Дидгоҳ

Мусалмонӣ, ки ҳеч, бӯйе аз инсоният ҳам надоранд

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар нахустин рӯзҳое, ки вируси куруно дар Чин буруз кард, иддае “мусалмон” табли шодӣ заданд ва ба пойкӯбӣ пардохтанд ва фарёд сар доданд, ки ин як азоби илоҳист бар қавми ситамгар. Аз он сӯй ҳам, шуморе аз давлатмардони омрикоӣ низ хурсанд шуданд ва гуфтанд, ин беморӣ, ки дар Чин шуюъ пайдо карда, бар иқтисоди ин кишвар зарба ворид хоҳад кард ва дар натиҷа ин имконро барои Омрико фароҳам хоҳад сохт, ки фурсатҳои шуғлии бештаре муҳайё шавад ва иқтисодамон “гул” кунад.

Сипас, пойи ин вирус ба Эрон расид. Дар қиёс бо Чин, аммо шумори хушҳолону пойкӯбон аз шуюъи ин беморӣ дар Эрон, ба маротиб бештар буд. Ба иловаи теъдоди қобили таваҷҷӯҳе аз “мусалмонон”, ҳамчунин душманони қасамхӯрдаи Эрон мисли Омрико, “Исроил”, Арабистони Саудӣ, Амороти Арабии Муттаҳида ва низ мухолифони низоми исломӣ дар Эрон — ки бархе аз онҳо эронӣ ва тоҷик ҳам ҳастанд – низ шурӯъ ба пойкӯбӣ намуданд, албатта бо пӯшиши дилсӯзӣ.

Ҷолиб ин, ки он шумор аз “мусалмонон” ин бор хурсандии хешро ба ин сурат унвон доштанд, ки Худованд азоби худро болои “мушрикон” – ки манзурашон шиъаён аст — фуруд оварда ба хотири ин ки масалан онҳо қубури авлиёуллоҳро зиёрат мекунанд. Аз оғозин рӯзҳое, ки куруновирус дар Эрон шуюъ пайдо кард, шабакаҳои моҳвораии ба номи исломӣ, ки маҳалли баъзе дар Аморот ва бархе ҳам дар Ландан аст, шурӯъ ба дурӯғпароканӣ намуда ва аз ин фурсати “тилоии” барояшон пешомада, ниҳояти баҳраро бурда ва камокон мебаранд.

Омрико, “Исроил”, Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ низ, ки равшан аст чаро бояд хушҳол бошанд, ниёз ба тавзеҳ ҳам надорад.

* * *

Ин аст вазъи “мусалмонҳо” ва куллан вазъи инсоният дар ин қарн, ки гуфта мешавад, қарни пешрафт аст. Бале, аз назари донишу текнулужӣ башарияти ду қарни ахир (20 ва 21) воқеан пешрафт карда ва дар ин шакке нест, вале дар ҷанбаи инсоният ва камолоти инсонӣ, оё башари ин ду аср, дар қиёс бо башари масалан понсад сол ё ҳазор сол пеш, пешрафте доштааст? Қатъан на.

Азизон таърихро таварруқ кунанд. Бештарини ҷангҳо, дар ин ду қарн (20 ва 21) воқеъ шуда ва шумори одамҳое, ки дар натиҷаи ҷангҳо дар ин ду қарн кушта шудаанд, асосан қобили қиёс нест бо кушташудаҳо дар асари ҷангу даргирӣ дар даврони пеш аз ин ду қарн. Мо дар таърих давронеро суроғ дорем, ки масалан, як қарни комил (100 сол), дар рӯи замин аслан ҷанге ба вуқӯъ напайваста. Аммо бо камоли таассуф ва ҳамон тавр ки Вил Дуронт дар “Таърихи тамаддун”-аш мегӯяд, равиши таърихнигорон ин буда, ки бештар ҷангҳо ва набардҳоро рӯи коғаз биёваранд ва ҷанбаҳои дигари зиндагии башар дар таърихро нодида бигиранд, ки ҳамин боис шуда вақте шумо имрӯз китобҳои таърихиро мехонед, чунон ба назаратон ҷилва мекунад, ки гӯӣ фақат ҷангу даргирӣ будааст.

