Сиёсат

Атвон: “Яман дар остонаи як таҳаввули сиёсӣ ва низомии бузург”

Яман ахиран шоҳиди се таҳаввули асосӣ буд, ки як навъ инқилоб дар саҳнаи сиёсӣ ва низомии ин кишвар маҳсуб мешавад.

Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи фароминтақаии Раъюл-явм, дар таҳлиле дар ин рӯзнома навишт, ин таҳаввулоти сегона метавонанд тамоми муъодилоти майдонии Яманро дигаргун карда ва тағйир диҳанд, ва ин таҳаввулоти сегона иборатанд аз:

1) Ҷунбиши Ансоруллоҳ чанд моҳ пас аз ҳадаф қарор додани таъсисоти нафтии “Биқеқ” ва “Харис” ба унвони маркази санъати нафти Саудӣ, таъсисоти нафтии “Оромку” дар бандари “Янбуъ” дар соҳили шимолии баҳри Сурхро низ бо мушакҳои болистик ва паҳподҳо мавриди ҳамла қарор дод.

2) Нерӯҳои мардумии Яман дар канори артиши ин кишвар бар устони Ҷавф тасаллут ёфт ва бисёре аз манотиқи Маъриб, устони ҳамҷивори онро, дар ихтиёр гирифт, ки дар он чоҳҳои нафт ва захоири нафтӣ мавҷуд аст.

3) Ихтилоф ва шикоф дар миёни меҳвари ҳаводори давлати ба истеъфорафтаи Яман (Абдураббуҳ Мансур Ҳодӣ) ба шиддат боло гирифта ва дар ҳамин робита бархе аз ҳаводорони ин меҳвар Абдураббуҳ Мансур Ҳодӣ, раисиҷумҳури ба истъефорафта ва фирории Яман ва муовинаш сарлашкар Алӣ Муҳсин ал-Аҳмарро омоҷи ҳамалоти шадиди худ қарор доданд.

Дар ҳамин росто Аҳмад Убайд бен Дағар, нахуствазири пешини Яман, дар сафҳаи шахсии худ дар шабакаи иҷтимоии Твиттер, аз сарнагун шудани артиши Мансур Ҳодӣ пас аз озодсозии устони Ҷавф тавассути нерӯҳои мардумии Яман ва барҳам хӯрдани муъодилаи қудрат ба суди ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман сухан ба миён овард.

Дар идома Атвон навиштааст, Мансур Ҳодӣ ва давлати вай ин рӯзҳо ба се далел дар шароити бисёр душворе ба сар мебаранд:

1) Далели аввал: дар миёни онҳо шикофҳои амиқе падидор шудааст.

2) Дуввум: интиқодҳо алайҳи давлати Мансур Ҳодӣ ба далели нотавон ва нокоромад будани масъулони собиқ ва кунунии он боло гирифтааст.

3) Севвум: шикасти нерӯҳои Мансур Ҳодӣ дар устони Ҷавф ва озодсозии он тавассути артиш ва нерӯҳои мардумии Яман ба раҳбарии ҷунбиши Ансоруллоҳ аст.

Ба навиштаи Атвон, сафари ғайримунтазираи Мортин Грифитс, фиристодаи Созмони Милал дар умури Яман ба шаҳри Маъриб ва дидораш бо Султон Арова, устондори Маъриб ва дархосташ мабнӣ бар боқӣ мондани ин шаҳр хориҷ аз саҳнаи даргирӣ, аз нигаронии Омрико ва Англис ҳикоят дорад, зеро тамоми ширкатҳои нафти мутаъаллиқ ба ин ду кишвар, дар ин шаҳр ба унвони маҳалли чоҳҳои нафту гози Яман машғули фаъолият ҳастанд.

Атвон дар поён хотирнишон кардааст, тасаллут ёфтани ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман бар ин шаҳр ба маънои он аст, ки аносури низомии вобаста ба Саудӣ аз як манбаъи молии муҳим маҳрум шудаанд ва нерӯҳои мардумии Яман аз даромади нафтии ҳосил аз он баҳраманд хоҳанд шуд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.