Сиёсат

Ояндаи Афғонистон ва 3 сенориюи пеши рӯ

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Баъд аз савганди ҳамзамони ду нафар ба унвони раисиҷумҳури Афғонистон, агарчӣ бисёр душвор аст пешбинӣ кард, ки чӣ хоҳад шуд, вале се сенорию ба назар мӯҳтамал мерасад:

1) Сенориюи аввал: такрори ҳамон чизе, ки пеш аз ин буд. Яъне, Ашраф Ғанӣ ба унвони раисиҷумҳур ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ ё ба унвони раиси иҷроия ва ё нахуствазир аммо бо ихтиёроте бештар, таъйин бишавад. Албатта, ин сенорию танҳо дар сурате таҳаққуқпазир аст, ки Абдуллоҳ Абдуллоҳ битавонад гурӯҳҳо ва аҳзобе мисли Ҷамъияти Исломӣ, Ҷунбиши Миллӣ ба раҳбарии Абдуррашид Дӯстум, ҳизби Ваҳдат (ҳар ду шохаи он) ва низ соири аҳзобу шахсиятҳоро, ки аз ӯ ҳимоят ва инак дар канораш истодаанд, мутақоъид ва розӣ кунад.

Вале бо таваҷҷӯҳ ба ин ки баъид аст ин гурӯҳҳо, бахусус Ҷунбиши Миллӣ ба раҳбарии Абдуррашид Дӯстум ба ин сенорию розӣ бишаванд, ва ҳам аз сӯи дигар, Ашраф Ғанӣ дар мавқеъи заъф ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар мавқеъи қувват қарор дорад, эҳтимоли таҳаққуқаш бисёр андак аст.

2) Сенориюи дуввум: дуруст акси сенориюи аввал, Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба унвони раисиҷумҳур ва Ашраф Ғанӣ ба унвони раиси иҷроия ё нахуствазир таъйин бишавад. Дунолд Тром, ки дар ҳоли ҳозир танҳо ба фикри хуруҷи ҳар чи саръетар ва бидуни дарди сар аз Афғонистон аст, баъид нест дар сурати пофишории тими Абдуллоҳ Абдуллоҳ бар хостаҳояш ва кӯтоҳ наёмадан, бар Ашраф Ғанӣ фишор оварда ва ӯро розӣ ба пазириши ин сенорию бикунад. Зеро Ашраф Ғанӣ дар ҳоли ҳозир танҳо такягоҳ ва умедаш Омрикост ва дар сурати фишори Омрико бар ӯ, наметавонад рад кунад.

3) Сенорию севвум (ки ба назари роқими ин сатрҳо, мӯҳтамалтарини сенориюҳост) ин ботил эълон кардани натоиҷи интихоботи ахир аз реша ва тамдиди риёсати ҷумҳурии Ғанӣ ҳамроҳ бо риёсати иҷроияи Абдуллоҳ ва эълони замони интихоботи муҷаддад дар ояндаи наздик ва албатта пас аз ба натиҷа расидани музокироти байни афғонӣ аст.

Ба сухани дигар, бо тамдиди фаъолияти ҳукумати кунунӣ, муҳимтарин вазифаи ҳукумати муваққат, ин иҷрои ҳар чи сареътари гуфтугӯ бо Толибон хоҳад буд, ки дар сурати ба натиҷа расидани он, интихоботи риёсати ҷумҳурӣ (ва ба эҳтимоли зиёд, интихоботи порлумон) бо ширкати гурӯҳи Толибон баргузор хоҳад гардид.

Ин сенорию ба назари ман, мӯҳтамалтарини сенориюҳост ва қатъан мавриди истиқболи Омрико ва Покистон ҳам ҳаст. Албатта, ин сенорию дар сурати таҳаққуқ, қатъан ба зарару зиёни тими Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва куллан аҳзобу гурӯҳҳоест, ки дар ҳоли ҳозир дар канори ӯ истодаанд. Зеро, бо таваҷҷӯҳ ба нақши омили қавмият дар рақам задани натоиҷи ҳар навъ интихобот дар Афғонистон, пирӯзии ҳар номзаде аз қавми паштун, чӣ Ғанӣ бошад ва ё ғайри ӯ ва ё ҳатто номзаде, ки бо тавофуқ бо Толибон рӯи кор ояд, қатъист.

Аммо ин сенорию бо як монеъи бузург рӯ ба рӯст. Ва он и ки: оё Толибон, пас аз сулҳу созиш, асосан ҳозир аст Қонуни асосии кунунии Афғонистонро ба расмият бишносад ё хостори барпоии Аморати худ аст? Ин ҳанӯз равшан нест. Аслан, Толибон ҷангида, ки Амораташро барпо кунад. Бинобар ин, уфуқи музокироте, ки қарор аст байни ҳукумат ва Толибон баргузор шавад ва тоза ба натиҷа ҳам бирасад, норавшан аст.

Як сенориюи дигареро ҳам баъзе коршиносон матраҳ мекунанд, ки чун таҳаққуқаш бисёр баъид аст, аз ин рӯ аслан матраҳ ҳам накардам. Ва он, таҷзияи Афғонистон аст. Таҷзияи Афғонистонро ба назарам амалан ҳеч кас намехоҳад. Зеро Афғонистон ба лиҳози қавмият, ба ҳам танида аст. Чунин нест, ки масалан сокинони Кобул фақат аз тоҷикҳо иборат бошанд, ҳама ба ҳам омехта. Тоза, дар сурати таҷзия, ҷанҷолу кашмакаш на танҳо байни тоҷику паштун, ки байни тоҷику ӯзбак, тоҷику ҳазора, ҳазораву ӯзбак ва ғайра ҳам кашида хоҳад шуд, ва хулоса ҳатто тасаввураш ваҳшатнок аст. Таҷзия дар Афғонистон фақат дар забонҳо роҳат аст ҷорӣ шавад, аммо амалан имконпазир нест.

Ин се эҳтимол, ки матраҳ шуд, эҳтимолоте буданд, ки ба назари роқими ин сатрҳо расид, аммо ин ки дар воқеъ чӣ хоҳад шуд, инро касе ҷуз Худо намедонад, бояд мунтазир монд ва дид, чӣ мешавад.

Саломат бошед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.