Ин ки арз шуд, ки бештарини ҷангҳо дар ин ду қарн (20 ва 21) – ки даврони пешрафти башарият ба шумор меояд – воқеъ шуда ва башарият зиёд кушта додааст, далелаш ин аст, ки башарият дар ин ду қарн, дар ноҳияи камолоти инсонӣ суқут кардааст. Ин ки шумо аз шуюъи як вирус дар як ҷомеа – ҳоло ҳар кӣ ҳаст вай, чӣ мусалмон аст ё кофир – хушҳол мешавед ва аз он дар ҷиҳати аҳдофи сиёсӣ ва динии худ баҳрабардорӣ менамоед, ин ба чӣ маъност?

* * *

Ин ҳама хушҳолӣ ва пойкӯбӣ аз шуюъи вирусе дар як ҷомеа дар ҳоле буд, ки куруновирус – ин вируси навпайдо – на мусалмон мешинохтааст ва на кофир, на шиъа мешинохтааст ва на суннӣ, на чинӣ мешинохтааст ва на омрикоӣ ва ё урупоӣ, дар ҳоли дарнавардидани тамоми ҷомеаҳост. Давлатмардони омрикоӣ, ки шуюъи ин беморӣ дар Чинро сабаби равнақи иқтисоди худ мепиндоштанд, имрӯз ин бало гиребони худи онҳо ва домони иқтисоди худашонро гирифтааст. Чин ҳам, ки дар ҳоли худоҳофизӣ бо ин вирус аст ва оморҳои ахир дар ин кишвар нишон медиҳад, ки дигар ба сифр мерасад. Он суннӣ, ки аз мубтало шудани шиъа ба ин вирус пойкӯбӣ мекард, инак домони худи ӯро дар ҳоли гирифтан аст. Имрӯз наздик ба 100 кишвар мизбони ин меҳмони туфайлӣ ва нохонда ҳастанд.

Даст ба даргоҳи Худованди Мутаъол ва Маннон баланд мекунем ва дуо мекунем, ки ҳар чӣ зудтар ин бало аз сари кулли башарият, мусалмону ғайримусалмон, бардошта шавад ва гӯрашро гум кунад!

* * *

Ва дар поён, фақат ба унвони ёдоварӣ барои он азизоне, ки мусалмонони шиъаро ба хотири зиёрати қубури пешвоёнашон, бахусус қабри шарифи набераи гиромии ҳазрати Паёмбар (с), Имом Алӣ ибни Мӯсо Ризо (а) дар Машҳади Муқаддас – ки аз Худованд мехоҳам зиёрати ин имомро ҳарчи зудтар насиби ин банда гардонад! — “мушрик” мехонанд, барои ин азизон, ба унвони ёдоварӣ, ду ривоят ва шеъре аз Ҷомӣ меоварам. Ҳар ду ривоят бо санади саҳеҳ нақл шуда ва дар бораи иродати шайхи муҳаддисон, Ибни Хузайма (р) ба Имом Ризо (а) ва кайфият ва чигунагии зиёрати ин бузургвор аз марқади мутаҳҳари Имом Ризо (а) аст.

1) Дар “Таҳзибут-таҳзиб” ба нақл аз Ҳоким омадааст:

سمعت أبا بكر محمد بن المؤمل بن الحسن بن عيسى يقول خرجنا مع امام أهل الحديث أبي بكر بن خزيمة وعديله أبي علي الثقفي مع جماعة من مشائخنا وهم إذ ذاك متوافرون إلى زيارة قبر علي بن موسى الرضى بطوس قال فرأيت من تعظيمه يعنى ابن خزيمة لتلك البقعة وتواضعه لها وتضرعه عندها ما تحيرنا

“Аз Абӯбакр Муҳаммад ибни Муаммил шунидам, ки гуфт: рӯзе бо пешвои аҳли ҳадис Абӯбакр ибни Хузайма ва дӯсташ Абӯалии Сақафӣ ва дигар машойихамон ба зиёрати қабри Алӣ ибни Мӯсо (Имом Ризо) ба Тӯс (Машҳади имрӯза) рафтем. Онҳо ба зиёрати қабри эшон бисёр мерафтанд. Муҳаммад ибни Муаммил мегӯяд: эҳтиром ва таъзим ва тавозӯъ ва гиряву зории Ибни Хузайма назди қабри Алӣ ибни Мӯсо ҳамагиро шигифтзада карда буд…”

(Таҳзибут-таҳзиб, 7/339 ба нақл аз Ал-мактаба аш-шомила)

