Дидгоҳ

Инқилоби фарҳангӣ дар Ӯзбакистон

Ба қалами Азиз Нақибзод

Азиз Нақибзод

Эҳсос кардам, ки мардуми Ӯзбакистон ҳам он қадар алоқаманди китоб нестанд. Мардуми шаҳрҳояш шояд каме бештар аз мо ба китоб таваҷҷӯҳ дошта бошанд. Аз рӯи мушоҳидаҳои ман, мардуми шаҳрии қазоқу қирғиз дар китобхонӣ аз мо тоҷикон ва ӯзбакҳо пештар рафтаанд. Аммо маълум мешавад, ки Шавкат Мирзиёев президенти ин кишвар мехоҳад вазъиятро тағйир диҳад.

Тамоми китобфурӯшиҳои аз Шӯравӣ боқимондаи Ӯзбакистон фаъоланд. Мисли мо ин фурӯшгоҳҳоро нафурӯхтаанд. Ба замми ин, бо фармони президент дар ҳар ноҳия китобфурӯшиҳои нав бо харҷи кам бо масолеҳи плостикӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Ҳамчунин дар ҳар ноҳия китобхонаҳое бо унвони «Маскани китобхони ҷавон» мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки дар баробари китобҳо бо интернет ҳам таъминанд. Инҷо ҳар роҳгузар метавонад, ки даромада маҷҷонӣ китоб бихонад ё аз интернет истифода бибарад. Истгоҳҳои дорои ҷевони китоб ҳам дар бархе аз кӯчаҳо ба чашм мехӯранд.

Дар Ӯзбакистон ҳам озмуни китобхонӣ миёни талабаҳо баргузор мегардад, ки шоҳҷоизааш мошин аст. Мирзиёев дар як баромадаш гуфта, ки ҳар як ӯзбакистонӣ бояд ҳадди ақал дар 1 сол 10 китоб бихонад.

Шаҳри Тошканд ба замми китобфурӯшиҳои азим доштанаш, дар беруни шаҳр бозори китоб дорад. Ҷолиб аст, ки дар фурӯшгоҳи «Книжный мир» пурра китобҳо ба забони русианд ва аксаран нашри Маскав. Аммо дар фурӯшгоҳи «Китоб олами» китобҳо пурра ба забони узбакӣ ҳастанд.

Дар тарҷума ва нашри адабиёти ҷаҳон ҳамсояҳо ба дараҷаи қиёснопазир аз мо пеш рафтаанд. Тамоми осори беҳтарин нависандагони ҷаҳон ба узбакӣ тарҷума шудааст. Ҳатто китобҳои нависандагоне, ки тоза шӯҳрат пайдо кардаанд, ба мисли Алиф Шафақ, Ҷуҷу Муиз, Элчин Сафарли тарҷума шудаанд.

Муаллимон дар ин кишвар аз талабаҳо талаб мекунанд, ки акси китобҳои хонаашонро гирифта ба мактаб биёранд.

Президенти Ӯзбакистон барои боло бурдани сатҳи донишу фарҳанг ва огоҳиҳои мардумаш дар воқеъ инқилоберо ба роҳ андохтааст, ки ҳатман натиҷаҳои мусбат ба бор хоҳад овард.

Манбаъ: Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.