Сиёсат

Латиф Пидром: “Омрико ҳеч ғалате наметавонад бикунад!”

 

Раҳбари Кунгураи Миллии Афғонистон дар вокуниш ба изҳороти ахири вазири хориҷаи Омрико дар бораи Афғонистон, бо таъкид бар ин ки Омрико нияти шуми худро собит кард, гуфт: “Ба қавли яке аз бузургон, Омрико ҳеч ғалате наметавонад бикунад!”

Латиф Пидром, раҳбари ҳизби Кунгураи Миллии Афғонистон ба дахолати ахири Омрико дар умури дохилии Афғонистон вокуниш нишон дод.

Пидром дар вокуниш ба изҳороти ахири Помпео дар бораи мухолифати Омрико бо эҷоди ҳукумати мувозӣ (ҳукумат дар баробари ҳукумат) дар Афғонистон ва истифода аз зӯр барои ҳалли масоили сиёсӣ, гуфт: “Ҷолиб аст, режиме, ки ҷуз адабиёт ва мантиқи зӯр, таҷовузгарӣ ва ишғолгарӣ, ҳеч сулҳу хайр ва ҳаққи башарӣ ва адолатеро ба расмият намешиносад, дигаронро ҳатто аз анҷоми як ҳаракати маданӣ барои дифоъ аз ҳаққу ҳуқуқи мусаллами худ барҳазар медорад ва дар воқеъ таҳдид мекунад.”

Вай афзуд: “Помпео ва давлаташ агар барои ҳаққу адолату маданият ва иродаи озоди мардумон эҳтиром қоил буданд, Ғаниро бо истифода аз зӯру иҷбор раиси мамлакати мо эълом намекарданд.”

Пидром идома дод: “Одами оқил аз як сӯрохи мор дубор газида намешавад. Дигар ният, ирода ва қасди шуми Омрико ва ишқаш ба султагарӣ, ба шовинистҳо ва муздуронаш, барои мо мисли офтоб равшан шудааст. На фиреби Омрикоро мехӯрем ва на аз он метарсем. Агар мардум ирода кунанд, чунонки дирӯз дар кохи Сапедор ирода ва озодагӣ нишон доданд, ба қавли яке аз бузургон: Омрико ҳеч ғалате наметавонад бикунад!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.