Бишнав аз най...

Чанд панд аз Мавлоно

Пас бади мутлақ набошад дар ҷаҳон

Мавлоно фармояд:

Гуфт: фоъили некӣ ва бадӣ як чиз аст ё ду чиз? Ҷавоб: аз ин рӯ, ки лоянфакк аст (яъне ҷудонашаванда аст) бадӣ аз некӣ — зеро ки некӣ тарки бадӣ аст ва “тарки бадӣ” бе бадӣ маҳол аст, баён он ки: некӣ тарки бадист, ки агар доияи (ангезаи) бадӣ набуд, тарки некӣ набуд — пас ду чиз набувад.

Чунонки маҷус гуфтанд, ки: Яздон холиқи некӯиҳост ва Аҳриман холиқи бадиҳост ва макруҳот. Ҷавоб гуфтем, ки: маҳбубот (писандидаҳо) аз макруҳот (нописандҳо) ҷудо нест; зеро маҳбуб бе макруҳ маҳол аст; зеро ки маҳбуб заволи макруҳ аст, ва заволи макруҳ бе макруҳ маҳол аст. Шодӣ заволи ғам аст, ва заволи ғам бе ғам маҳол аст. Пас, яке бошад лоятаҷаззо (ҷудонашаванда).”

(Фиҳӣ мо фиҳӣ, с.201)

Ин мазмун дар Маснавӣ ин гуна омадааст:

Пас бади мутлақ набошад дар ҷаҳон,

Бад ба нисбат бошад, инро ҳам бидон.

Дар замона ҳеч заҳру қанд нест,

Ки якеро по, дигарро банд нест.

Мар якеро по, дигарро пойбанд,

Мар якеро заҳру бар дигар чу қанд.

Заҳри мор он морро бошад ҳаёт,

Нисбаташ бо одамӣ бошад мамот.

Халқи обиро бувад дарё чу боғ,

Халқи хокиро бувад он маргу доғ.

Ҳамчунин бармешумар, эй марди кор!

Нисбати ин аз яке то сад ҳазор.

Зайд андар ҳаққи он шайтон бувад,

Дар ҳақи шахсе дигар султон бувад.

Он бигӯяд: Зайд сиддиқи санист,

В-ин бигӯяд: Зайд габри куштанист.

Зайд як зот аст, бар он як ҷунон,

Ӯ бар ин дигар ҳама ранҷу зиён.

Гар ту хоҳӣ, к-ӯ туро бошад шакар,

Пас, варо аз чашми ушшоқаш нигар.

Мангар аз чашми худат он хубро,

Бин ба чашми толибон матлубро.

Чашми худ барбанд з-он хушчашм ту,

Орият кун чашм аз ушшоқи ӯ.

Бал к-аз ӯ кун орият чашму назар,

Пас зи чашми ӯ ба рӯйи ӯ нигар.

То шавӣ эмин зи сериву малол,

Гуфт: “Коналлоҳу лаҳ” з-ин Зулҷалол.

Чашми ӯ ман бошаму дасту дилаш,

То раҳад аз мудбириҳо муқбилаш.

Ҳар чӣ макрӯҳ аст, чун шуд ӯ далел,

Сӯйи маҳбубат ҳабиб асту халил.

* * *

Дини мо касеро кай раҳо кунад, то ӯро ба мақсуд нарасонад?

Мавлоно гӯяд:

Ту мегӯӣ, ки: эй Муҳаммад! Дини моро бистон, ки ман намеосоям. Дини мо касеро кай раҳо кунад, то ӯро ба мақсуд нарасонад?

Гӯянд, ки муаллиме аз бенавоӣ дар фасли зимистон дурроъаи катон (ҷомаи катон) якто пӯшида буд. Магар хирсеро сел аз кӯҳистон даррабуда буд, мегузаронид ва сараш дар об пинҳон. Кӯдакон пушташро диданд ва гуфтанд: устод! Инак, пӯстине дар ҷӯйи об афтодааст ва туро сармост, онро бигир.

Устод аз ғояти эҳтиёҷ ва сармо, дарҷаст, ки пӯстинро бигирад. Хирс тез чангол дар вай зад. Устод дар об гирифтори хирс шуд.

Кӯдакон бонг медоштанд, ки: эй устод! Ё пӯстинро биёвар, ва агар наметавонӣ, раҳо кун, ту биё. Гуфт: Ман пӯстин раҳо мекунам, пӯстин маро раҳо намекунад, чӣ чора кунам?!”

(Фиҳӣ мо фиҳӣ, с.187)

* * *

 

Мавлоно фармояд:

Яке дар замони Мустафо – Саллаллоҳу алайҳи ва саллам! – гуфт, ки ман ин дини туро намехоҳам, валлоҳ, ки намехоҳам, ин динро бозбистон! Чандонки дар дини ту омадам, рӯзе наёсудам; мол рафт, зан рафт, фарзанд намонд, ҳурмат намонд ва шаҳват намонд.

Гуфт: Ҳошо! Дини мо ҳар куҷо, ки рафт, бознаёяд, то ӯро аз беху бун наканад ва хонаашро нарӯбад ва пок накунад, ки:

لَّا يَمَسُّهُ إِلَّا الْمُطَهَّرُونَ

(“Ҷуз дасти покон (ва фаҳми хоссон) бад-он нарасад”. (Сураи Воқеа, ояти 79))”

(Фиҳӣ мо фиҳӣ, с.185)

* * *

Мавлоно фармояд:

Баъзе аз бандагон ҳастанд, ки аз Қуръон ба Ҳақ мераванд, ва баъзе ҳастанд хосстар, ки аз Ҳақ меоянд, Қуръонро ин ҷо меёбанд, ки онро Ҳақ фиристодааст…”

(Мавлоно, Фиҳӣ мо фиҳӣ с.185)

* * *

Мавлоно гӯяд:

Охир, ту низ ин соат Ҳақро мебинӣ дар осор ва афъол ва ҳар лаҳза гуногун мебинӣ, ки як феълаш ба феъле дигар намемонад; дар вақти шодӣ таҷаллии дигар, дар вақти гиря таҷаллии дигар, дар вақти хавф таҷаллии дигар, дар вақти раҷо таҷаллии дигар…”

(Фиҳӣ мо фиҳӣ, с.183)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.