Ҳуқуқи башар

Боздошти намояндаи “Гурӯҳи 24” дар Туркия

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, Насимҷон Шарифов, намояндаи “Гурӯҳи 24” дар Туркия рӯзи 12 март дар шаҳри Истонбул боздошт шудааст. Нуриддин Ризоӣ, масъули равобити хориҷии ин гурӯҳ дар гуфтугӯ ба сомонаи «Ахбор” гуфтааст, Насимҷон Шарифовро пулис соати 11 дар ҷойи кораш дастгир кардааст ва ӯ ҳоло дар шӯъбаи пулис буда, бо адвокат таъмин карда шудааст. Адвокат гуфтааст, маъмурони пулис Сӯҳроб Зафар, роҳбари «Гурӯҳи 24” ва Зайд Бобоев, як узви фаъоли ин созмонро низ, ки дар Туркия ба сар мебаранд суроғ дорад. Ба гуфтаи фаъолони «Гурӯҳи 24”, боздошти Насимҷон Шарифов бо дархости мақомоти Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Бар пояи ин гузориш, Насимҷон Шарифов 19 марти соли 2018 низ ҳамроҳ бо роҳбари «Гурӯҳи 24” Сӯҳроб Зафар дар Истонбул бо дархости мақомоти Душанбе дастгир шуда буд, вале мақомоти Туркия аз истирдоди онҳо ба Тоҷикистон худдорӣ карданд.

Насимҷон Шарифов ду сол пеш рӯзи 29 май, баъди 72 рӯзи боздошташ ва Сӯҳроб Зафар моҳи октябр баъди 200 рӯзи боздошт озод шуданд. Насимҷон Шарифов баъди раҳоияш дар соли 2018 дар Туркия мақоми расмии паноҳандагӣ ба даст оварда буд.

Дар бораи боздошти Насимҷон Шарифов дар Туркия Нуриддин Ризоӣ, масъули равобити хориҷии «Гурӯҳи 24” дар сафҳааш дар Фейсбук хабар дод. Ӯ дар сӯҳбат бо сомонаи «Ахбор” гуфт, ки намояндаи «Гуруҳи 24” дар Туркия Насимҷон Шарифовро, ки дар он кишвар расман мақоми паноҳандагӣ дарёфт карда, ба таври қонунӣ дар Истонбул кору зиндагӣ мекард, соати 11 аз ҷойи кораш дастгир карда, бидуни шарҳи сабабҳои боздошт, ба шӯъбаи пулис бурдаанд.

Бар асоси гузориши “Ахбор”, «Гурӯҳи 24” соли 2012 аз ҷониби соҳибкор Умаралӣ Қувватов баъди фирор аз Тоҷикистон ташкил шудааст. Дар тобистон ва тирамоҳи соли 2014 «Гурӯҳи 24” дар шаҳрҳои Русия бо ҷалби муҳоҷирони тоҷик силсилаи гирдиҳамоиҳои эътирозӣ ба зидди ҳукумати Тоҷикистонро доир карда, ҳамаро ба гирдиҳамоии ниҳоӣ дар таърихи 10 октябри ҳамон сол дар майдони Дӯстӣ – майдони марказии шаҳри Душанбе даъват кард.

Ин гирдиҳамоӣ дар Душанбе доир нашуд, вале Додгоҳи олии Тоҷикистон аллакай рӯзи 9 октябри соли 2014 фаъолияти «Гурӯҳи 24”-ро дар кишвар манъ ва баъди чанде ин созмонро ба рӯйхати созмонҳои ифротӣ шомил кард.

Баъди манъи фаъолияти «Гурӯҳи 24” асосгузори ин созмон Умаралӣ Қувватов моҳи марти соли 2015 дар шаҳри Истонбули Туркия дар натиҷаи як сӯиқасди мусаллаҳона ба шаҳодат расид ва даҳҳо нафар аз аъзо ва тарафдорони он дар Тоҷикистону Русия ва кишварҳои дигар бо дархости мақомоти Тоҷикистон боздошт шуданд. Як бахши аъзами онҳо ба Душанбе истирдод ва аз ҷониби додгоҳҳои Тоҷикистон ба муддати тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шуданд.

Қисми дигари аъзо ва тарафдорони «Гуруҳи 24” ба кишварҳои Урупо паноҳ оварда, ҳоло аз инҷо ба фаъолиятҳои сиёсии худ идома медиҳанд.

Аммо як бахши аъзои «Гуруҳи 24” дар Туркия ва кишварҳои СНГ монданд ва ба фаъолиятҳои оппозитсионии худ сарсахтона аз ин кишварҳо идома медиҳанд. Аз ҷумла дастикам се узви «Гуруҳи 24” – роҳбараш Суҳроб Зафар, Насимҷон Шарифов ва Зайд Бобоев дар Туркия кору зиндагӣ мекунанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.