Сиёсат

Абдуллоҳ пешниҳоди Омрико барои саҳм доштан дар ҳукуматро рад кард

Дар остонаи маросими таҳлифи Ашраф Ғанӣ, Абдуллоҳ пешниҳоди Омрико барои саҳмгирӣ аз кобинаи ояндаи давлати Афғонистонро рад кард.

Ба гузориши Кобулнюз, дар ҳоле, ки фардо маросими таҳлифи Ашраф Ғанӣ ба унвони раисиҷумҳури Афғонистон аст, дафтари риёсати иҷроияи ин кишвар аз баргузории маросими таҳлифи Абдуллоҳ Абдуллоҳ хабар дод.

Бар асоси эъломи риёсати иҷроия, фардо ҳамзамон бо маросими таҳлифи Ашраф Ғанӣ, Абдуллоҳ низ савганд мехӯрад ва ҳукумати худро ташкил хоҳад дод.

Бо наздик шудан ба маросими таҳлиф, Залмай Халилзод, ки охирҳои ҳафтаи гузашта ба Кобул омада буд, дар ҷаласае чандсоата бо Абдуллоҳ ба дунболи эҷоди тавофуқи дигар, ин бор, миёни сарони аршади давлати Афғонистон буд.

Телевизиюни давлатии Кобулнюз дар гузорише эълом кард, ки Абдуллоҳ 3 пешниҳоди Иёлоти Муттаҳидаи Омрикоро рад кардааст.

Бар асоси ин гузориш, ин пешниҳодҳо шомили раҳбарии Шӯрои сулҳ, раҳбарии аршади нерӯҳои амниятӣ ва раиси Шӯрои амнияти ин кишвар ва доштани саҳми 40 дарсадӣ дар давлати оянда аст.

Пас аз эъломи натоиҷи чаҳорумин интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон, Абдуллоҳ дар баёнияе ин натоиҷро ботил эълом кард ва аз ташкили ҳукумати фарогир хабар дод.

Ба дунболи эъломи ин мавзӯъ аз сӯи Абдуллоҳ, бархе аз шахсиятҳои сиёсии Афғонистон аз ҷумла Ҳомид Карзай ва Абдуррашид Дӯстум аз ташкили ҳукумати фарогир ба раҳбари Абдуллоҳ ҳимоят карданд.

Дар ибтидо қарор буд маросими таҳлифи Ашраф Ғанӣ баргузор шавад, аммо ба дархости давлати Омрико ба таъвиқ афтод ва арг далели онро “ҷилавгирӣ аз шуюъи куруно дар Афғонистон” эълом кард.

Ин дар ҳолест, ки бархе гузоришҳо аз талоши мақомоти омрикоӣ барои ройзанӣ ва гуфтугӯ бо Абдуллоҳ ва бархе чеҳраҳои сиёсии Афғонистон хабар медиҳанд.

Пас аз эъломи натоиҷи интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон, Залмай Халилзод, намояндаи Омрико, ки ба тозагӣ тавофуқномаи сулҳро бо Толибон имзо карда, ба Кобул сафар кард ва бо Абдуллоҳ ба гуфтугӯ пардохт.

Пас аз он ки Абдуллоҳ дар маросими қироати баёнияи муштарак миёни Омрико ва давлати Афғонистон дар хусуси тавофуқи сулҳ зоҳир шуд, бархе гумоназаниҳо аз эҷоди як тавофуқ миёни Ғанӣ ва Абдуллоҳ ҳикоят дошт, аммо Абдуллоҳ дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки танҳо ба далели аҳаммияти мавзӯи сулҳ ба маросим омада ва ҳамчунон бар мавзеъи худ устувор аст.

Вай ҳамчунин гуфт, ки давлати Ғанӣ монеъ аз иҷрои тавофуқи сулҳ бо Толибон аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.