабистон шакку тардид вуҷуд дошт, тавассути нерӯҳои вежа боздошт шуданд. Боздошти ин шоҳзодаҳо дар канори ифшои ихтилофоти дарунии хонадони ҳоким, аз эҳтимоли вуқӯи тағйироти бузург дар Риёз парда бардошт.

Чанд расонаи омрикоӣ аз боздошти ҳаддиақал се шоҳзодаи бонуфузи саудӣ хабар доданд. Субҳи рӯзи ҷумъа нерӯҳои горди шоҳаншоҳии ниқобдор, ки либоси сиёҳ ба тан доштанд, ба маҳалли иқомати Аҳмад бен Абдулазиз, бародари подшоҳ, Муҳаммад бен Ноиф, валиаҳди собиқ ва Навоф бен Ноиф, бародари валиаҳди собиқ, юриш бурда ва ононро ба макони номаълуме мунтақил карданд.

Як манбаи огоҳ ба рӯзномаи New York Times гуфт, ки нерӯҳои горди шоҳаншоҳӣ ба иқоматгоҳи саҳроии Муҳаммад бен Ноиф дар хориҷ аз Риёз ҳамла карда ва зимни қатъи тамоми иртибототи онҷо, ӯро боздошт карданд. Навоф, бародари Муҳаммад бен Ноиф низ боздошт шудааст. Рӯзномаи New York Times ва хабаргузории Bloomberg ба нақл аз манобеи огоҳ эълом карданд, ки шоҳзодагони боздоштӣ ба “хиёнат” муттаҳам шудаанд. Ба гуфтаи Bloomberg, дарбори салтанатӣ ба аъзои “Шӯрои байъат” гуфтааст, ки бародари подшоҳ ва валиаҳди собиқ дар ҳоли тадоруки кудето буданд.

Боздошти шоҳзодагон ёдовари боздоштҳои сентябри соли 2017 аст, ки дар ҷараёни он, иддаи зиёде аз бозаргонон ва шоҳзодагон, аз ҷумла Валид бен Талол, милёрдери саудӣ, дар ҳутели муҷаллали Ritz-Carlton-и Риёз боздошт шуданд. Ҳатто гузоришҳое дар бораи шиканҷаи онҳо матраҳ шуд. Он замон, ҳадафи умдаи ин боздоштҳо, мубориза бо фасоди иқтисодӣ эълом шуд, аммо бисёре аз мунтақидон ҳадафи ин иқдомотро якпорчасозии қудрат дар Арабистон арзёбӣ карданд.

Оё Арабистон дар остонаи тағйири раҳбарӣ аст?

Ин бор аммо ҳукумати Арабистон ҳеч иддаое дар хусуси фасоди иқтисодии боздоштшудагон матраҳ накардааст. Балки расонаҳои ғарбӣ мегӯянд, шоҳзодагони саудӣ ба иттиҳоми талош барои барандозии Малик Салмон ва валиаҳдаш (Бен Салмон) дастгир шудаанд.

Давлати Арабистон феълан сукут карда ва мавзеъе иттихоз накардааст. Расонаҳои он ҳам зоҳиран аз пардохтан ба хабари боздошти шоҳзодаҳо манъ шудаанд.

Дар хусуси боздошти ин ду тан аз шоҳзодаҳои барҷаста, ду сенорию қобили тарҳ аст:

Сенориюи нахуст ин аст, ки шоҳзодаҳои боздоштӣ воқеан ба фикри кудето алайҳи Муҳаммад бен Салмон буданд ва дар натиҷа, валиаҳди ҷавон, дар иқдоме пешгирона онҳоро ба зиндон афкандааст.

Бо таваҷҷӯҳ ба собиқаи шоҳзода Аҳмад ва шоҳзода Муҳаммад, ин сенорию дур аз интизор нест. Аммо дар шароити феълӣ ҳеч нишонае аз эҳтимоли вуқӯи кудето дида намешавад. Ҳарчанд ки ин ду шоҳзода зарфияти кудето алайҳи валиаҳдро доранд.

Аҳмад бен Абдулазиз, бародари подшоҳи Арабистон аст, ки аз писарони боқимондаи Абдулазиз — муассиси Арабистони имрӯзӣ аст. Бо таваҷҷӯҳ ба куҳулати синни Малик Салмон (84 сол) ва шароити ҷисмии номатлуби вай, имкон дорад, ки хонадони Оли Сауд баъд аз марги подшоҳ, аз Аҳмад ҳимоят кунанд ва ҷилави подшоҳ шудани Муҳаммад бен Салмонро бигиранд. Хусусан ки тоҷу тахт дар Арабистон то ҳамин чанд сол пеш, аз бародар ба бародар ба ирс мерасид, на аз падар ба писар.

