Сиёсат

Арабистон Эронро муттаҳам ба шуюъи куруно дар кулли ҷаҳон кард

Шӯрои вазирони Саудӣ имрӯз (сешанбе, 10 март) ташкили ҷаласа дод ва дар хусуси мавзӯъҳои мухталифи дохилӣ ва ҷаҳонӣ ба баҳсу гуфтугӯ нишаст.

Ба навиштаи хабаргузории расмии Саудӣ (ВАС), Шӯрои вазирони Саудӣ зимни зикри иқдомоти суратгирифта дар устони Қатиф барои ҷилавгирӣ аз интишори вируси куруно, аз ҳамаи дастгоҳҳо ва созмонҳои ин кишвар хост, то дар ин амр ҳамкорӣ кунанд.

Давлати Саудӣ дар идома Эронро ба “иқдоми ғайримасъулона” дар рафтор бо шаҳрвандони арабистонӣ муттаҳам кард ва муддаӣ шуд, ки Эрон вуруду хуруҷи саудиҳо ба хоки худаш ва ба хоки Арабистонро бо мӯҳр накардани гузарномаҳо, осон карда ва ин мавзӯъ барои саломатӣ хатарнок аст.

Шӯрои вазирони Саудӣ дар идома муддаӣ шуд, ки иқдомоти Эрон талошҳои ҷаҳонӣ барои мубориза бо куруноро бо монеъ рӯ ба рӯ карда ва ин мавзӯъ шуюъи бемории куруноро мустақиман мутаваҷҷеҳи Эрон мекунад.

Пеш аз ин низ як мақоми масъул дар Арабистони Саудӣ дар баёнияе бо ишора ба ибтилои теъдоде аз шаҳрвандони Саудӣ ба вируси куруно, Эронро масъули шуюъи ин беморӣ на танҳо дар Арабистон, балки дар сатҳи ҷаҳон шумурда буд.

Сайидаббос Мусавӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон, чанде пеш посухи ин иттиҳоми давлати Саудиро дод ва гуфт, ки адами мӯҳр задан бар рӯи гузарномаҳо барои тамоми кишварҳо ба ҷуз Омрико, Англис ва Конодо яксон аст ва ин кор ба манзури суръат дар анҷоми сафар ва ҷилавгирӣ аз ишғоли сафаҳоти гузарномаи мутақозиёни раводид сурат мегирад.

Дар нишасти имрӯзи ҳайъати вазирони Саудӣ эълом шуд, ки то кунун 20 нафар дар ин кишвар ба ин вирус мубтало ва 2032 нафар низ дар қарантинаи хонагӣ ва 468 тани дигар дар қарантинаи бемористонӣ қарор гирифтаанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.