Ибни Хузайма назди аҳли ҳадис ҷойгоҳи вижае дорад; ба гунае ки аз вай ба унвонҳое чун: Шайхул-ислом, Имомул-аъимма, Ҳофиз, Ҳуҷҷат, Фақеҳ, Беназир, Зиндакунандаи суннати Расули Худо таъбир кардаанд ва ӯ дар илми ҳадис ва фиқҳ зарбулмасал буд. (Сияру аъломин-нубало, Шамсуддини Заҳабӣ, ҷ.14, с.365 ва 377)

Дар мавриди Абӯалии Сақафӣ низ таъбирҳое чун: Имом, Муҳаддис, Фақеҳ, Аллома, Шайхи Хуросон, Мударриси фиқҳи шофеӣ дар Хуросон, Имом дар аксари улуми шаръӣ, Ҳуҷҷати Худо бар халқ дар даврони худаш ба кор рафта, ки нишондиҳандаи аҳаммият ва ҷойгоҳи ин шахсият аст. (Сияру аъломин-нубало, ҷ.15, с.280 ва 282)

2) Ибни Ҳаббон (354 ҳ.қ.) мегӯяд:

قد زرته مرارا كثيرة وما حلت بي شدة في وقت مقامى بطوس فزرت قبر على بن موسى الرضا صلوات الله على جده وعليه ودعوت الله إزالتها عنى إلا أستجيب لي وزالت عنى تلك الشدة وهذا شيء جربته مرارا فوجدته كذلك أماتنا الله على محبة المصطفى وأهل بيته صلى الله عليه و سلم الله عليه وعليهم أجمعين

Ман борҳо ва хеле зиёд қабри эшон (Имом Ризо)-ро зиёрат кардаам. Замоне ки дар Тӯс будам, ҳар вақт мушкиле бароям рух медод, қабри Алӣ ибни Мӯсо Ризоро — ки дуруди Худо бар ҷаддаш ва худаш бод! — зиёрат мекардам ва барои бартараф шудани мушкилам Худоро дуо мекардам ва дуоям мустаҷоб ва мушкилам низ ҳал мешуд. Ин корро чандин бор таҷриба кардам ва ҷавоб гирифтам. Худованд моро бар муҳаббати Мустафо (а) ва Аҳли Байташ — ки дуруди Худо бар ӯ ва Аҳли Байташ бод! — бимиронад.”

(Сиқоти Ибни Ҳаббон, 8/457, Ашшомила)

Ибни Ҳаббон низ аз бузургони аҳли суннат аст ва ҷойгоҳи волое дорад; ба гунае ки аз вай ба унвонҳое чун: Имом, Аллома, Ҳофиз, Шайхи Хуросон, яке аз устувонаҳои илм дар фиқҳ ва луғат ва ҳадис, ва аз уқалои риҷол таъбир кардаанд. (Сияру аъломин-нубало, ҷ.16, с.92)

3) Инак шеъре аз Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ дар васфи Имом Ризо:

Саломун ало Оли Тоҳо ва Ёсин

Саломун ало Оли хайриннабийин

Саломун ало равзатин ҳалла фиҳо

Имомун юбоҳӣ биҳил-мулку вад-дин

Имоми ба ҳақ шоҳи мутлақ, ки омад

Ҳарими дараш қиблагоҳи салотин

Шаҳи кохи ирфон, гули боғи эҳсон

Дури дурҷи имон, маҳи бурҷи тамкин

Алӣ ибни Мӯсар-Ризо, к-аз Худояш

Ризо шуд лақаб чун ризо будаш ойин

Зи фазлу шараф бинӣ ӯро ҷаҳоне

Агар набвадат тира чашми ҷаҳонбин

Пайи атри рӯбанди ҳурони ҷаннат

Ғубори диёраш ба гесӯи мишкин

Агар хоҳӣ орӣ ба каф домани ӯ

Бирав доман аз ҳарчӣ ҷуз ӯст дарчин

Чу Ҷомӣ чашад лаззати теғи меҳраш

Чӣ ғам гар мухолиф кашад ханҷари кин…

Агар қарор аст мусалмонони шиъа ба хотири зиёрати қабри пешвоёнашон бахусус Имом Ризо (а) ва тарҳи мушкилоти хеш дар назди қабри он ҳазрат ва дархости бароварда шудани он мушиклот аз Худованд дар пешгоҳи қабри он имом, “мушрик” қаламдод бишаванд, пас Имом Ибни Хузайма (р), шайхи муҳаддисон, Ибни Ҳаббон (р) ва Мавлоно Ҷомӣ низ, дар назари ин мусалмонони навпайдо “мушрик” будаанд.

Саломат бошед!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.