Сиёсат

Омрико чандин мақарри нерӯҳои мусаллаҳи Ироқ аз ҷумла фурудгоҳи ҷадиди Карбалоро бомбборон кард – (Видео ва тасовир)

Ҳавопаймоҳои ҷангии Омрико бомдоди ҷумъа (13 март) чандин мақарри нерӯҳои мусаллаҳи Ироқ аз ҷумла фурудгоҳи дар дасти сохти Карбалоро бомбборон кард.

Пойгоҳи хабарии Сумариянюз гузориш дод, ки ҳавопаймоҳои ҷангии Омрико фурудгоҳи дар дасти сохти Карбалоро бо се фарванд мушак ҳадаф гирифтанд.

Ин пойгоҳи хабарӣ гуфт, ки ҳамлаи мазкур ба кушта шудани яке аз коркунони фурудгоҳ ва ворид омадани хасорати молии сангин ба фурудгоҳ мунҷар шуд.

Дар ҳамин хусус, ниҳоди амниятии Ироқ бомдоди ҷумъа баёнияе дар бораи ҳамлаи Омрико ба мақаррҳои Ҳашдушшаъбӣ дар чаҳор минтақаи Ироқ содир кард.

Дар ин баёния омадааст: “Дар соати 01:15 дақиқаи бомдоди рӯзи ҷумъа Омрико мақаррҳои Ҳашдушшаъбӣ ва ягони 19-уми артиши Ироқро бомбборон кард

Шабакаи Алмаёдин ҳам хабар дод, ки ҳавопаймоҳои ҷангии Омрико дар ҳамла ба минтақаи Ҷарфуссахр як бахши дармонӣ ва як пойгоҳи нигаҳдорӣ аз таҷҳизоти низомиро бомбборон карданд.

Пентогун низ бомдоди ҷумъа тайи баёнияе масъулияти ҳамла ба пойгоҳҳои Ҳизбуллоҳи Ироқро қабул ва эълом кард, ки 5 ҳадафро, ки ағлаби онҳо анбори таслиҳотӣ буда ҳадаф қарор додааст.

Пентогун дар ин баёния гуфт, дар ин ҳамалоти ҳавоӣ анбори таслиҳотиеро, ки аз онҷо мушакҳое, ки дар ҳамла ба пойгоҳи низомии Аттоҷӣ дар шимоли Бағдод истифода шуд ҳадаф қарор додааст.

Дар ин баёния омадааст, ҳамлае, ки Эътилофи байналмилалӣ анҷом дод, дифоӣ буда ва посухи мустақим ба таҳдиде аст, ки гурӯҳҳои мусаллаҳи мавриди ҳимояти Эрон алайҳи нерӯҳои Эътилофи байналмилалӣ ба вуҷуд овардаанд.

Видео ва тасовир аз ин ҳамла:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.