Дидгоҳ

Чаро куруно дар Ҳинд чандон шуюъ пайдо накард?

Ҳинд бо Чин афзун бар 2 ҳазор километр марзи заминӣ дорад. Аз сӯи дигар, табиист ду кишвари ҳамсоя бо ҷамъияти боло бояд равобити инсонии густурдае дошта бошанд. Ҳамчунин, Ҳинд шӯҳрат дорад ба сатҳи поини беҳдошти умумӣ ва осебпазирӣ дар баробари бемориҳои ҳамагир ва ъуфунӣ.

Бо ин ҳама, шигифтангез аст Ҳинд аз балои куруно тақрибан дар амон мондааст ва дар шумори кишварҳое қарор дорад, ки ҳанӯз дучори ҳамагирии хатарноки ин беморӣ нашудаанд. Охирин омори Созмони ҷаҳонии беҳдошт нишон медиҳад, ки то кунун шумори мавориди ибтило ба куруно дар Ҳинд 33 нафар эълом шуда ва омори маргу мир низ маҳдуд ба 2 маврид будааст.

Ҷолиб аст ин оморро муқоиса кунем бо бархе кишварҳои бисёр кучак, ки ҳазорон километр бо Чин фосила ва ба сатҳи матлуби рифоҳу беҳдошти умумӣ шӯҳрат доранд. Барои мисол, мавориди ибтило ба куруно дар кишвари кучаки Утриш то кунун се баробари Ҳинд будааст. Шумори мубталоён дар Нурвеж (Норвегия) низ чаҳор баробари Ҳинд аст. Суисиҳо (швейтсариҳо) ҳафт баробари ҳиндиҳо ба куруно мубтало шудаанд. Мубталоён ба куруно дар Белжик (Белгия) низ беш аз панҷ баробари Ҳинд аст. Ҷолибтар ин ки ҷазираи дурдасти Исланд низ аз назари теъдоди мавориди ибтило ба куруно, дар радае болотар аз Ҳинд қарор дорад.

Ҳол, пурсиш ин ҷост, ки чаро ва чӣ гуна ҳиндиҳо аз куруно дар амон мондаанд?

Сахтгирӣ

Давлати Ҳинд мегӯяд, яке аз омилҳои дар амон мондани ин кишвар аз вируси ҳамагири куруно, иҷрои муқаррароти бисёр сахтгирона дар фурудгоҳҳои ин кишвар будааст.

Ҳинд, аз аввалин кишварҳое буд, ки дар фурудгоҳҳояш озмоиши ибтило ба куруно мегирифт ва қарантинаи мусофирони машкук дар фурудгоҳҳои ин кишвар бо диққат ва сахтгирии шадид анҷом шудааст. Ҳатто барои итминон, интиқол ва бозгардондани шаҳрвандони ҳиндӣ аз манотиқи курунозадаи Чин, ба артиш ва нерӯи ҳавоии ин кишвар супурда шуд. Ба илова, артиш мусофирони вурудиро ба марокизи қарантина месупурд.

Ин муқаррароти фурудгоҳӣ, ки дар ибтидо ва пеш аз ҳамагирӣ, ғайримантиқӣ ва сахтгирона ба назар мерасид, аз он ҷиҳат иҷро шуд, ки давлати Ҳинд медонист аксарияти ҷамъияти ин кишвар ба хадамоти дармонӣ ва имконоти беҳдоштӣ, ки ҳеч, ҳатто ба оби солиму кофӣ барои шустушӯи дастҳояшон дастрасӣ надоранд ва ҳамагирии густурдаи чунин вирусе метавонад ба фоҷеаи миллӣ дар ин кишвар мунҷар шавад.

Воқеияти Ҳинд баёнгари ин нукта аст, ки интишори куруно дар дунё лузуман иҷтинобнопазир набуд ва бо иҷрои муқаррарот, бавежа дар рафтуомадҳои фурудгоҳӣ, маҳоршуданӣ буд.

Баррасии ҷадвали интишори ҷаҳонии куруно нишон медиҳад ин қоъида на фақат дар бораи Ҳинд, балки дар бораи ҳамсоягони Чин (мисли Тоҷикистон, Покистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбакистон ва ғайра…) ҳам содиқ аст; кишварҳое, ки бо вуҷуди доштани марзи муштарак бо Чин, ба далели набуди иртиботи ҳавоӣ бо Вуҳон ва ҳамчунин иҷрои муқаррароти сахтгирона, акнун дар шумори кишварҳои дучори бӯҳрони куруно қарор надоранд. Табдили Эрон ба дуввумин қутби бӯҳрони куруно дар ҷаҳон, ба воситаи ҳамин иртиботи ҳавоӣ будааст; иртиботе, ки ҳаргиз контрол нашудааст ва шавоҳид мегӯяд ҳатто дар авҷи ҳамагирии ин вирус низ тадовум доштааст.

Иқболи баланди мардуми Ҳинд ин буд, ки ба далели вуҷуди риштакӯҳҳои Ҳимолой, ҳеч гуна иртиботи заминӣ бо минтақаи Вуҳон надоштаанд ва муҳимтар ин ки давлати ин кишвар хеле зуд гулӯгоҳҳои вурудӣ, яъне фурудгоҳҳоро таҳти контроли шадид гирифт. Дар моҷарои шуюъи куруно, амалкарди давлати Ҳинд шоистаи ситоиш аст, ва албатта қадре ҳам риштакӯҳҳои Ҳимолой.

Манбаъ: Eskannews

Рубрики:Дидгоҳ

Помечен как:, ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.