Сиёсат

Абдуллоҳ: “Дигар мусолеҳа нахоҳам кард!”

Риёсати иҷроияи Афғонистон таъкид кард, ки танҳо роҳи бурунрафт аз бӯҳрон ботил кардан орои ҷаълӣ аст ва вай дигар мусолеҳа нахоҳад кард.

Ҳамзамон бо идомаи музокирот миён Арг ва Сапедор, Абдуллоҳ Абдуллоҳ таъкид кард, ки дигар мусолеҳа нахоҳад кард.

Вай дар твитте навишт: “Ҳеч кас набояд таъаҳҳуди мо барои демукросии воқеӣ ва азми мо барои барпоии ҳукумати қонунро дастикам бигирад. Собиқаи азхудгузаштагии мо набояд баҳонае ба дасти касе бидиҳад, ки ҳар чизеро бидуни чуну чаро қабул кунем. Ботил кардани тамоми орои ҷаълӣ роҳи бурунрафт (аз бӯҳрон) аст.”

Аз сӯи дигар, тими Абдуллоҳ эълом кард дар сурате, ки тарҳи пешниҳодии вай аз сӯи Ғанӣ пазируфта нашавад, маросими таҳлифи ӯ ба унвони раисиҷумҳури ояндаи Афғонистон баргузор хоҳад шуд.

Бар асоси эъломи Арг, қарор буд маросими таҳлифи Ашраф Ғани имрӯз соати 8 субҳ бо ҳузури шуморе аз мақомоти кишварҳои хориҷӣ баргузор шавад, аммо пас аз авҷ гирифтани ихтилофот миёни Арг ва Сапедор, Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи Ғанӣ эълом кард, ки ин маросим то соати 3 баъд аз зуҳр ба таъвиқ афтодааст.

Аз сӯи дигар низ сухангӯи Абдуллоҳ бо баёни ин ки Сапедор омодагиҳои лозимро барои анҷоми маросими таҳлифи вай дорад, аз ба таъвиқ афтодани ин маросим хабар дод.

Як манбаъи мувассақ дар кохи Сапедор гуфт: “Агар музокирот ба натиҷа бирасад, маросими таҳлифе дар кор нахоҳад буд, дар он сурат агар ду тараф ба тавофуқ нарасанд, 2 маросими таҳлиф дар Афғонистон баргузор хоҳад шуд.”

Ба гуфтаи вай, тарҳе, ки риёсати иҷроия ба Ғанӣ пешниҳод дода агар мавриди қабул воқеъ шавад, як маросими таҳлиф баргузор хоҳад шуд ва он, маросими таҳлифи шахсест, ки раисиҷумҳур хоҳад шуд ва шахси дигар нахуствазир хоҳад шуд.

Бар асоси гузоришҳо, ҷамъияти зиёде дар Сапедор ҳастанд ва Абдуллоҳ қарор аст дақоиқе дигар бо бархе муовинони худ ба идомаи ройзаниҳо бипардозад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.