Без рубрики

Bollywood ва мусалмонҳаросӣ дар Ҳинд

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Охирин ҳузурам дар Тоҷикистон соли 2010 буд, ҳудуди ду ҳафта дар кишвар ҳузур доштам. Чанд рӯз дар зодгоҳам Истаравшан ва чанд рӯз ҳам дар Душанбе. Фазои кишвар дар он замон, комилан “туркӣ” буд. Ҳар ҷо, ки мерафтам, сухан аз сериёлҳои туркӣ ва “қаҳрамононаш” мерафт, ҳатто дар манзили падариам фикру зикри бародарзодаҳо ва хоҳарзодаҳоям он сериёлҳо буд. Пироҳане, ки яке аз бародарзодаҳоям бар тан дошт, рӯяш тасвири марде буд дар канори як “гург” ва дар дастони он мард силоҳ. Пурсидам ин масхара чист ва ин мард кист, посух дод, Пӯлод аст ё Темур, ки як “суперман” будааст. Маълум буд, сахт таҳти таъсири филмҳои туркӣ ва қаҳрамонҳояш қарор гирифта.

Ҳадафам аз ёдоварии он рӯзгор ва ин саҳна, баёни ин нукта аст, ки дар давроне, ки мову шумо зиндагӣ мекунем, чизе, ки фарҳанг месозад ва фазо дуруст мекунад ва ҷиҳат медиҳад, на китоб аст, на фалсафа аст, на суханронӣ аст, на “фаҳмондадиҳӣ” аст ва на ҳеч чизе шабеҳи инҳо, балки филм аст. Ин ҳунари синамост, ки дар даврони мо афкори умумӣ дар ҷомеаро дуруст мекунад.

Ҳудуди 5 ё 6 сол пеш, дар мақолае навишта будам, ки агар Фирдавсӣ дар рӯзгори мо мезист, абзоре, ки барои интиқоли афкору андешаҳои баланду инсонсозаш ба ҷомеа ихтиёр мекард, на адабиёт, ки синамо буд. Яъне ӯ ё як филмноманавис мешуд ва ё коргардони синамо ва он гоҳ аз тариқи сохтани филме мондагор, андешаҳои волояшро ба ҷомеа мунтақил мекард. Албатта, намехоҳам аз ҷойгоҳ ва шаъни адабиёт бикоҳам, ҳаргиз, балки манзурам ин аст, ки абзори интиқоли андеша дар ҳар замон, мутафовит аст. Дар замони Фирдавсӣ ва ё Саъдӣ беҳтарин абзори интиқоли як паём ба ҷомеа, ин адабиёт ва шеър буд. Имрӯз ҳам ин абзор албатта муассир ҳаст, дар ин шакке нест, вале коре, ки як филм дар ин рӯзгор бо ҷомеа мекунад, адабиёт дигар қодир ба он нест, магар дар доирае хосс.

* * *

Синамои Bollywood, ки шӯҳрати ҷаҳонӣ дорад ва чизе кам аз Hollywood надорад – Hollywood-е, ки фазои ҳоким дар дунёи имрӯз ба лиҳози фарҳангӣ, бештар сохта ва пардохтаи ӯст – дар ҳеч замоне, ба ин андоза, ки дар чанд соли ахир дар ҷиҳати ниҳодинасозии андеша ва идеулужии ҳизби ҳоким яъне ҳизби ҳинду-миллигарои “Бҳоротиё Ҷоното” ба раҳбарии Норендро Мудӣ, ки чанд сол аст зимоми идораи умури ҷомеаи Ҳиндро дар ихтиёр дорад, хидмат карда (ва мекунад), хидмат накардааст. Пештар ҳам мекард, аммо на ба ин андоза.

Нотуром Гудсе

Мусалмонҳаросӣ яке аз усули ҳизби “Бҳоротиё Ҷоното” ба шумор меояд. Аз аҳдофи ин ҳизби ифротӣ, яке ин аст, ки Ҳиндро куллан аз вуҷуди мусалмонон поксозӣ намояд. Азизон бо номи Нотуром Гудсе (Nathuram Vinayak Godse) ошно ҳастанд. Ин фард яке аз аъзо ва афроди таъсиргузор дар ҳизби ҳинду-миллигарои Ҳинд буд. Қотили Моҳотмо Гондӣ ҳамин шахс аст. Гудсе дар маҳкама (дар 27 майи соли 1948) дар дифоъ аз худ аз ҷумла гуфтааст:

Бо худ меандешидам ва медидам, ки агар ҷаноби Гондиро бикушам, саросар табоҳ хоҳам шуд, танҳо интизоре, ки метавонам аз ҳамватанони худам дошта бошам, нафрат ва безорӣ аст, ва на фақат зиндагӣ, ки иззату обрӯям аз даст хоҳад рафт. Дар айни ҳол, эҳсос мекардам, ки бидуни ҷаноби Гондӣ, сиёсати Ҳиндустон мутмаиннан ба масири беҳтаре хоҳад рафт ва бо такя бар нерӯҳои мусаллаҳаш пуртавон хоҳад шуд. Ояндаи ман табоҳ мешавад, аммо миллати мо аз таҷовузҳои Покистон дар амон хоҳад монд.” (ВВС)

* * *

Пештар (то ҳудуди 10 сол пеш) синамои Bollywood ба нудрат филмҳое сохтааст, ки дар онҳо, ба таърихи вуруди мусалмонон ба Ҳинд ва дар бораи фармонравоёни мусалмони Ҳиндустон ва ин ки рафтори онҳо бо соири пайравони кешу ойинҳои ҳинду чӣ гуна будааст, пардохта шуда бошад. Ва агар филме ҳам месохт, ба гунае месохт, ки то эҳсосоти мусалмонон барангехта нашавад. Ва балки филмҳое сохта бар зидди падидаи исломҳаросӣ мисли филми «Исми ман Хон аст!«, ки бисёр филми сутуданӣ аст.

