Саҳюнизми ҷаҳонӣ

Оғози муҳокимаи фаластиниҳо дар Арабистони Саудӣ

Арабистони Саудӣ рӯзи якшанбе (8 март) муҳокимаи бархе фаластиниҳо ва ӯрдуниҳои боздоштиро оғоз кард ва ин мавзӯъ бо вокуниши гурӯҳҳои мухталифи фаластинӣ рӯ ба рӯ шуд.

Гурӯҳҳои мухталифи фаластинӣ муҳокимаи онҳо ба далели ҳимоят аз муқовиматро бахше аз санади “ҳамроҳии валиаҳди ин кишвар бо Вошингтун ва Телавив” донистанд.

Ба гузориши Аррисола, ҷунбиши Ҷиҳоди Исломӣ муҳокимаи 68 фаластинӣ, ӯрдунӣ ва саудиро ба иттиҳоми ҳимоят аз масъалаи Фаластин маҳкум кард.

Аҳмад ал-Мудаллил, узви аршади Ҷиҳоди Исломӣ эълом кард: “Ин муҳокимаҳо дар ростои тавтиаҳое аст, ки алайҳи масъалаи Фаластин чида мешавад, то монеъи муқобила бо тавтиаи саҳюнистӣ-омрикоӣ шавад; тавтиае, ки масъалаи Фаластинро ҳадаф гирифта ва дунболи таҷзияи уммат ва сирқати тавоноиҳои он аст.”

Вай таъкид кард, ин муҳокима барои хидмат ба давлати Омрико ҷиҳати иҷроӣ кардани “муомилаи қарн” бидуни мухолифати арабӣ аст ҳамон тавр ки ба режими саҳюнистӣ низ хидмат мекунад. Муҳокимаҳои мазкур лаккаи нанг бар пешонии тамоми касонест, ки озодагон ва ҳомиёни масъалаи Фаластин дар уммати исломро таҳти пайгард қарор медиҳад.

Мушир ал-Мисрӣ, аз аъзои аршади Ҳамос, муҳокимаи афроди мазкурро хуруҷ аз урфи Арабистони Саудӣ дар ҳимоят аз масъалаи Фаластин донист.

Вай дар гуфтугӯ бо ҚудсПресс эълом кард: “Барои ин иқдоми мақомоти саудӣ мутаассифем ва онро хориҷ аз умқи равобити таърихӣ миёни ду миллати Фаластин ва Саудӣ медонем.”

Ал-Мисрӣ таъкид кард, касе ки дар роҳи Фаластин фидокорӣ карда, бояд мавриди эҳтиром воқеъ шавад, на ин ки дар зиндон ва таҳти муҳокима бошад.

Вай аз мақомоти саудӣ дархост кард, ки аз ин иқдом даст бардоранд ва боздоштиҳоро, ки гуноҳе ҷуз ҳимоят аз Фаластин ва Қудс надоранд, озод кунанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.