Ҷаҳон

Чин камари куруноро шикаст // Фақат 19 ибтило ва 17 марги ҷадид

Дар Чин омори мубталоёни ҷадид ба вируси куруно ба ҳаддиақали худ ва афроди беҳбудёфта ба болои 72 дарсад расид ва тайи рӯзҳои гузашта бисёре аз марказҳои дармонии махсуси беморони мубтало ба вируси куруно таътил шуданд ва беморон пас аз беҳбудӣ ба хонаҳояшон рафтанд.

Ҳамзамон бо шуюъи ҷаҳонии вируси куруно ба беш аз 100 кишвари дунё ва хатарнок шудани ҳамагирии ин вирус дар кишварҳое чун Куреи ҷанубӣ, Эрон ва Итолиё, мақомоти чинӣ пас аз беш аз 2 моҳи муборизаи сахт бо вируси куруно ва бакоргирии сиёсатҳои сахтгиронаи қарантина дар минтақаҳои олуда, дар остонаи ҷашни халосӣ аз шуюъи вируси куруно ҳастанд.

Таътилии як маркази саҳроӣ барои беморони куруно дар шаҳри Вуҳони Чин

Тибқи омор, дирӯз танҳо 19 мавриди ибтилои ҷадид ба куруно дар Чин сабт шуд ва фақат 17 нафар низ ба омори ҷонбохтагон дар ин кишвар изофа шуд. Ин камтарин мизони мубталоён ва ҷонбохтагон аз замони шуюъи вируси куруно дар Чин аст.

Вируси куруно аз охирҳои моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Вуҳони Чин шуюъ пайдо кард ва тайи ин муддат бар асоси оморҳои расмии Чин беш аз 85 ҳазор нафарро дар ин кишвар мубтало карда ва беш аз 3000 нафарро ба коми марг фиристод.

Давлати Чин аз ҳамон ибтидои оғози бӯҳрон, шаҳри Вуҳон ва устони Ҳубиро ба таври сифту сахт қарантина кард ва иҷозаи хуруҷи мардум аз хонаҳояшонро надод. Давлати Чин ҳамчунин бо барпоии бемористонҳои саҳроӣ тайи камтар аз 10 рӯз садҳо бемори бадҳоли мубтало ба куруноро бистарӣ ва дармон кард.

Ҳамчунин раисиҷумҳури Чин имрӯз (сешанбе, 10 март) барои нахустин бор пас аз оғози бӯҳрони ҳамагирии куруно дар кишвараш, вориди шаҳри Вуҳон шуд; шаҳре, ки конуни шуюъи вирус буда ва ҳоло ба назар мерасад ин сафар нишонаест аз фурӯкаш кардани бӯҳрон ва ирсоли паёме ба ҳамаи ҷаҳон мабнӣ бар ин ки давлати Чин тавониста бо сиёсатҳои сифту сахти қарантина ва равишҳои дармонӣ, вируси куруноро маҳор карда ва шикаст диҳад.

Рубрики:Ҷаҳон

Помечен как:, ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.