Аммо дар 10 соли ахир филмҳое, ки сохтааст, бахусус филмҳои таърихиаш, дар онҳо, мусалмонон ба унвони таҷовузгарҳо ва фармонравоёни мусалмон ҳамчун ҳуккоми золиму ситампеша ба тасвир кашида мешаванд ба гунае, ки нафрати ҳар бинандаеро нисбат ба мусалмонҳо ва фармонравоёни мусалмони Ҳиндустон бармеангезанд. Ҳол, ба яке ду намунаи онҳо ишора мекунам:

1) Яке аз онҳо, филми “Подмовотӣ” (Padmavati) аст. Филме, ки илова бар мусалмонон, ҳатто хашми худи ҳиндуҳои ифротиро ҳам барангехт, албатта аз як зовияи дигар. Яъне, агар эҳсосоти мусалмононро аз ин ҷиҳат ҷариҳадор кард, ки чун онҳоро мутаҷовизу фармонравоёнашонро ситампеша нишон додааст, аммо ҳиндуҳои ифротӣ ба ин далел ба хашм омаданд, ки дар ин филм гӯё ба малика Подмовотӣ – ки дар назди онҳо муқаддас аст – иҳонат шуда бошад.

Ин филм дар бораи султон Алоуддини Халаҷӣ ва малика Подмовотӣ аст. Султон Алоуддин Халаҷӣ, ки дар мутуни таърихии Ҳинд ба “Искандари Сонӣ” машҳур аст, ба лиҳози таърихӣ як шахсияти ҷанҷолӣ аст. Дар баъзе аз мутуни таърихӣ, ӯ ба унвони мусалмоне шуҷоъ ва одил зикр шудааст, аммо пайравони адёни ҳинду ӯро шахсияте хунхору чаповулгар ёд мекунанд. (Силсилаи халаҷиён як силсилаи подшоҳии турктабори порсизабон бо решаҳои афғонӣ мебошад, ки солҳои 1290 то 1320 мелодӣ дар бахши густурдае аз шибҳиқорраи Ҳинд ҳукмронӣ мекарданд.)

Дар филми “Подмовотӣ” султон Алоуддини Халаҷӣ ба унвони як шахсияти хунхор, чаповулгар, айёш ва ҳатто ҳамҷинсгаро ба тасвир кашида шуда ва нишон дода мешавад, ки султон Алоуддин чӣ гуна барои ба даст овардани малика Подмовотӣ, ки дорои зебоии хиракунанда аст, ва тоза шавҳар ҳам дорад, ба Роҷпутҳо ҳамла мекунад ва пас аз он ки шавҳари маликаро яъне шоҳро мекушад, малика ҳамроҳ бо 8000 канизаш худро дар оташ меандозад. Чеҳраи султон Алоуддин дар ин филм ба сурати ифротӣ ва доъишигуна ва малика Подмовотӣ нишони покдоманӣ ба тасвир кашида шудааст.

Гуфтанист, нашру пахши ин филм дар Молезӣ (Малайзия) манъ шуд. Яке аз мақомоти Молезӣ бо нашри баёнияе гуфтааст, ки “ин филм аз ислом ва як подшоҳи мусалмон тасвири бад ва хашин муҷассам сохтааст. Дар ин филм, Алоуддин Халаҷӣ, султони мусалмони Ҳинд, ки аслан афғонтабор аст, дар нақши манфӣ зоҳир шуда, ки дар қатли омм ва тороҷи манотиқи ҳиндуҳо аз ҳеч ситаме рӯ намегардонид.” (Darivoa)

2) Яке дигар, филме аст ба номи “Ҳайдар”, ки дар соли 2014 пахш шуд. Ин филм дар бораи ҷавоне кашмирӣ аст, ки пас аз нопадид шудани падараш, ба Кашмир бозмегардад ва ба суроғи амуяш меравад; касе, ки дар нопадид шудани падараш даст дошта.

Дар ин филм, ба сурати ғайримустақим, озодихоҳони кашмирӣ ба унвони теруристҳое, ки ба ҳар гуна хушунат даст меёзанд ба тасвир кашида шуда ва дар дили бинанда нисбат ба мусалмонон нафрат эҷод мекунад.

Албатта, дар ин чанд соли ахир, даҳҳо филм ба ҳамин мазмун сохта шуда, яъне мусалмонони кашмирӣ як мушт теруристу ватанфурӯш ва аммо артиши Ҳинд, ки онҳоро саркӯб мекунад, артише озодибахш ба тасвир кашида мешавад.

* * *

Хулоса, Bollywood дар чанд соли ахир бо сармоягузорӣ, ҳимоят ва ҳидояти ҳизби ҳокими “Бҳоротиё Ҷоното” рӯи пружаи ихтилофафканӣ байни мусалмонон ва ҳиндуҳо кор кард ва натиҷаи якчунин фаъолияти ҷиҳатдор дар яке ду соли ахир намоён шуд. Ҳамалоти хушунатбор ва ғайриинсонии ҳиндуҳои ифротӣ дар сояи ҳимояти давлат ва пулис алайҳи мусалмонон, сӯзондани онҳо ба сурати зинда дар оташ, ҳуҷум ба масоҷиди мусалмонон ва тахриби онҳо дар 24 то 27 феврали соли ҷорӣ, бешак яке аз натоиҷи ҳамин филмҳои Bollywood аст, ки тайи ин чанд сол сохта шуданд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.