Сиёсат

Бархӯрди бисёр тунди Салоҳуддин Раббонӣ бо намояндаи Омрико дар Афғонистон

Салоҳуддин Раббонӣ, раҳбари ҳизби Ҷамъияти Исломии Афғонистон ва вазири собиқи умури хориҷаи ин кишвар, дар посух ба пешниҳоди Залмай Халилзод, намояндаи Омрико дар умури Афғонистон мабнӣ бар ин ки Ашраф Ғанӣ ҳозир аст 40 дарсади кобинаро ба тими Абдуллоҳ бидиҳад, гуфта: “Агар ба мо 90 дарсади кобинаро ҳам ваъда бидиҳед, иҷоза намедиҳем тақаллуб ниҳодина шавад, охирин ҳарфу хости мо, ботил шудани натиҷаи тақаллубӣ ва лағви маросими таҳлифи Ғанӣ аст.”

Сафҳаи фейсбукии Салоҳуддин Раббонӣ гуфтугӯ ва мушоҷирае, ки дишаб (8 март) байни дуктур Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Залмай Халилзод, намояндаи Омрико дар умури Афғонистон сурат гирифта чунин нақл кардааст:

Халилзод хитоб ба дуктур Абдуллоҳ гуфта: “Мо бо Ашраф Ғанӣ сӯҳбат кардем ва ӯ гуфта 40 дарсади кобинаро ба тими “Субот” медиҳам.”

Қабл аз ин ки дуктур Абдуллоҳ ҳарфе бизанад, мӯҳтарам Салоҳуддин Раббонӣ чунин мегӯяд: “Агар ба мо 90 дарсади кобинаро ҳам ваъда бидиҳед, иҷоза намедиҳем тақаллуб ниҳодина шавад, охирин ҳарфу хости мо, ботил шудани натиҷаи тақаллубӣ ва лағви маросими таҳлифи Ғанӣ аст, натоиҷ бояд бар асоси орои биометрикшуда ҳисоб мешуд.”

Дар охир Халилзод ишора ба дуктур Абдуллоҳ, ки ҷавоби шумо чист дуктур соҳиб?, ҷавоби дуктур Абдуллоҳ ҳам чунин буд: “Мо бо тим худ файсала кардем, ки маслиҳат ин аст, ки дигар маслиҳат накунем.”

Гуфтанист, имрӯз (9 март) маросими таҳлифи риёсати ҷумҳурии Ашраф Ғанӣ дар Арги риёсати ҷумҳурии ин кишвар баргузор шуд, ҳамзамон бо ин, маросими таҳлифи Абдуллоҳ Абдуллоҳ низ ба унвони раисиҷумҳур дар Сапедор баргузор гардид.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.