Илова бар ин, шоҳзода Аҳмад нишон додааст, ки алоқаи хоссе ба Малик Салмон ва писараш надорад. Дар соли 2018 шоҳзода Аҳмад аз канори мӯътаризон ба ҷанги Яман дар Ландан гузар кард. Вақте ки мӯътаризон ба ин ҷанг эътироз карданд, ӯ дар посух гуфт: “Ин ҷанг рабте ба Оли Сауд надорад ва подшоҳ ва писараш масъули ин ҷанг ҳастанд.” Ин моҷаро мӯҷиб шуд, ки шоҳзода Аҳмад ба унвони рақиби Муҳаммад бен Салмон дида шавад. Хосса он ки шоҳзода Аҳмад узви Шӯрои байъат аст, ки дар бораи ҷонишинӣ тасмимгирӣ мекунад.

Муҳаммад бен Ноиф, собиқан валиаҳд буд ва тавассути писарамуяш Муҳаммад бен Салмон маҷбур ба тарки қудрат шуд. Илова бар ин, Муҳаммад бен Ноиф барои муддати тӯлонӣ Вазорати дохиларо дар ихтиёр дошт ва нуфузи зиёде дар миёни нерӯҳои амниятӣ дошт. Ҳамчунин, Муҳаммад бен Ноиф, ба далели муқобила бо Алқоъида, тамосҳои зиёде бо омрикоиҳо дошт ва ҳатто замоне гуфта мешуд ӯ гузинаи омрикоиҳо барои ҳукумат бар Арабистон аст. Аз ҳамин рӯ, Муҳаммад бен Салмон баъд аз қудратгирӣ, аввалин коре, ки кард, тазъифи Муҳаммад бен Ноиф ва барканории вай аз мансабҳои ҳассоси амниятӣ буд. Муҳаммад бен Ноиф баъд аз канорагирӣ аз вилоятаҳдӣ, амалан дар ҳасри хонагӣ ба сар мебурд ва таҳаррукоти ӯ ва фарзандонаш ба шиддат контрол мешуд, аз ин рӯ ин суол матраҳ мешавад, ки чаро Бен Салмон алорағми контроле, ки бар таҳаррукоти Бен Ноиф дошт, тасмим гирифт дар ин замон ӯро боздошт кунад? Сенориюи аввал наметавонад ба ин пурсиш посух диҳад.

Сенориюи дуввум ин аст, ки Муҳаммад бен Салмон қасд дорад ба зудӣ подшоҳро канор бизанад ва худаш подшоҳ шавад. Аз он ҷо, ки Муҳаммад бен Ноиф ва Аҳмад ибни Абдулазиз — ду рақиби аслии Муҳаммад бен Салмон ҳастанд ва дар хонадони чанд даҳҳазор нафарии Оли Сауд аз эҳтироми зиёде бархӯрдор ҳастанд, метавонанд дар раванди ҷонишинии Малик Салмон эхтилол эҷод кунанд. Бинобар ин, эҳтимолан Муҳаммад бен Салмон ба манзури парҳез аз ҳар гуна ихтилол дар раванди интиқоли қудрат, иқдом ба боздошти ду шоҳзодаи барҷаста кард.

Он чи ин сенориюро тақвият мекунад, чигунагии таҳаррукоти шоҳзода Аҳмад аст. Муҳаммад бен Ноиф аз муддатҳо пеш тақрибан дар ҳаср буд. Аммо шоҳзода Аҳмад озодона дар ҳоли сафар буд ва ҳеч маҳдудияте бар вай эъмол нашуда буд. Аз ҷумла ин ки вай ба муддати як моҳ дар кишвари Марокаш машғули шикор буд ва ҳамин чаҳоршанбеи гузашта андаке баъд аз бозгашт ба Арабистон боздошт шуд. Агар Бен Салмон ба таҳаррукоти шоҳзода Аҳмад машкук буд, баъид буд, ки иҷоза диҳад амуяш ба роҳатӣ ба хориҷ аз Арабистон сафар кунад.

Ба ҳар ҳол, ҳанӯз маълум нест, ки дақиқан чаро Муҳаммад бен Салмон иқдом ба боздошти ду тан аз шоҳзодаҳо кардааст, вале ӯ бо ин кор равияи ҳукмронии суннатӣ дар хонадони Оли Саудро аз байн бурд. Зеро қабл аз рӯйи кор омадани Муҳаммад бен Салмон хонадони Оли Сауд дар тасмимгириҳои муҳимми ҳокимиятӣ равияе мубтанӣ бар иҷмоъсозӣ дар миёни бузургони хонадон доштанд. Ришсафедони хонадони ҳоким, дар масоили муҳим машварат мекарданд ва ба подшоҳ дар тасмимгириҳо кӯмак мекарданд. Аз ҳамин рӯ, ин ришсафедон, хусусан фарзандони Абдулазиз, аз эҳтироми хоссе дар миёни наслҳои ҷавони Оли Сауд бархӯрдор буданд. Баъд аз ин ки Муҳаммад бен Салмон зимоми умурро ба даст гирифт, ин равия тағйир пайдо кард ва ришсафедҳо канор гузошта шуданд. Ҳоло бо боздошти фарзанди Абдулазиз, эҳтироми бузургони хонадон низ зери суол рафтааст.

Fararu

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.